Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бархурди эътирозгарони сербӣ бо полиси СММ дар Косово боиси марги як афсари СММ ва захмишавии 150 нафар гардид.

Як афсари украинӣ, ки дар сафи нерӯҳои ҳомии сулҳи СММ дар Косово ифои вазифа мекард, бар асари ҷароҳатҳои рӯзи душанбе бардоштааш дар бемористон ба ҳалокат расид. Дар байни 150 нафар захмишудагони бархӯрди полиси СММ ва нерӯҳои ҳомии сулҳи НАТО бо сербҳои мухолифи истиқлоли Косово 63 нафар афсару сарбози полиси СММ буда, маҷрӯҳони боқимонда эътирозагони серб гуфта мешаванд.

Ҳамзамон полиси Косово мегӯяд, нерӯҳои паймони НАТО саъй доранд дар шаҳри Митровитсаи Косово назму суботро барқарор намоянд. Нооромиҳои Косовска Митровитса вақте шурӯъ шуд, ки полиси СММ эътирозгарони сербро аз бинои додгоҳи ин шаҳр берун баровард. Эътирозгарон рӯзи ҷумъа бинои додгоҳро ишғол намуда буданд.

Сабабҳо ва пайомадҳои ошӯбҳо дар Митровитсаи Косово

Полиси СММ ҳини беруноварии эътирозгарон аз бинои додгоҳи СММ тақрибан 50 сербро боздошт намуд. Дар паи ин амал сокинони сербтабори Митровитса, воқеъ дар шимоли Косово, болои корвони СММ ҳамла карданд ва чанд тан аз боздоштшудагонро раҳо намуданд. Рӯзи сешанбе полиси СММ аз қисмати шимолии Митровитса берун шуда буд, вале нерӯҳои ҳомии сулҳи Косово дар ҷойҳои нооором посгоҳҳои танзим намуда, саъй доранд, вазъро ором кунанд.

Дабири кулли СММ хушунати Митровитсаро маҳакум намуда, ҷамоаҳои ин шаҳрро ба оромӣ даъват кардааст. ИМА ҳамзамон бо маҳкум намудани нооромиҳои Митровитса аз Белград даъват кард, ки бар зидди хушунат садо баланд кунад.

Дар ҳамин ҳол Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, аз кишварҳои Ховари Миёна дархост намуд, ки истиқлоли Косоворо эътироф накунанд, зеро ин амал манотиқи дигари ҷудоиталабро ба хилофкорӣ ташвиқ менамояд.

Билохири сарвазири Косово Ҳошим Тачӣ Белградро ба барангехтани хушунат дар Косово муттаҳам намуда, изҳори таассуф кард, ки ҳукумати серб аз гузашта сабақ нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG