Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пирӯзии Насруллоев дар Додгоҳи Аврупо


Муҳокимаи парвандаҳо дар Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо, дар Страсбург

Муҳокимаи парвандаҳо дар Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо, дар Страсбург

Анна Ставитская, вакили дифоии Ҳабибулло Насруллоев гуфт, дар ҳукмномаи Додгоҳи Аврупо омадааст: "Насруллоев дар Русия фарди зери иттиҳом набуд, дар қиболи вай дар кишвари дигар дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, бо вуҷуди ин мақомоти Русия Насруллоевро боздошт карданд ва се сол дар зиндон нигоҳ доштанд.

Вакили Насруллоев ҳамчунин гуфт, ки ҳукми Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо як ҳафта баъд аз он эълон шуд, ки Додгоҳи Олии Русия талаби Додситонии кулли Тоҷикистонро дар бораи истирдоди Насруллоев ба Душанбе рад кард. Додситонии кулли Тоҷикистон собиқ фармондеҳи Фронти Халқӣ дар ноҳияи Ҳисор ва собиқ раиси идораи ҷумҳуриявии "Тоҷикматлубот"- ро бо иттиҳоми даст доштан дар ҷиноятҳои сангин, аз ҷумла куштор, гаравгонгирӣ, узвият дар гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва кӯшиши табаддулоти давлатӣ таҳти пайгард қарор додааст.

Анна Ставитская, ки ҳамчунин вакили додгоҳии Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, яке аз фармондеҳони собиқи Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин ва раиси пешини корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикгаз" низ ҳаст, ҳукми Додгоҳи Аврупоии ҳуқуқи башарро дар қиболи Искандаров интизор аст. Хонум Ставитская мегӯяд, номаи додхост дар мавриди Искандаров ба додгоҳи Страсбург дар навбат аст ва умед дорем, ки ин додхост ҳам натиҷаи матлуб ба бор меорад. Ба гуфтаи ин ҳуқуқшинос Искандаров дар Маскав моҳи апрели соли гузашта рабуда шуда, ба таври мармуз ба Тоҷикистон интиқол ва дар он ҷо ба 23 соли зиндон маҳкум шудааст.

Хонуми Ставитская дар идомаи сӯҳбати худ таъкид кард, дар робита ба парвандаи Ҳабибулло Насруллоев додгоҳи Страсбург Русияро дар нақзи банди 5-и Эъломияи байналмиллалии ҳуқуқи башар, ки озодӣ ва дахлнопазирии фардро замонат медиҳад, муттаҳам кардааст.

XS
SM
MD
LG