Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоӣ барои гиромидошти ёди Борис Немтсов. ВИДЕО


Мардум дар Маскав барои ширкат дар раҳпаймоӣ ҷамъ меоянд.
Мардум дар Маскав барои ширкат дар раҳпаймоӣ ҷамъ меоянд.

Ҳазорон нафар рӯзи 26-уми феврал барои гиромидошти хотираи Борис Немтсов, муовини собиқи нахуствазири Русия дар шаҳри Маскав, раҳпаймоӣ карданд. Раҳпаймоӣ дар маркази Маскав ва бо иҷозаи мақомот сурат гирифт.

Дар гузашта дар Маскав ду дафъа айни раҳпаймоиҳо ба хотири гиромидошти ёди Борис Немтсов бе ягон ҳодиса ва ё моҷаро сурат гирифтааст. Борис Немтсов, муовини собиқи нахуствазир ва яке аз мунтақидони бепардагӯи Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро моҳи феврал дар яке аз маҳаллаҳои марказии Маскав бо зарби тири туфанг куштанд.

Панҷ нафар аз Ҷумҳурии Чеченистони Русия бо иттиҳоми қатл дастгир шудаанд. Вале ҳамаашон иттиҳомотро рад кардаанд. Тарафдорони Немтсов мегӯянд, бовар надоранд, ки омилони аслии қатл ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Айни раҳпаймоиҳо дар шаҳрҳои дигари Русия аз ҷумла Санкт-Петербург ва Нижний Новгород баргузор шуд.

Гиромидошти ёди Борис Немтсов дар Маскав
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:31 0:00

XS
SM
MD
LG