Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз ҳам Эрон ва боз ҳам барномаи ҳастаии он


Раиси Оҷонсии байналмилалии энержии атомӣ гуфт, ки Эрон ҳамоно пеши роҳи мутахассисони СММ-ро мегирад, ки талош доранд, муайян кунанд, оё Теҳрон дар пайи роҳандозии озмоишҳои ҳастӣ мебошад, ё на.

Муҳаммад ал-Бародаӣ, раиси ин оҷонс ба ин манзур дар Вена, макони таҷаммӯи аъзои СММ изҳороте пахш кард, ки барои баррасии шаҳодатҳои нав дар заминаи барномаи ҳастаии Эрон гирди ҳам омадаанд.

Ал-Бародаӣ гуфт, ки мақомоти эронӣ то ҳанӯз ба таври пурра бо мутахассисони Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ дар масъалаи фаъолиятҳои таслеҳотӣ ҳамкорӣ накардаанд. Вай таъкид кард, ки мақомоти эронӣ даъватҳои Шӯрои амниятро барои хатми ғанисозии ураниум нодида мегиранд ва ба иловаи ин, ба тавлиди бештари сентрифугаҳои коромад даст задаанд, ки дар ниҳоят, метавонад дар тавлиди аслиҳаи ҳастаӣ истифода шавад.

Рӯзи душанбе, 3 март, Шӯрои амнияти СММ бастаи сеюми таҳримҳои зидди Эронро бо сабаби саркашиаш дар хатми фаъолиятҳои ғанисозӣ қабул кард. Ин қатънома маҳдудиятҳои моливу мусофиратиро ба шаҳрвандони Эрон ва ширкатҳои ин кишвар, ки ба барномаи ҳастаӣ ва ё мушакҳои баллистикӣ иртибот доранд, таҳмил мекунад. Дипломатҳо дар Вена гуфтанд, ки пуштибонии Русия аз таҳримҳои нави СММ аз ваъдаҳои давлатҳои ғарбӣ маншаъ мегирад, ки гуфтаанд, мавзӯи баррасии таҳримҳои нави Оҷонси байналмилалии энержии ҳастаӣ болои Эронро канор хоҳанд гузошт. Баъзе дипломатҳое, ки нахостанд номашон ифшо шавад, гуфтанд, бо сабаби нохушнудии Маскав аз он ки Русияро дар бораи чунин барномаҳои Оҷонс огоҳ накардаанд, гуфтааст, шартҳои ин кишвар бояд пазируфта шавад. Онҳо гуфтанд, ки баъди тавофуқ бо Маскав, Русия бо даъватҳои чаҳор дигар узви доимии Шӯрои амният ва нӯҳ узви ғайридоимии ин Шӯро барои эъмоли таҳримҳо мувофиқат кард. Танҳо Индонезия буд, ки аз раъйдиҳӣ дар ин мавзӯъ худдорӣ варзид.

Русия ҳоло тақозо кардааст, ки куллия дигар масоили марбут ба Эрон дар чаҳорчӯби гуфтугӯҳои ҳайати шашҷонибаи музокиротӣ баҳсу баррасӣ шавад. Ба ҳайъати ин гурӯҳ панҷ узви доимии Шӯрои амният - ИМА, Бритониё, Фаронса, Русия, Чин ба иловаи Олмон шомил ҳастанд. Ин кишварҳо ахиран баъди қабули қатъномаи нави зидди Эрон аз Теҳрон даъват намуданд, ки ба ташкили даври нави музокирот бо раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Ҳавер Солана ва раиси ҳайати музокиротии Эрон, раиси шӯрои амнияти миллии ин кишвар Сайиди Ҷалилӣ омодагӣ бинанд. Сафири Бритониё дар СММ Ҷон Саверс мегӯяд, ки ин шаш давлат омода ҳастанд дар сурати хатми ғанисозии ураниум аз ҷониби Эрон ба ин кишвар бастаи тавсеашудаи пешниҳодҳои иқтисодиву тиҷоратии худро, ки соли 2006 эҷод шудааст, ироа кунанд.

Дар посух ба ин ҳама таҳаввулот, ҷониби Эрон ҳамоно ба ҳадафҳои сулҳомез доштани барномаи ҳастаиаш таъкид кардааст. Муҳаммади Хазоӣ, сафири Эрон дар СММ раъйдиҳии рӯзи душанберо маҳкум кард ва гуфт:

"Ҷомеаи байналмилалӣ як бори дигар шоҳиди он аст, ки эътибори Шӯрои амният, ки вазифаи аввалияаш ҳифзи сулҳ ва амнияти ҷаҳон аст, то ҳадде поин омадааст, ки ба асбоби сиёсати хориҷии чанд кишвари ҷаҳон табдил шудааст".

Оқои Хазоӣ афзуд, ки Шӯрои амният аз чунин як иқдоми ғайриқонунӣ алайҳи кишваре пуштибонӣ кардааст, ки ҳақи қонунии анҷоми таҳқиқоти сулҳомези ҳастаиро дорад.

XS
SM
MD
LG