Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Занбуруғҳои кӯҳӣ дар гармхонаҳои Восеъ


Хонум Майсара зиндагии хонаводаашро бо қорчпарварӣ таъмин мекунад

Хонум Майсара зиндагии хонаводаашро бо қорчпарварӣ таъмин мекунад

Маъмулан сокинони деҳот замбуруғ ё қорчро аз кӯҳҳо мечинанд, вале як гурӯҳи занони ноҳияи Восеъ онро дар гармхонаҳо парвариш мекунанд.

Бояд гуфт ҳарчанд замбуруғ дар Тоҷикистон серхаридор аст, аммо парвариши он дар шароити гармхона чандон маъмул нест ва бонувони хатлонӣ пас аз ширкат дар барномаҳои омӯзишии созмони бритониёи Оксфам ба ин кор шурӯъ кардаанд.

Хонум Майсара, яке аз муассисони гармхонаи замбуруғпарварӣ, мегӯяд, аз ин пеш онҳо бекор ва зиндагии душвор доштанд ва ҳамакнун бо шурӯъи фаъолияти мазкур метавонанд вазъи молии хешро беҳбуд бахшанд. Зеро замбуруғ дар марказҳои кишвар серхаридор ва қиммати нисбатан гарон дорад ва метавонад хараҷоти худро ду маротиба бештар бароварда созад.

Замбуруғ дар гармхона на дар замин балки дар рафҳои оҳанин аз дохили халтаҳои плостикӣ дар зимистон дар 40 рӯз ва дар тобистон дар 2 рӯз, мерӯяд, зеро тухми онро ба таври махсус маҳз дар дохили ҳамин халтаҳо мекоридаанд.

Хонум Майсара мегӯяд онҳо имкон доранд дар ҳама мавсим аҳолиро бо замбурӯғ таъмин созанд. Дар ҳоле ки дар бозорҳои пойтахт дар рӯзҳои аввали баҳор як кило замбуруғ беш аз 15 сомонӣ арзиш дорад, онҳо замбуруғро бар ивази 7 сомонӣ ба фуруш гузоштаанд.

Баҳром Раҳматҷонов, масъули созмони Оксфам дар Кулоб, мегӯяд, барномаҳои онҳо бо ҳадафи беҳбуд бахшидани рӯзгори занон, ки ба ғайр аз фаъолияти кишоварзӣ шуғли дигаре надоранд, роҳандозӣ мешавад. Ин созмон баъд аз ташкили дарсҳои омӯзишӣ бо ҷалби мутахасисон ду гурӯҳи замбуруғпарвариро таъсис дода, занонро барои шурӯъи кор бо маҳсулоти зарури таъмин кардаанд.

Замбуруғ ё қорч маҳсулоти нозук буда, бархе аз онҳо заҳрнок низ мешаванд ва Баҳром Раҳмонов меафзояд, бо ҳадафи пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш, дар рӯзҳои аввали фаъолият ва то андухтани таҷрибаи кофии бонувон тухмиро бевосита худ аз мутахасисон харидорӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG