Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири дифоъи ИМА Роберт Гейтс эълом дошт, интизор меравад, ки аз Ироқ теъдоди бештари сарбозони амрикоӣ фаро хонда шавад.

Вай гуфт, фарохонии бахше аз сарбозони амрикоӣ аз ин кишвар бо назардошти беҳбуди фаъолияти нерӯҳои амниятии маҳалии Ироқ ва ҳамчун саъйе барои фурӯ нишондани даъватҳо барои таъйини ҷадвали замонии хуруҷи пурраи артиши Амрико аз Ироқ сурат мегирад.

Ҳангоми боздидаш аз пойгоҳи низомии Форт Люис дар аёлати Вошингтон Гейтс ба хабарнигорон гуфт, азбаски нерӯҳои амниятии ироқӣ тақвият ёфта, фаъолияташон беҳтар мешавад, низомиёни Амрико имкон пайдо мекунанд дар оянда шумораи артишамонро коҳиш диҳанд.

Раҳбари Пентагон таъкид намуд, ки тасмими фарохонии сарбозон аз қобилияти артиши ироқӣ ба таъмини амният ва ширкат дар задухурд бо душман вобаста хоҳад буд. Вай афзуд, ки раванди таҳвили масъулият ва идораи вазъи амниятӣ ҷараён дорад, аммо суръати ин раванд ба вазъи умумӣ дар минтақа марбут аст.

Ин дар ҳолест, ки дар Ироқ низ даъватҳо барои таъини ҷадвали замонии хуруҷи артиши хориҷӣ аз кишвар садо медиҳанд. Мақомоти ироқӣ мегуянд, ҷадвали замони хуруҷи нерӯҳо бояд ба созишномаи миёни ҳукумати Ироқ ва ИМА дохил карда шавад. Баъди ба поён расидани иҷозати СММ барои ҳузури нерӯҳои байнулмилалӣ дар Ироқ дар охири соли ҷорӣ мақоми расмии артиши Амрикоро созишномаи мазкур таъмин хоҳад кард.

Мушовири ҳукумати Ироқ дар умури амнияти миллӣ Муваффақ ал Рубоӣ дирӯз эълом намуд, ки кишвараш ягон созишномаи амниятӣ бо ИМА-ро бидуни таърихи мушаххаси хуруҷи нерӯҳо қабул намекунад.

Сарвазири кишвар Нури Ал Моликӣ низ рӯзи сешанбе бори аввал гуфт, ки чунин ҷадвал бояд ба созишнома дохил карда шавад. Моликӣ ин ҳуҷҷатро на созишнома, балки ёддошти тафоҳуми тарафайн унвон дод, дар ҳоле, ки Вошингтон мехоҳад созишнома “Дар бораи мақоми нерӯҳо” барои дарозмуддат имзо шавад.

Вазорати корҳои хориҷаи ИМ кушиш намуд таъсири манфии зуҳури ихтилофи назари тарафҳоро коҳиш диҳад. Сухангӯи вазорат Гонзало Галегос гуфт, ҳукумати Ироқ ва ИМА ба тавофуқ расидаанд, ки Амрико хоҳиши фарохонии нерӯҳоро дорад ва нерӯҳо фарохонда мешаванд. Бо вуҷуди ин Галегос афзуд хуруҷи артиш аз вазъият вобастаги хоҳад дошт.

Феълан дастикам 146 ҳазор нафар артиши амрикоӣ дар Ироқ мустақаранд ва ҷанги Ироқ мавзӯъи аслии маъракаи интихоботии раёсатҷумҳурии ИМА боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG