Пайвандҳои дастрасӣ

Моҷарои собиқ қудои президенти Қазоқистон


Мухтор Алиев, падари собиқ домоди президенти Қазоқистон Роҳат Алиев

Мухтор Алиев, падари собиқ домоди президенти Қазоқистон Роҳат Алиев

Мансабдорони қазоқ мегӯянд, ҳафтаи равон Мухтор Алиев, падари Роҳат Алиев собиқ домоди президенти ин кишвар, аз ходимони сафорати Қазоқистон дар шаҳри Вена дархост намуд, дар бозгашт ба ватан ба ӯ кумак кунанд.

Ба гуфти дипломатҳои қазоқ Роҳат Алиев падарашро азият дода, иҷозат намедиҳад, Мухтор Алиев ба хона баргардад. Аммо дар навбати худ Роҳат Алиев изҳор намуд, ки ҳукумати Қазоқистон дасиса роҳандозӣ намуда, мехоҳад ӯро бо падараш ҷанг андозад.

Қазияи ахир дар оилаи президенти Қазоқистон замоне шурӯъ шуд, ки ибтидои моҳи май падари собиқ домоди Нурсултон Назарбоев Мухтор Алиев пои пиёда 20 километрро тай намуда, ғайримунтазира дар бинои сафорати Қазоқистон дар Вена зуҳур намуд. Ба қавли мансабдорони қазоқ, Мухтор Алиеви 76-сола иброз дошт, ки писараш Роҳат Алиев ӯро азият дода, имкон намедиҳад, ки вай ба ватан баргардад. Дар паи нашри хабар перомуни саргардониҳои Мухтор Алиев Роҳат Алиев мақомоти қазоқро бо раҳандозии дасиса муттаҳам кард.

Дар ин масъала сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон аз қавли Мухтор Алиев иқтибос овард, ки Роҳат Алиев ба падараш иҷозат намедод, ки ба Қазоқистон баргардад ва гӯё санадҳои падараш, телефони дастӣ, пул ва ҳатто ҷомадонҳои падарашро ба истилоҳ мусодира кардааст.

Расонаҳои хабарии Қазоқистон иттилоъ доданд, ки дипломатҳои қазоқ ба Мухтор Алиев дар бозгашт ба ватан кумак карданд ва рӯзҳои наздик ӯ вориди Остона хоҳад шуд. Аммо дар лаҳзаҳои ахир тавре ба назар мерасад, фикри Мухтор Алиев тағйир ёфт ва ӯ бинои сафоратро тарк карда, ба яке аз меҳмонсароҳои Вена кӯч баст.

Аслан Мухтор Алиев собиқ вазири беҳдошт ва яке аз ҷарроҳони маъруфи Қазоқистон аст. Ӯ соли гузашта барои муолиҷаи қалб ба Вена сафар карда, то кунун дар ҳамон ҷо ба сар мебарад. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Мухтор Алиев тасдиқ кард, ки ӯ бо ташаббуси худ аз сафорати Қазоқистон дар Вена зиёрат карда буд, вале бо фарзандаш ҳеҷ ихтилофе надорад:

"Ман дар ҳақиқат изҳороте пахш карда будам, вале он замон фишори хунам хеле баланд буд. Ман намефаҳмидам, ки чӣ кор карда истодаам. Ман қотеона он изҳоротро рад мекунам. Ман бо писарам ҳеҷ ихтилоф надорам. Охир ӯ тифли ман аст."

Алиев тахмин кард, ки ӯ зери таъсири доруҳое, ки ба ӯ дар сафорат дода буданд, муддате назоратро аз даст дода буд. Аммо Олтой Ҳабибуллоев, дипломати воломақоми сафорати Қазоқистон дар Вена, изҳор намуд, ки аснои будубоши Алиев касе ба ӯ дору надода буд:

"Ӯ хеле хаста буд. Худ фикр кунед, ки баъди ҷарроҳии қалб бо ин сину сол агар 20 километрро пои пиёда тай кунед, ҳоли шумо чӣ мешавад. Мо яке аз беҳтарин кардиологҳои Австрияро ба сафорат даъват намудем, то ӯро муоина кунад. Табиб Мухтор Алиевро бо ЭКГ аз назар гузаронд ва гузориш дод, ки вазъи сиҳатии ӯ муътадил буда, фишори хун ва набзи дилаш ҷавобгӯи меъёр мебошанд. Дар ҳақиқат танҳо табиб метавонад дар бораи дору чизе гӯяд, ман дар ин бора чизе намедонам."

Ба гуфти Ҳабибуллоев Мухтор Алиев шаҳрванди Қазоқистон аст ва ҳақ дорад аз сафорати кишвараш кумак дархост намояд. Ӯ афзуд, ки сафорат бо назардошти тақозои Алиев ба ӯ билети ҳавопаймо ба шаҳри Остонаро фармоиш дод, вале баъди сӯҳбат бо духтараш Гулшод Мухтор Алиев сафоратро тарк кард. Гуфта мешавад, ки барои мулоқот бо падар Гулшод аз Лондон ба Вена сафар карда буд.

Роҳат Алиев мегӯяд, дипломатҳои қазоқ ба меҳмонсаро рафта, мехостанд, ки падарашро ба фурӯдгоҳ интиқол диҳанд ва хоҳараш Гулшод маҷбур буд, ки полис даъват кунад, то дипломатҳоро аз меҳмонсаро берун бароранд.

Ҳамин тариқ боз як саҳифаи пурмуаммо дар қазияи Роҳат Алиев пайдо шуд. Роҳат Алиев собиқ шавҳари духтари бузурги президенти Қазоқистон тасмим гирифтааст, моҳи июн китоберо ба нашр расонда, президент Назарбоев ва дастандаркорони сиёсии Қазоқистонро шармсор кунад.

Алиев мегӯяд, ки соли 2007-ум Назарбоев дар қонуни асосии Қазоқистон дигаргунӣ ворид намуда, имкон ёфт то зинда буданаш раёсатҷумҳурӣ кунад. Алиев, меафзояд ӯ, ки худ даъвоҳои раёсатҷумҳурӣ дошт, бар зидди Назарбоев садо баланд карда, мавриди муҷозот қарор гирифт.

Роҳат Алиев аз рӯи касб табиб аст, вале дар мансабҳои гуногуни давлатӣ аз раиси полис андоз сар карда, то муовини раҳбари кумитаи амниятӣ, муовини вазири корҳои хориҷӣ ва сафири Қазоқистон дар Венаро ифои вазифа кардааст. Ба қавли баъзе коршиносон маҳз кӯшишҳои муваффақонаи Алиев буданд, ки Қазоқистон соли 2010-ум сарварии даврии САҲА-ро, ки қароргоҳаш дар Вена мебошад, бар дӯш хоҳад гирифт.

Соли гузашта Роҳат Алиев аз вазифа барканор шуд ва ӯро бо ҷурмҳои вазнин аз ҷумла фасоду одамрабоӣ муттаҳам намуда, ба муддати 40 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Ҳамсараш Дариға низ аз ӯ ҷудо шуд.

Сарфи назар аз тақозои Қазоқистон Австрия аз истирдоди Алиев худдорӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG