Пайвандҳои дастрасӣ

Кумитаи Маҷлиси Шӯрои Исломӣ - порлумони Эрон тарҳи қонунеро дар қироати аввал қабул кард, ки ба мардон ҳақи гирифтани зани дуввумро медиҳад.

Тарҳи чунин қонун аз солҳо ба ин сӯ, дар дасти баҳсу баррасӣ қарор дошт, вале акнун дар ҳоле баррасӣ ва тасвиб мешавад, ки ба вокуниши шадиде аз сӯи фаъолони ҳуқуқи зан рӯбарӯ шудааст. Масъалаи чандзанӣ дар ҷомеъаҳои мусалмонӣ тарафдорон ва ҳамин тавр мухолифини зиёд дорад ва баҳси ин мавзӯъи ҳассос ҳамеша вокуниши густарда ва зиддунақизеро дар ин ҷомеъаҳо ба дунбол доштааст.

“Агар ба шумо имконоти кофии молӣ дошта бошед, метавонед зани дуввум бигиред” – чунин буд тасмими ахири аъзои кумитаи ҳуқуқи Маҷлиси ҳаштуми Шӯрои Исломӣ - порлумони кунунии Эрон. Ин тарҳи қонуни мавсум ба қонуни дифоъ аз хонаводаро, ки аъзои парлумон феълан дар қироати аввал қабул кардаанд, фаъолони ҳуқуқи зан дар Эрон билофосила қонуни зидди хонавода унвон дода ва ба боди шадиди интиқод кашидаанд.

Тарҳи қонуни мазкур чанд сол боз дар дасти баррасии Маҷлис қарор дошт ва то кунун як мавзӯъи баҳсу бознигариҳои бепоён дар ин порлумон будааст. Як банди зиддунақизи пешнависи қонуни дифоъ аз хонавода, ки ба мардон ҳаққ медиҳад, ҳатто бидуни иҷозаи ҳамсари аввали худ бори дуввум издивоҷ бикунанд, аз сӯи Маҷлиси қаблӣ ба маҳзи эътирози шадиди занон ва гурӯҳҳои мудофеъ аз ҳуқуқи зан дар Эрон радд шуда буд. Аммо ин дафъа тасвиби тарҳи қонуни дифоъ аз хонавода дар қироати аввал дар кумитаи Маҷлиси ҳаштум хеле зуд ва бидуни кадом мушкил гузашт ва ҷомеъа аз тасвиби қонуни муҳиме, ки роҳро барои тавсеъаи чандзанӣ дар кишвар бозтар мекунад, танҳо баъд аз нашри хабараш дар рӯзномаи мустақили “Эътимод” хабар ёфт. “Эътимод” дар ин матлабаш навишт, ба илҳоқи ҳамон банди баҳсбарангез, ки иҷозаи ҳамсари аввалро ба ҳангоми издивоҷи дуввуми мард ҳатмӣ намедонад, давлати Эрон – на қувваи қазоия - исрор варзидааст.

Аммо ин тасмими Маҷлиси ҳаштум ба вокуниши билофосила ва тунде дучор шудааст. Ва нафақат фаъолони ҳуқуқи зан, балки теъдоде аз раҳбарони мазҳабӣ низ муқаррароти омада дар ин қонунро аз нигоҳи меъёрҳои шариат ва ахлоқи исломӣ зери шубҳа бурдаанд. Фотима Ҳақиқатҷӯ, узви собиқи порлумони Эрон ва аз занони фаъоли эронӣ, мегӯяд, қонуни нав барои хонаводаҳо бештар харобӣ хоҳад овард, на ободӣ.

Аммо Мӯсо Қурбонӣ, узви кумитаи ҳуқуқи Маҷлиси ҳаштуми Шӯрои Исломӣ дар посух ба ин ҳама интиқодот гуфт, касе набояд ба тарҳи қонуни дифоъ аз хонавода мухолифат кунад, чунки он, ба эътиқоди оқои Қурбонӣ, бар тибқи меъёрҳои Шариъат таҳия гардида, аз сӯи давлати Аҳмадинажод ҳимоят ва аз ҷониби кумитаи порлумон тасвиб шудааст.

Баҳси ин мавзӯъ дар Эрон дар ҳоле дубора гарм мешавад, ки бино ба гузоришҳо, шумори бузурге аз эрониён ба далели дасти кӯтоҳи молӣ ва ҳазинаи бузурги тӯю сӯри арӯсӣ наметавонанд издивоҷ кунанд. Ва раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар 2 соли пеш, вақте тоза ба курсии раҳбарии давлат менишаст, ҳатто барои кӯмак ба навхонадорони фақир таъсиси як Сандуқи мавсум ба Сандуқи муҳаббатро пешниҳод карда буд, ки мебоист аз ҳисоби фоидаҳои ҳангуфте, ки Эрон аз фурӯши нафт ба даст меорад, ба афзоиши шумори издивоҷҳо дар кишвар мусоидат мекард.

Аз сӯи дигар, он мардони эронӣ, ки имконоти кофии молӣ дар ихтиёр доранд, дар амри гирифтани зани дуввум ва ё истифода аз никоҳи муваққат, маъруф ба сиға, ва ё ҳатто доштани дӯстдухтар низ то кунун мушкил надоштаанд. Албатта, ба ҷуз аз мухолифати ҳамсари аввал.

То кунун қавонини Эрон издивоҷи дуввумро барои мард бидуни иҷозаи ҳамсари аввалаш иҷоза намедод, вале акнун дар сурати иҷроӣ шудани тарҳи ҷадиди қонуни хонавода ахзи ризоияти ҳамсари аввал ба ҳангоми гирифтани зани дуввум ба як амри нолозим табдил шуда, ба эътиқоди фаъолони ҳуқуқи зан, роҳро барои густариши дузаниву чандзанӣ дар Эрон ҳамвортар хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG