Пайвандҳои дастрасӣ

Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, дар ҷаласаи бахшида ба 10-солагии Остона шанбеи 5 июл кишварҳои узви ИДМ-ро дӯстони кишвараш хонд.

Вай афзуд, ки Қазоқистон ба ҳамкорӣ ва ҳамгароӣ байни кишварҳои Иттиҳод аҳамияти зиёдеро қоил аст. Раисиҷумҳури Қазоқистон таъкид кард, ки вай қаблан дар чунин мавқеъ буд ва минбаъд низ ин мавқеаш тағйир намеёбад. Нурсултон Назарбоев ба сарварони кишварҳои минтақа, ки дар ин ҷаласа ширкат доранд, муроҷиат карда гуфт, ки онҳо ҳамеша ва дар ҳар шароит дар паҳлӯи ҳамдигаранд. Сарвари Қазоқистон гуфт, «мо метавонем бо ифтихор бигӯем, ки муносиботи неки ҳамсоягӣ ва бародарона, ки обоёнамон барои мо мерос гузоштаанд, бомуваффақият рушд мекунад. Мо ҳамеша дар рӯзҳои мушкил бо ҳам ҳастем ва дар лаҳзаҳои душвор ба ҳам ёрӣ мерасонем ва ҳамроҳ аз комёбиҳоямон шод мешавем».

Нурсултон Назарбоев дар бораи аҳамияти ба Остона кӯчонидани пойтахт гуфт, ки таи даҳ сол ба пойтахт 7 миллиард доллар маблағгузорӣ шудааст ва Остона алъон ба шаҳри зебову замонавӣ табдил ёфтааст. Ба гуфтаи сарвари қазоқистон, Иҷлоси Шӯрои Олии кишвар, ки 6 июли соли 1994 дар бораи тағйири пойтахт тасмим гирифта буд, воқеъаи таърихист ва ин тасмим аҳамияти стротежӣ дорад.

Дар маросими тантанавии 10-солагии шаҳри Остона сарварони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Озарбойҷон, Серж Саркисян, сарвари Арманистон, Михаил Саакашвили, раисиҷумҳури Гурҷистон, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, сарвари Туркманистон ва ҳамчунин Абдулло Гул, раисиҷумҳури Туркия ва Абдуллои 2, шоҳи Урдун, ширкат доранд.

Қабл аз ҷаласаи тантанавӣ Нурсултон Назарбоев бо ҳамаи онҳо дидору мулоқот анҷом дод. Дар чаҳорчӯби ин сафар раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои туркиягиаш Абдулло Гул мулоқот намуд ва онҳо масоили ҳамкориҳои муштаракро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бахшида ба ин ҷашн, ки асосан ба 6 июл зодрӯзи Нурсултон Назарбоев муайян шудааст, дар кишвар 3 рӯз таътил эълон шудааст. Вале, дар ҳамин ҳол, бархеҳо, аз ҷумла намояндагони мухолифин ва ҳатто Роҳат Алиев, домоди собиқи Назарбоев, изҳор кардаанд, ки ба Остона кӯчонидани пойтахт танҳо ба суди худи Нурсултон Назарбоев буд ва ҳадафи аз ин аз мухолифин дур бурдани ҳокимият буд. Роҳат Алиев дар китоби тоза нашркардааш, ки дар бораи падарарӯси собиқаш баҳс мекунад, зикр кардааст, ки ин шаҳрро Нурсултон Назарбоев барои худ сохт ва ҳокимият ба ҷои миллиардҳо долларро ба ин шаҳр масраф кардан бояд ба некӯаҳволии мардум таваҷҷӯҳ менамуд.

XS
SM
MD
LG