Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як муттафиқи Аҳмадинажод


Мақомоти Эрон Аббоси Полездорро, ки худро узви кумитаи тафтишотии Маҷлиси Эрон меномад, бо иттиҳоми паҳн намудани овоза боздошт намуданд.

Рӯзи чоршанбе мақомоти Эрон Аббоси Полездорро, ки худро узви кумитаи тафтишотии Маҷлиси Эрон меномад, бо иттиҳоми паҳн намудани овоза ва нороҳат сохтани мардум боздошт намуданд. Ин муттафиқи президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод чанд рӯз пеш як идда оятуллоҳову рӯҳониёни маъруфи Эронро бо фасод муттаҳам карда буд.

Ҳабси Полездор замоне ба вуқӯъ пайваст, ки ӯ шуморе аз рӯҳониёни шинохта ва вакилони мардумии бонуфузро бо сӯиистифода аз дороии давлат ва ташкили имтиёз дар тиҷорати хешовандонашон муттаҳам кард.

Нуҳӯми июн дар як сӯҳбати хос бо Радиои Фардо Полездор гуфт, ӯ шаҳодат дорад, ки як идда сиёсатмадорони баландпояи эронӣ ва аз ҷумла собиқ президенти ин кишвар Ҳошимии Рафсанҷонӣ дар муомилаҳои ғайришаръӣ ва аъмоли ҷиноӣ даст доранд.

Номбурда афзуд, ки нақша дорад, маълумоти дар ихтиёр доштаашро ошкор намояд.

Ин гуна иттиҳом дар Эрон собиқа надорад. Полездор аснои сӯҳбатҳояш дар донишгоҳҳои Ҳамадон ва Шероз дар ин бора муфассал маълумот дода, тафсилоти ин ҷиноятҳо ва сиёсатмадорони шинохтаи шарик дар ин аъмоли ғайришаръиро ошкор карда буд.

Полездор дар қатори Рафсанҷонӣ ҳамчунон пешвои намози ҷумъаи Теҳрон оятуллоҳ Муҳаммад Имомии Кошонӣ ва раиси Бунёди зиёратгоҳи Имом Ризо оятуллоҳ Аббос Воизи Таббасиро дар ин рӯйхат шомил кардааст. Ба қавли Полездор ин афрод садҳо миллион долларо бо воситаи созишҳои тиҷории ғайришаръӣ аз худ кардаанд.

Полездор дар бораи раҳбари рӯҳонии Ҷумҳурии Исломӣ оятуллоҳ Алии Хоманайӣ ва сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон чизе нагуфтааст.

Баъзе шореҳон бо ишора ба наздикии Полездор бо президент Аҳмадинажод мегӯянд, ки ин кӯшиши аз байн бурдани рақибони раисҷумҳур дар пешорӯи интихоботи соли оянда аст.

Дар Маҷлиси Шӯрои Исломӣ рақиби эҳтимолии Аҳмадинажод Алии Лориҷонӣ пуштибонии қавӣ дорад.

Вале дар сӯҳбат бо Радиои Фардо Полездор ҳамаи ин шоеъаҳоро рад кард.

Ӯ гуфт: «Ин вазифаи динии ман буд. Зеро ба фикри ман Маҷлис ба таҳқиқи ин қазияҳо таваҷҷӯҳ надорад".

Ба қавли Полездор Маҷлис гузориши ӯро омӯхта, барои таҳқиқ ба ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ фиристодааст.

Вале Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон ба ин иддаои полездор расман аксуламал нишон дода, гуфтааст, ки номбурда дар маркази таҳқиқотии Маҷлис кор намекунад ва ҳеҷ имкон надоштааст, ба иттилоъ пиромуни фасод дастрасӣ пайдо кунад.

XS
SM
MD
LG