Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Ал-Бародаи аз барномаи ҳастаии Эрон


Муҳаммад Ал-Бародаи, раиси Ожонси байнулмилалии назорати нерӯи ҳастаӣ
Муҳаммад Ал-Бародаи, раиси Ожонси байнулмилалии назорати нерӯи ҳастаӣ

Муҳаммад Ал-Бародаи, раиси Ожонси байнулмилалии назорати нерӯи ҳастаӣ, аз Эрон даъват кардааст, ҷузъиёти барномаҳои ҳастаияшро пурра ошкор кунад.

Нишасти намояндагони 35 кишвари узви Шӯрои ҳуккоми ин созмон, ки то рӯзи ҷумъа дар шаҳри Вена идома хоҳад кард, дар баробари фаъолиятҳои баҳсбарангези ҳастаии Эрон мавзӯъи эҳтимолан ба таври махфиёна ба бунёди реактори ҳастаӣ даст задани Сурияро низ баррасӣ мекунад.

Муҳаммад Ал-Бародаи дар ифтитоҳи нишаст панҷрӯзаи дар Вена аз Эрон хост, барномаҳои ҳастаияшро комилан боз кунад. Вай афзуд, созмони ӯ 5 сол боз машғули фаъолиятҳои баҳсбарангези ҳастаии Эрон аст ва муҳим аст, ки ожонси ҳастаӣ хулосаи худ дар бораи табиати ин фаъолиятҳоро дар як фурсати ҳадалимкон зудтар эълом кунад. Вале ба эътиқоди раҳбари МАГАТЭ, ба ин ҳадаф танҳо дар сурате метавон ноил шуд, ки Эрон шаффофияти лозим нишон дода, тамоми ҷузъиёти барномаҳои ҳастаияшро ошкор кунад.

Гузориши рӯзи 26 май нашркардаи Ожонси байнулмилалии назорати нерӯи ҳастаӣ мегӯяд, таҳқиқоти эҳтимолие, ки Эрон роҷеъ ба кӯлоҳакҳои ҳастаӣ анҷом додааст, мояи нигарониҳои ҷиддист ва Теҳрон бояд барномаҳои мушакиашро бидуни таъхир тавзеҳ диҳад. Мояи дигари нигарониҳои байнулмилалӣ фаъолиятҳои ғанисозии ураниум аз сӯи Эрон аст.

Бо вуҷуди тақозои Шӯрои амнияти СММ ва се давраи таҳримоти болои Эрон эъмолкардаи ин Шӯро, Эрон ҳамчунон сарсахтона ба ин фаъолиятҳояш идома медиҳад ва бар асоси гузориши ахири Созмони байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ, ғанисозии ураниумро дар ин авохир ҳатто суръат бахшидааст. Ин гузориш мегӯяд, танҳо дар корхонаи ҳастаии Натанз дар ҳоли ҳозир 3500 сентрифугаи лозим барои ғанисозии ураниум насб шудааст, ки назар ба авоили сол каме бештар будааст.

Ғуломҳусайни Илҳом, сухангӯи давлати Эрон, рӯзи шанбе гуфт, тавқифи ғанисозӣ ҷойи музокирот надорад, ки чунки, ба эътиқоди ӯ, ҳаққи Эрон ба пешбурди фанновариҳоро зери суол қарор медиҳад. Баҳмани Оғоии Дебо, таҳлилгари масоили энержӣ, мегӯяд, гузориши Ожонси байнулмилалии назорати нерӯи ҳастаӣ баёнгари норизоияти ин созмон аз мизони ҳамкориҳои Эрон бо нозирони байнулмилалист.

Аммо бардоштҳо аз ин гузориш хеле мухталифанд. Ҷониби Эрон вале бештар ба ҷанбаҳои мусбати ин гузориш таъкид мекунад. Манучеҳри Муттакӣ, вазири хориҷаи Эрон гуфт, ин гузориш кадом ҷанбаи хоси манфӣ надорад. Алиасғар Султония, сафири Эрон дар Ожонси назорати нерӯи ҳастаӣ, гуфт, ин гузориш ҳокист, шавоҳиде, ки аҳдофи низомӣ доштани фаъолиятҳо ва маводи ҳастаии Эронро собит кунад, мавҷуд набудааст.

Бо ин ҳол, Алии Лориҷонӣ, раҳбари пешини ҳайъати Эрон дар музокироти ҳастаӣ ва раиси кунунии порлумони Эрон, рӯзи чоршанбеи гузашта ҳушдор дод, ки Теҳрон метавонад мизони ҳамкориҳояш бо ин созмонро бознигарӣ кунад. Ва албатта, ба самти коҳиш. Ин дар ҳолест, ки вокуниши кишварҳои ғарбӣ ба гузориши ахири МАГАТЭ аз дидгоҳи Теҳрон ба ин масъала комилан фарқ мекунад.

Грегори Шулт, фиристодаи Амрико дар Ожонси байнулмилалии назорати нерӯи ҳастаӣ, дар ҳафтаи гузашта гуфт, ин гузориш бо тамоми ҷузъиёташ нишон медиҳад, ки Эрон мебоист чӣ қадар масоилро шарҳ медод ва дар ин амр чӣ қадар кӯтоҳӣ кардааст. Вазири хориҷаи Амрико Кондолиза Райс низ ташреҳи Эрон пиромуни масоили омада дар ин гузоришро тақозо карда ва ҳамтои фаросанвии ӯ Ҳерве Морин гуфтааст, Эрон бояд дари куллия таъсисоти ҳастаияшро ба рӯи нозирони байналмилалӣ боз карда, гумонҳои мавҷуда дар бораи табиъати низомӣ доштани барномаҳои ҳастаияшро рафъ кунад.

Аммо сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон Муҳаммад Алӣ Ҳусайнӣ гуфт, ки агар созмони байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ таҳти таъсири мудавоми як ё ду кишвари мушаххас намерафт, метавонист гузориши аз ин беҳтаре таҳия кунад. Ишораи намояндаи расмии Эрон сароҳатан ба он кишварҳои ғарбист, ки ба бовари онҳо, Эрон мехоҳад дар зери либоси барномаи тавлиди нирӯи ҳастаӣ ба сохтани таслиҳоти ҳастаӣ даст биёбад. Аммо Теҳрон ҳамеша ба табиъати сирф мусолиматомез доштани барномаҳои ҳастаияш исрор меварзад.

XS
SM
MD
LG