Пайвандҳои дастрасӣ

Набард бо фасод-воқеият ё "ҷанги сагони зери қолин"?


Президенти вақти Русия Дмитрий Медведев, ҳини мутолиаи санадҳо, қабл аз як нишаст роҷеъ ба фасод ва ришвахорӣ миёни мансабдорони рус дар моҳи марти соли 2012. Акс аз бойгонӣ.

Президенти вақти Русия Дмитрий Медведев, ҳини мутолиаи санадҳо, қабл аз як нишаст роҷеъ ба фасод ва ришвахорӣ миёни мансабдорони рус дар моҳи марти соли 2012. Акс аз бойгонӣ.

Дар Русия ва кишварҳои пасошӯравӣ гоҳо падидае ба назар мерасад, ки гӯё бо ришвахорӣ муборизаи оштинопазир мебаранд.

Масалан, барканории Анатолий Сердюков-вазири пешини дифои Русия аз мақом намунаи он аст ва дар рӯзҳои аввал таассуротеро ба вуҷуд овард, ки Кремл бо ришвахории мақомоти сатҳи боло муборизаи оштинопазирро оғоз кардааст.

Матбуоти дохилии Русия ба гунаи ҳамоҳангшуда навишт, ки муовинони Анатолий Сердюков миллионҳо долларро моли худ кардаанд ва саранҷом ин рафтори онҳо дар ҷомеа вокунишҳое ба бор овардааст ва раиси ҷумҳур дар посух ба ин вокунишҳо вазиру муовинони ришвахорашро аз мақом барканор кард.

Аммо Сергей Стракан-таҳлилгари рус дар рӯзномаи “Коммерсант” ба радиои Озодӣ мегӯяд, раҳбарон чунин “мубориза”-ро намоишкорона барои боло бурдани эътибори худ анҷом медиҳанд: “Мубориза бо фасод эътибори ҳукуматеро боло мебарад, ки мехоҳад оштинопазир будан бо ин падидаро нишон диҳад ва пок шавад”.

Вале дар Русия чунин нест. Он чӣ ки дар давоми ду се моҳи ахир дар ин кишвар мушоҳида мешавад, талошҳои ҳукумат барои посух додан ба интиқодҳои шадиди мухолифон аст, зеро мухолифон Кремл ва ҳизби ҳокимро дар ришвахорӣ сахт муттаҳам мекунанд.

Таҳлилгарони Русия мегӯянд, дар чунин маврид ҳукумат метавонад ин “қарта” ё ташаббуси интиқод аз ришвахориро аз дасти мухолифон бигирад ва худаш бо ниҳодҳои зердасташ бо ришвахорӣ муборизаро тақвият диҳад. Вале аз сӯи дигар, чунин кор метавонад пояҳои ҳукумат ва ҳатто низомро ба ларза орад, чунки ба гуфтаи таҳлилгари рус, “дар низоми офтобӣ ҳамаи сайёраҳо дар атрофи як рӯшанидиҳанда ё як меҳвар мечарханд”. Ба ин сабаб ҳукумати Русия ба ларзиши пояҳои худ роҳ нахоҳад дод.

Сергей Стракан мегӯяд, дар вокуниш ба норизоятиҳои ҷомеа аз густариши ришвахориву фасод, мақомот интихобан парвандаҳои пурсару садо боз мекунанд Вазири дифои пешини Русия Анатолий Сердюков ба иттиҳоми фасод аз мақомаш барканор шуд.

Вазири дифои пешини Русия Анатолий Сердюков ба иттиҳоми фасод аз мақомаш барканор шуд.

ва он суолҳоеро пеш меорад: “Ҳамин гуна вазъро бо моҷарои пурсару садо дар бораи Анатолий Сердюков метавон мушоҳида кард. Дар рӯзҳои аввал ба ҷомеа паёми рӯшан фиристода шуд, ки барканории вай бо ришвахории пурдомана иртибот дорад. Баъдтар гуфтанд, ки роҷеъ ба ин парванда ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ дар бораи ришвахорӣ шикояти ҷиддӣ надоранд”.

Ҳоло мардум аз чунин равиш ё “мубориза” тааҷҷубзада шудаанд ва ин таассурот пеш омадааст, ки барканории Сердюков “ба ҷанги сагони зери қолин” шабоҳат дорад. Дар “ҷанги сагони зери қолин” симоҳо пинҳон мемонанд ва кланҳо талош мекунанд, ки манфиати худро бо ҳар роҳе ҳимоят кунанд.

Дар ҳар кишвар мақомоти сатҳи боло талош мекунанд парвандаҳоро он гуна ҷилва диҳанд, ки гӯё бо ришвахорӣ мубориза мебаранд ва аз манофеи миллӣ ва ҷомеа ҳимоят мекунанд, на аз манфиатҳои гурӯҳӣ ё доираи худ. Муборизаи ниҳодҳои зидахл низ бо ришвахорӣ то ҳаде имкон дорад, вале гузаштан аз “хати сурх” барои худи ниҳодҳои мубориз хатар эҷод мекунад.

Алиакбар Абдуллоев-раиси Маркази тарғиб ва ташаккули зидди фасод дар Тоҷикистон мегӯяд, мубориза бо фасод дар садри барномаҳои ҳукумат қарор дорад ва ниҳодҳои интизомиву Оҷонсии мубориза бо фасод набояд мунтазири шикояти мардум нишинанд: “Ба андешаи ман, дар ҳар ҷо, ки маблағҳои будҷетӣ ҳаст, дар он ҷо фасод ҷой дорад. Мо бояд интизор набошем, ки кай мардум ба мо муроҷиат мекунад”.

Оқои Абдуллоев намуна меорад, ки дар вазорати беҳдошти Тоҷикистон низ замоне барои фасод вазирро барканор карда буданд, бо вуҷуди ин, ки вай дар суханонаш аз ин вазир ном набурд: “Бо пешниҳоди Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ мансабдорони баландпоя аз ҷониби раиси ҷумҳур албатта аз вазифа сабукдӯш шуда буданд. Дар ёд дорам вазорати тандурустӣ, вазорати маорифро. Вазири тандурустӣ барои он ки дар вақташ дар ин вазорат маблағҳои будҷетӣ аз они худ карда буд, аз мансаб дур гардонда шуд”.

Ба назар мерасад, ки дар чунин мавридҳо дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ низ бо барканории вазир ё мақоми дигар аз мансаб иктифо мекунанд ва ё вайро ба Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

кори дигар мегузаронанд. Камолиддин Рабимов-ҷомеашиноси узбаки муқими Фароса мегӯяд, дар Узбакистон, агар касе аз мақомоти болоӣ ба раиси ҷумҳур писанд наояд, аввалин коре, ки анҷом медиҳанд, ин аст, ки бар зидди вай парванда боз мекунанд: “Агар замоне касе ба мақомоти боло писанд наояд, нахустин моддае, ки бар зидди вай истифода мекунанд, моддаи ришвахориву фасод аст, яъне ба ришвахорӣ муттаҳам ва аз мақом барканор месозанд”.

Ба гуфтаи оқои Рабимов, дар Узбакистон дар сохторҳои ҳукуматии ин кишвар ҳар қадар мақом болотар бошад, ҳамон қадр вай сарвати бештар дорад. Нухбагон ё олигархҳоро вазирон ё мансабдорони баланди давлативу ҳукуматӣ ташкил медиҳанд: “Мансабдорони давлатӣ ҳар қадар, ки мақомашон болотар бошад, ҳамон қадр онҳо сарватмандтар ҳастанд. Онҳо байни худ бо дороиашон як навъ мусобиқа мекунанд. Ба даст овардани даҳҳо миллион доллар барои онҳо зинаи аввали боигарӣ дониста мешавад”.

Оқои Рабимов мегӯяд, сарватмандтарин шахсони Осиёи Марказӣ дар Қазоқистон ба сар мебаранд, дар ин кишвар мансабдорон аз ҳисоби фурӯши нафту газ дороии зиёд ба даст меоранд. Узбакистон дар мақоми дуввум аст. Дар кишварҳои дигар, ки захоири камтари сӯхт доранд, маблағи ришва поинтар аст.

Касе наметавонад бигӯяд, ки дар Русия ё кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ришвахорӣ мубориза намекунанд. Мубориза ҳаст, вале ин нукта бояд дар назар гирифта шавад, ки баъзе мавридҳои ришвахориву фасод ба идомаи фаъолияти режимҳои мавҷуда ё ба манофеи миллӣ хатар дорад. Дар чунин ҳолат мубориза мушоҳида мешавад. Вале таҳлилгарон мегӯянд, барои пешгирӣ аз ришвахории кормандони сохторҳои расмӣ бояд шароити назорати ҷомеа бар ҳукуматро ҷорӣ кард ва дастмузди ночизи кормандони давлатиро боло бурд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG