Пайвандҳои дастрасӣ

ҲНИТ тарҳи нави қонуни динро пешниҳод кард


Раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ

Раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ

Намояндагони ҲНИТ дар Порлумон тарҳи нави қонуни «Озодиҳои эътиқод ва иттиҳодияи динӣ»-ро пешниҳод карданд.

Ин дар ҳолест, ки як тарҳи ҷадиди дигари қонуни дин ки аз тарафи Раёсати дини Вазорати фарҳанги Тоҷикистон таҳия шуда ва ҳоло мавриди баррасии созмонҳои ҳуқуқи башар ва аққалиятҳои мазҳабии Тоҷикистон дар шурои ҷамъиятӣ қарор дорад интизор меравад дар ояндаи наздик барои муҳокима ба порлумон пешинҳод шавад.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва намояндаи мардумӣ дар порлумон ва яке аз муаллифони тарҳи нави қонуни дин, таҳия ва пешниҳоди ин тарҳи нави қонуни динро ба порлумони Тоҷикистон зарурӣ номид.

Дар ҳамин ҳол чанде аз вакилони мардумӣ дар Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон дар робита ба тарҳи қонуни дин оид ба озодиҳои эътиқод ва иттиҳодияҳои динӣ гуфтанд, ҳоло дар Тоҷикистон даҳҳо мазҳабу дин ва ақалиятҳои мазҳабию аҳзоби динӣ фаъолият мекунад ва аз ин рӯ барои эҷоди як шароити муносибу деморатӣ барои фаъолияти аҳзоб қонуни солим лозим аст ва пешниҳоди тарҳи нави қонунҳо як амри воқеист.

Шодӣ Шабдолов, намояндаи Ҳизби комунисти Тоҷикистон дар порлумон, бар ин назар аст, ки ҳоло ки ин тарҳи қонуни нав тоза пешниҳод шудаву ҳануз мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст, намешавад онро алтернативӣ ё аввалин номид, вале дар ҳарду ҳолат ҳам таҳия ва пешниҳоди он ба порлумон аз аҳамият холӣ нест.

Ва аммо Идибек Зиёев, сардори раёсати дини Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, бо баъзе аз нукоти ин тарҳ розӣ нест. Масалан, дар ин тарҳ гуфта мешавад, ки ташкил ва гусели ҳориҷиҳо ба ҳаҷ аз тарафи ниҳодҳои динӣ сурат гирад. Вале оғои Зиёев бар ин аст, ки бояд идораҳои давлатӣ ба ин кор машғул бошанд.

Ба ин тартиб, муаллифони ин тарҳ мегуянд, ки аз рӯзи таҳия ва дар муҳокимаи ҷомеа қарор доштани тарҳи мазкур кадом тағйироти ҷиддӣ дар банду моддаҳои он ворид нашудааст. Ва ҳоло пас аз баррасии Кумитаҳои мухталифи Маҷлиси Намояндагон рушан хоҳад шуд, ки назари вакилони мардумӣ ба ҳамчунин як тарҳе, ки аз тарафи ҳизби Наҳзати Исломиии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, чӣ гунна хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG