Пайвандҳои дастрасӣ

Косово ҷаҳонро дар ду сангар қарор дод


Мардуми Косово эълони истиқлолияти кишвари худро бо тантана ҷашн гирифтанд, 17 феврал

Мардуми Косово эълони истиқлолияти кишвари худро бо тантана ҷашн гирифтанд, 17 феврал

Косово рӯзи душанбе аз ҳамаи 192 кишвари узви СММ расман хост, истиқлолияти ин вилояти дар гузашта тобеъи Сербияро бишиносанд.

Амрико ва ҳамин тавр, 4 кишвари бузургтарини узви Иттиҳодияи Аврупо – Олмон, Бритониё, Фаронса ва Итолиё – аз иқдоми ахири раҳбарони Косово пуштибонӣ мекунанд ва интизор меравад, ки ба зудӣ Приштинаро ба расмият бишиносанд.

Ҷорҷ Буш, раисҷумҳури Амрико, ки бо сафаре дар кишвари африқоии Танзания ба сар мебарад, рӯзи душанбе гуфт, мардуми Косово акнун озоданд ва ин ба сари худ чизи муҳим аст. Оқои Буш вале дар мавриди шинохти расмии Приштина чизе нагуфт ва танҳо ин нуктаро афзуд, ки онҳо таҳаввули вазъро дар қиболи Косово назора хоҳанд кард.

Қарор аст вазорати хориҷаи Амрико рӯзи душанбе мавзеъаш дар мавриди эълони истиқлолияти Косоворо расман эълон кунад. Вале маълум нест, ки ин эъломия эътирофи расмии истиқлолияти Косоворо низ фаро хоҳад гирифт ё хайр?

Алехандро Волф, муовини сафири Амрико, рӯзи якшанбе дар СММ гуфт, Вошингтон аз пойбандии раҳбарони Косово ба иҷрои тарҳи Марти Аҳтисаари қаноатманд аст. Вай афзуд, мо назорати вазъро идома дода, бо Косово ва Сербия дар мавриди идомаи ҳаракати онҳо ба сӯи Аврупо аз наздик ҳамкорӣ мекунем.

Бо ин ҳол, рӯзи душанбе яке аз нахустинҳо шуда Афғонистон эълон кард, ки Приштинаро ба расмият мешиносад.

Аммо ба сурати умум, эълони истиқлолияти Косово ҷаҳон ва ҳамин тавр, қораи Аврупоро ба ду сангари тарафдорон ва мухолифини ин иқдом таҷзия кардааст. Сербия эълон карда, ки ба ҳеҷ ваҷҳ истиқлолияти Косоворо эътироф нахоҳад кард. Русия ва Чин низ шадидан мухолифи ин иқдоманд.

Бо ин ҳол, Дмитрий Рупел, вазири хориҷаи Словения, ки раёсати давраии Иттиҳодияи Аврупоро бар ӯҳда дорад, изҳори умедворӣ кардааст, ки бахши аъзами аъзои ин созмон Косовро ба расмият хоҳанд шинохт. Аммо дасти кам 6 кишвари узви ИА, ба раҳбарии Испания ва Қибрис гуфтаанд, ки дар марҳалаи кунунӣ ин корро нахоҳанд кард.

Мақомоти ин созмон мегӯянд, рӯзи 17 феврал Испания ва Қибрис тарҳи эъломияи Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди истиқлолияти Косоворо рад кардаанд. Дар иваз рӯзи душанбе Испания тарҳи сабуктареро пешниҳод кардааст, ки таъйини мизони равобит бо Косоворо ба дӯши худи кишварҳои узви ин созмон мегузорад. ИА, бар асоси ин тарҳ, пойбандиаш ба асли тамомияти арзии кишварҳоро такрор карда, мегӯяд, мисоли Косово набояд барои дигарон ҳамчун намуна хидмат кунад.

Ҳамоиши мухолифони истиқлолияти Косово дар Белград, пойтахти Сербия, 18 феврал

Тарси кишварҳои мухолифи эътирофи истиқлолияти Косово низ асосан аз ҳамин намуна шудани Косовост. Испания, барои мисол, нигарони ҷудоиталабони баск аст, ки мехоҳанд дар шимоли ин кишвар ва бархе аз сарзаминҳои ҷануби Фаронса давлати мустақили баскҳоро таъсис диҳанд. Қибрис ҳамин тавр, ба сӯи шимоли умдатан туркнишинаш нигоҳ мекунад, ки беш аз се даҳсола боз худро аз боқии Қибрис мустақил эълон кардааст.

Чунин ба назар мерасад, ки мақомоти расмии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мавриди вокуниш ба истиқлолияти Косово то ҳол асосан хомӯширо ихтиёр кардаанд. Рӯзи душанбе танҳо вазорати хориҷаи Қазоқистон эълон кард, ки аз ин иқдом истиқбол намекунад. Сухангӯи ин вазорат Эржан Ашикбоев гуфт, Остона нақзи тамомияти арзии кишварҳо ва эълони истиқлолият ба сурати якҷонибаро истиқбол намекунад, чунки ба эътиқоди вай, ин метавонад барои соъир қаламравҳои шинохтаношуда ҳамчун як намуна хидмат кунад.

Ва Асомуддин Саидов, раиси кумитаи равобити байналмилаии Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон дар сӯҳбат бо хабаргузории Регнум бо истидлол ба эҳтимоли намуна шудани Косово барои, ба ҳисоби вай, тақрибан 200 минтақаи дигари истиқлолхоҳи ҷаҳон гуфтааст, ба назари вай, Душанбе истиқлолияти Косовро нахоҳад шинохт.

Оқои Саидов гуфтааст, ин истиқлолият бо нақзи меъёрҳои байналмилалӣ, аз ҷумла бидуни ризоияти Шӯрои Амнияти СММ эълон шуд. Аз сӯи дигар, меафзояд узви парлумони Тоҷикистон, кишвараш ба ҳайси узви созмонҳои минтақавие чун Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ муваззаф аст, иқдомоти худро дар чунин масоил бо дигар аъзои ин созмонҳо ҳамоҳанг кунад.

XS
SM
MD
LG