Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эътилофи Маскаву Теҳрон кӯшишҳои инзивои дипломативу иқтисодии Эрон аз сӯи мамолики ғарбиро, ки аз барномаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ нигаронанд, бетаъсир мекард. Вале баъди президенти Эрон аз Маскав ба назар мерасад, ки вазъ тағйир ёфтааст.

Раисҷумҳури Эрон бо ишора ба лағви фурӯши мушакҳои дифоӣ ба ин кишвар иброз дошт, ки Русия худро ба "шайтон фурӯхтааст". Пас ояндаи равобити Маскаву Теҳрон чӣ хоҳад шуд?

Интиқоди шадиди Аҳмадинажод аз Русия

Изҳороти президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод, ки ибтидои моҳи равон садо додааст, шаҳодати зуҳури сардӣ дар равобити миёни Теҳрону Маскав талаққӣ мешавад. 3-уми ноябр дар минтақаи Боҷнурди Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, баъзе афроде, ки зери таъсири шайтон қарор доранд, фикр мекунанд, ки агар онҳо ба таври якҷонибаву ғайришаръӣ баъзе созишҳои дифоиро лағв намоянд, миллати Эрон азият хоҳад кашид.

Президенти Эрон таъкид кард, ки Эрон ин созишҳоро ҳанӯз ҳам қонунӣ мешуморад ва онҳо бояд ӯҳдадориҳояшонро иҷро кунанд. Ба қавли Аҳмадинажод, дар ҳоли баръакс мардуми Эрон ҷуброни хисороташро тақозо мекунад.

Тибқи мувофиқат пешбинӣ мешуд, ки Русия ба Эрон ба маблағи 800 миллион доллар мушакҳои дурпарвози зиддиҳавопаймоии S-300 хоҳад фурӯхт. Вале Маскав чанд дафъа сабабҳои техникиро пеш оварда, муомиларо таъхир кард. Моҳи сентябри соли равон бошад, президенти Русия Дмитрий Медведев фурӯши мушакҳо ба Эронро расман манъ кард.

Ин бори аввал нест, ки Русия муомилаҳои тиҷорӣ бо Эронро ба таъхир меандозад. Нерӯгоҳи ҳаставии Бушаҳри Эрон ҳам баъди чандин таъхир билохира дар тобистони соли равон аз тарафи ширкатҳои русӣ такмил ёфт.

Баҳси мушакҳои S-300

Марк Фитзпатрик, коршиноси Пажӯҳишгоҳи байналмилалии таҳқиқоти стратегӣ, ки марказаш дар Лондон аст, мегӯяд, бидуни мушакҳои русӣ ҳимояи муассисаҳои ҳастаии ҷумҳурии исломӣ хеле душвор мешавад:

"Мушакҳои S-300 мудофиаи хуб бар зидди ҳамлаҳои эҳтимолии Исроил буда метавонад, вале бидуни он Эрон воқеан заиф хоҳад буд".

Моҳи июл низ вақте Маскав аз даври чоруми таҳрими Эрон дар Шӯрои Амнияти СММ пуштибонӣ кард, президенти Эрон Кремлро мавриди интиқод қарор дода гуфт, ки раҳбари Русия ба сухангӯи душманон табдил ёфтааст.

Душмании деринаи Эрону Русия

Дар ҳамин ҳол баъзе шореҳон мегӯянд, сиёсатмадорон эронӣ ҳеҷ гоҳ ба дӯстӣ бо Русия эътимод надоштанд. Дар асри 19-ум Маскав қисме аз Озабоҷйонро аз худ намуда, дар асри 20-ум ҳам кӯшиш кардааст, бахше аз Эронро таҳти тасарруфи худ қарор диҳад.

Ин буд, ки пешвои инқилоби исломии Эрон оятуллоҳ Хумайнӣ ИМА-ро шайтони бузург ва Русияро шайтони хурд унвон дода буд.

Марк Катз, профессори донишгоҳи Мейсони шаҳри Вашингтон, мегӯяд, танқиди Аҳмадинажод ҳамон эҳсоси манфиест, ки эрониҳо тӯли солҳо дар нисбати Русия доштаанд:

Ӯ афзуд: "Аз нуқтаи назари эронӣ ин ҳамон душмани дерина аст. Ҳатто имрӯзҳо дар матбуоти эронӣ ишғоли Қафқозу Озарбойҷон аз ҷониби Русия фаромӯш нашудааст. Онҳо дар бораи таҷовузи Русия дар асри 20-ум сӯҳбат мекунанд, ки инқилоби машрутаро барҳам зад. Онҳо дар бораи ишғоли Британияву Русия дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ шарҳу тавзеҳ менависанд. Онҳо ҳамчунон кумакҳои иттиҳоди Шӯравӣ ба Саддом Ҳусайн дар солҳои ҷанги Ироқу Эронро ҳам дар ёд доранд. Вале чизе, ки онҳоро воқеан метарсонад, муттаҳидшавии Русияву Амрико бар зидди онҳо мебошад."

Умедвории эрониҳо аз эҳёи равобит бо ИМА

Русия аввалин кишваре буд, ки пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи моҳи июни соли гузаштаро эътироф кард. Табрикномаи Кремл мухолифини сабзи Эронро ба ғазаб оварда буд ва онҳо дар эътирозҳояшон шиорҳои "Марг ба Русия" ҳам доштанд.

Вале Ҳушанг Амираҳмадӣ, раиси шӯрои ҳамкориҳои амрикоиву эронӣ, ки мақарраш дар Вашингтон аст, мегӯяд, беш аз 90 дарсади эрониҳо Амрикоро шарики воқеии Эрон медонанд ва бовар доранд, ки бо ҳалли мухолифатҳои кунунии Вашингтону Теҳрон бо мурури замон дӯстии миёни Эрону Амрико барқарор мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG