Пайвандҳои дастрасӣ

Дар театри драмавии ба номи Маяковскии шаҳри Душанбе ҳафтаи филмҳои зистмуҳитӣ ифтитоҳ шуд.

Ҳафтаи филмҳои экологӣ бо ибтикори маркази фарҳангии «Бохтар» ва дар ҳамкорӣ бо Созмони Амният ва Ҳамкории Европа баргузор шудааст. Дар ҳошияи намоиши филмҳои муҳитзистӣ намоишномаи ҳунарҳои муосир мавсум ба «НатурАрт» баргузор шуд. Дар ин намоишномаи корҳои наққошони Тоҷикистон, Эрон, Қазоқистон, Амрико ва Қирғизистон ба намоиш гузошта шудааст.

Анна Басанова, маъмури маркази фарҳангии «Бохтар» ҳадаф аз баргузории ҳафтаи филмҳои муҳитзистиро ҷалби таваҷҷӯҳи мардум ба масоили экологӣ номид. Ба гуфтаи хонум Басанова, ин барои авалин бор аст, ки дар Тоҷикистон чунин ҳафтаи филмҳои муҳитзистӣ баргузор мешавад.

Дар ҳафтаи филмҳои экологӣ филми Алберт Гор мавсум ба «Ҳақиқати талх», ки барандаи ҷоизаи «Оскар» мебошад, ба намоиш гузошта мешавад. Ҳамчунин дар ин ҳафта филмҳои экологии филмсозони Узбакистон, Фаронса, Ҷопон ва Амрико пешкаши бинандагон хощанд шуд.

Ҳафтаи филмҳои муҳитзистӣ дар шаҳри Душанбе то 26-уми апрел идома хоҳад ёфт ва дар он 10 филми экологӣ намоиш дода мешавад. Тамошои филмҳо ва асарҳоӣ ҳунарҳои муосир дар театри драмавии ба номи Маяковски барои ҳамагон ройгон аст.
XS
SM
MD
LG