Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон барои вуруд ба СҲШ омодагӣ мебинад


Манучеҳр Муттакӣ, вазири хориҷи Эрон

Манучеҳр Муттакӣ, вазири хориҷи Эрон

Манучеҳр Муттакӣ, вазири хориҷи Эрон, изҳор кард, раҳбари Тоҷикистон аз нақшаи вуруди Эрон ба Созмони ҳамкориҳои Шонҳой (СҲШ) пуштибонӣ мекунад.

Ӯ афзуд, ки Теҳрон аллакай дархости вурудро ба раҳбарони ин созмон ироа кардааст. Ва аммо вуруди Эрон ба ин созмони минтақаӣ то куҷо имконпазир аст?

Айни ҳол Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Муғулистон ва Покистон мақоми нозир дар Созмони ҳамкориҳои Шонҳойро доранд. Ба ин созмони минтақаӣ, ки соли 1996 дар Шонҳои Чин таъсис шуда буд, Русия, Чин ва чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ - Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон шомиланд.

Владимир Сажин, коршиноси Институти таҳқиқоти Шарқи мустақар дар шаҳри Маскав, мегӯяд, узвияти комил дар Созмони ҳамкориҳои Шонҳой ба Эрон имкон медиҳад, ки аз пуштибонии дигар кишварҳои узв, аз ҷумла Русия ва Чин, бархурдор шавад. Ва ин барои Теҳрон ба вижа дар вазъи феълӣ зарур аст, ки қазияи барномаи ҳастаяш равобити Эрон бо Ғарбро сард кардааст ва кишвар ҳарчӣ бештар дар инзивоъи байнулмилалӣ қарор мегирад. Ва узвият дар Созмони ҳамкориҳои Шонҳой барои Эрон Теҳрон сипаре хоҳад шуд аз таҳдидҳои Иёлоти Муттаҳида.

Владимир Сажин мегӯяд, “Эрон талош мекунад ба ҳайси узви комили Созмони ҳамкориҳои Шонҳой дар баробари амалҳои пешбининашавандаи Иёлоти Муттаҳида ё Исроил кафолат дошта бошад. Манзури ман, қабл аз ҳама, имкони бо роҳи низомӣ ҳал шудани қазияи барномаи ҳастаии Эрон аст”.

Ва аммо дар ҳамин ҳол бештари коршиносон пазируфта шудани Эрон дар ин созмони амнияти минтақаиро зери суол мебаранд. Русия ва Чин - ду узви Созмони ҳамкориҳои Шонҳой ва аъзои доимии Шӯрои амнияи Созмони милали Муттаҳид муддатҳост, ки Теҳронро аз фишори Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо ҳифз мекунанд. Ва аммо, ҳадс мезананд коршиносон, Маскав ва Пекин гоме нахоҳад бардошт, ки онҳоро дар рӯ ба рӯи мухолифати ошкор бо Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо қарор диҳад.

Коршинос Владимир Сажин ҳам бо ин ақида мувофиқ аст. Ӯ мегӯяд, ки Теҳрон дар мавриди узвияташ ба Созмони ҳамкориҳои Шонҳой ҳанӯз бо Русияву Чин машварат накардааст. Коршиноси рус меафзояд, Маскав ва Пекин хуб дарк мекунанд, ки узвияти комили Эрон дар ин созмон метавонад боиси ихтилофи ҷиддӣ миёни кишварҳои узви доимии Созмони Милали Муттаҳид – Русиву Чин аз як сӯ ва Амрикову Бритониёву Фаронса аз сӯи дигар бигардад.

Дигар коршиносон низ мегӯянд, ки агар ҳайати Эрон дар нишасти навбатии сарони Созмони ҳамкориҳои Шонҳой дар шаҳри Душанбе мавзӯъи узвияташ ба созмонро ба миён гузорад, Русияву Чин дар вазъи ногувор қарор хоҳанд гирифт. Онҳо бояд ба ин дархост посухи расмӣ диҳанд. Айни ҳол Созмони ҳамкориҳои Шонҳой барои қабули аъзои нав мораторий эълон кардааст. Бори ахир ҳафт сол пеш Узбакистон ба узвияти ин созмон пазируфта шуда буд. Ва сарони кишварҳои узв қабл аз қабули Эрон бояд мораторийро лағв кунанд ва дархостҳои Покистон ва Ҳиндустон барои узвияти комил дар созмонро низ баррасӣ кунанд.

Айни ҳол кишварҳои узв ва нозирони Созмони ҳамкориҳои Шонҳой аз чаҳор як ҳиссаи қаламрави сайёра ва бузургтарин неруи иқтисодиву низомӣ ва манобеъи энерҷии ҷаҳонро дар ихтиёр доранд. Раҳбарони Созмони ҳамкориҳои Шонҳой эълом доштанд, ки ин ниҳод ҳадафи табдил шудан ба эътилофи низомиро надорад ва он алайҳи ягон кишвари дигари олам фаъолият нахоҳад кард.

Ва аммо аз нигоҳи коршиносон, ин созмони минтақаӣ ба хотири рақобат бо НАТО ва Иёлоти Муттаҳида ва ҳамчунин ба хотири ҷилавгирӣ аз дахолати Амрико ба умури Русия ва Чин таъсис шудааст.

Се сол пеш дар нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шонҳой дар Остона аз Иёлоти Муттаҳида дархост шуд, ки ҷадвали хуруҷи неруҳояш аз қаламрави кишварҳои узви созмонро таҳия кунад. Баъд аз ин мақомоти Узбакистон аз Иёлоти Муттаҳида талаб карданд, ки низомиёнашро аз пойгоҳи низомӣ дар Хонобод берун бикашад.

XS
SM
MD
LG