Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон содироти гандумро манъ кард


Тибқи иттилои дафтари матбуоти нахуствазири Қазоқистон, ин кишвар содироти гандумро то 1 сентябри соли равон манъ кард.

Чунин тасмим дар ҷаласаи навбатии ҳукумати кишвар сешанбеи 15 апрел гирифта шуд. Вале содироти орд ҳамоно идома мекунад. Дар иттилои дафтари матбуоти нахуствазири Қазоқистон омадааст, ки чунин тасмим ҷиҳати таъмини амнияти ғизоии кишвар ва ҷилавгирӣ аз оқибатҳои ногувор ба бозори дохилӣ дар шароити феълии афзоиши бемайлони нархи гандум дар бозори ҷаҳонӣ ва камбуди ғалла дар ҷаҳон гирифта шуд.

Ҳамчунин зикр шудааст, ки суръати содироти ғаллаи Қазоқистон алъон ба дараҷаи баландтарин расида ва ин кишвар моҳе аз 1,1 то 1,4 миллион тонна гандум содир мекунад.Алъон миқдори гандуми содиршуда ба 8 миллион тонна расида. Ин дар ҳолест, ки тибқи нақша Қазоқистон имсол ҳамагӣ бояд тақрибан 9 миллион тонна гандум содир мекард.

Дафтари матбуоти нахуствазир хабар медиҳад, ки то 10 апрел дар кишвар беш аз 8 миллион тонна гандум боқӣ мондааст, ки аз он 4,7 миллион тоннааш гандуми иртизоқист.Чун алъон суръати содироти гандум болост, аз ин хотир ин миқдор гандум имкон дорад таи як моҳ аз кишвар берун шавад. Дар иттилоияи дафтари матбуоти ҳукумати кишвар омадааст, ки бо назардошти вазъи ба миёномада Қазоқистон даст ба чунин тадбири фаврӣ задааст.

Вале иктисодшинос Қанот Берентаев ин икдоми ҳукумати кишварашро муассир намедонад ва ба андешаи вай гумон аст, ки ин амал ба амнияти ғизоии Қазоқистон таъсири хуб расонад. Оқои Берентаев изҳор кард, ки набояд ҳукумат содироти гандумро манъ мекард, зеро ин тасмим зидду нақиз аст ва он на танҳо ба Қазоқистон, балки ба амнияти ғизоии кишварҳои дигар, ки ҳар сол ғаллаи ин кишварро харидорӣ мекарданд, таъсири манфӣ мерасонад.

Ба андешаи иктисодшинос Қанот Берентаев, бояд ҷиҳати дар як ҳолат нигоҳ доштани нархи ғалла дар Қазоқистон ва хориҷ аз он аз ибтидо содироти гандум дар инҳисори давлат қарор мегирифт. Дар ин маврид Қазоқистон бо назардошти бозори дохилӣ нархи ғалларо дар кишвар муайян менамуд ва гандуми аз эҳтиёҷ изофаро давлат бо нархи ҷаҳонӣ мефурӯхт. Чунин тарзи коргирӣ, ба гуфтаи иктисодшинос, ба талабҳои Созмони ҷаҳонии тиҷорат низ мухолифат намекунад.

Иктисодшиноси қазоқ бар ин аст, ки албатта ин тасмими ҳукумати Қазоқистон дар мавриди манъи содироти гандум ба амнияти ғизоии кишварҳои ҳамсоя мисли Тоҷикистону Қирғизистон ва ба андозае ба Узбакистон таъсири номатлуб мерасонад. Вай гуфт, таври маълум, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба андозае такия ба ғаллаи Қазоқистон кардаанд ва рӯшан аст, ки ин кишварҳо гирифтори бӯҳрони иқтисодӣ мешаванд. Ба таъкиди окои Берентаев, бо назардошти ин вазъ Қазоқистон бояд чунин механизми содиротро ба миён меовард, ки тибқи он ба андозае ин кишварҳо бо ғалла таъмин мешуданд.

Лозим ба тазаккур аст, ки тибқи иттилои Маркази иттилоотиву таҳлилии Русия бо номи «Сов экон», Тоҷикистон дар ҷаҳон дар қатори 5 кишвари асосии воридкунандаи ғалла шомил гардидааст ва ин кишвар орду ғалларо асосан аз Қазоқистон харидорӣ менамояд.

XS
SM
MD
LG