Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон барномаи атомии худро тавсеъа медиҳад


Бунгоҳи атомии Эрон дар минтақаи Натанз
Бунгоҳи атомии Эрон дар минтақаи Натанз

Ҷумҳурии исломии Эрон ҳудуди 500 сентрифуги нав барои ғанисозии ураниюмро дар бунгоҳи атомии Натанз ба кор андохтааст.

Дар ин бора хабаргузории расмии Ҷумҳурии исломӣ ИРНА гузориш додааст. Қаблан Маҳмуди Аҳмадинажод, раисҷумҳури Эрон, эълон намуда буд, ки кори насби 6 ҳазор сентрифуги нав барои ғанисозии ураниюм дар мавзеи Натанз идома дорад.


Созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, борҳо хостори қатъи барномаҳои ғанисозии ураниюм дар Эрон шудааанд. Кишварҳои Ғарб бар ин назаранд, ки барномаҳои ҳастаии Эрон метавонад дар оянда бо ҳадафҳои низомӣ истифода шавад. Вале Эрон фаъолиятҳои атомии худро сулҳҷуёна муаррифӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG