Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии кучаки занони ҳомии ҳуқуқ дар Эрон


Ҳафтае, ки мегузарад занони ҳомии ҳуқуқи башар дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба пирӯзии чашмгир ноил шуданд.

Ба ибтикори онҳо дар порлумон пешнависи қонуне, ки ҳақи занонро ҳангоми издивоҷ нодида мегирифт, ба тасвиб нарасид. Вале рӯзи сешанбе чаҳор нафар аз раҳбарони ин гурӯҳи занони фаъол ҳар кадом 6-моҳӣ маҳкум ба зиндон шуданд. Суоле пеш меояд, ки оё ҳақталошии занон дар Эрон ҷурм дониста мешавад ва чаро вақтҳои ахир вокуниш ба фаъолияти занон бештар шудааст?

Ширин Ибодӣ, яке аз фаъолони ҳуқуқи башар дар Эрон ва барандаи ҷоизаи Нобел, ки дар мурофиаи додгоҳ аз ин чаҳор зан дифоъ мекард, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, бо истифода аз имкони мусоид вай ба додгоҳи таҷдиди назари Эрон шикоят мебарад, то ин чаҳор зан аз зиндон раҳо шаванд.

Ин чаҳор зан - Парвин Ардалон, Ҷилве Ҷавоҳирӣ, Марям Ҳусейнхоҳ ва Ноҳид Кишоварз - барои нашри мақолаҳои марбут ба вазъи ҳуқуқи зан дар сомонаҳои интернетии занон мавсум ба "Тағир барои баробарӣ" ва "Занистон" маҳкум ба зиндон шудаанд.

Ҳафтаи пеш дар ғарби Эрон ҳомии дигари ҳуқуқи зан хонум Зайнаб Боязидӣ барои чаҳор сол аз озодӣ маҳрум шуд. Ҳамаи ин занон дар маъракае барои ҷамъоварии як миллион имзо ширкат мекарданд. Онҳо мехостанд бо ин имзоҳо қонунҳои Эрон дар бораи нобаробарии ҳуқуқи занону мардонро дар ин кишвар тағир диҳанд.

Хонум Ибодӣ мегуяд, бо чунин бархурд ба занони ҳомии ҳуқуқи башар ҳукумати Эрон собит сохт, ки омода нест баробарии ҳуқуқи зану мардро дар ҷомеъаи имрӯзи Эрон бишносад.

XS
SM
MD
LG