Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баъд аз як рӯзи баргузории интихобот мардуми Ироқ изҳори умедворӣ мекунанд, ки порлумони нав амнияту бозсозии кишварро таъмин ва ҷойҳои кориро фароҳам хоҳад кард.

Интизор меравад, ки натиҷаҳои муқаддамоти интихобот то 11-уми март эълон шавад.

Ҳамзамон таҳлилгарон мегӯянд, ки сабқати аслӣ дар интихобот миёни эътилофи Нурӣ Ал-Моликӣ - нахуствазири кунунии Ироқ ва гурӯҳи Иёд Алавӣ - нахуствазири пешини ин кишвар сурат мегирад.

Ҳизби Ал-Моликӣ мегӯяд, ки вай дар Бағдод ва дар манотиқи шианишини ҷануби кишвараш ба пирӯзӣ наздик аст, вале мақомоти расмӣ ин гуфтаҳоро таъйид накардаанд.

Дар бораи ширкати мардум дар интихобот маълумоте ба чоп нарасидааст, вале гуфта мешавад, ки ин рақам бештар аз 50 дарсадро ташкил додааст.

Интизориҳои раъйдиҳандагон

Хабарнигори бахши ироқии радиои Озодӣ Лайс Аҳмад мегӯяд, рӯзҳои ахир мавзӯи интихобот вирди забони сокинони шаҳри Бағдод аст. Ба гуфтаи ӯ, "мардуми Ироқ аз ҳукумати нав ва ҳизбҳои пирӯз шароити беҳтари зиндагиро интизоранд".

Саъад Абтон, яке аз сокинони Бағдод, мегӯяд, мардум бо вуҷуди бомбгузориҳо ба ҳавзаҳои райдиҳӣ рафтанд ва бо раъйи худ ба инфиҷорҳо посух доданд. Вай меафзояд, «мо ба амният ва бозсозӣ ниёз дорем".

Сокинони дигари Ироқ низ дар шаҳрҳои мухталифи Ироқ ҳамин дархостҳоро матраҳ мекунанд. Дар Киркук, шаҳри шимолии Ироқ, курдҳо қаноатмандии худро бо рақсу бозӣ дар хиёбонҳои шаҳр нишон додаанд. Онҳо аз дохили мошинҳо шиорҳо дар даст мошинсаворӣ мекунад.

Абдулраҳмон Ҳусейн, яке аз сокинони Киркук, ба хабарнигори бахши ироқии радиои Озодӣ гуфтааст, ки интихоботи кунунӣ аз интихоботи пешин беҳтар будааст.

Муҳаммад Банӣ, сокини шаҳри Басра, воқеъ дар ҷануби кишвар, низ гуфтааст, ки вай аз ҳавзаи раъйдиҳӣ таассуроти хуб дорад ва озодона раъй додааст.

Имтиҳони демократия дар Ироқ

Интихоботи парлумониро имтиҳони демократияи ҷавон дар Ироқ унвон мекунанд. Ба қавли таҳлилгарон, ин маъракаи сиёсӣ нишон хоҳад дод, ки оё ин кишвар пас аз хуруҷи нерӯҳои Амрико метавонад аз даргириҳои мазҳабӣ дар канор бимонад ё на.

Бо вуҷуди он, ки дар рӯзи интихобот бар асари ҳамлаҳои неруҳои тундрав дар Бағдоду маҳаллоти дигар 40 нафар кушта шуд, Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, аз ширкати густардаи аҳолии Ироқ дар ин интихобот ситоиш кард.

Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли паймони НАТО, низ мардуми Ироқро бо интихобот табрик намуд ва гуфт, интихоботи кунунӣ барои оштии миллӣ ва равандҳои сиёсӣ ба сӯи суботу оромӣ дар Ироқ кӯмак хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG