Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Намояндагони парлумони Эрон гузоришеро мунташир кардаанд, ки дар он собиқ додситони шаҳри Теҳрон дар марги дастикам 3 зиндонӣ гунаҳгор дониста мешавад.

Ин афрод барои ширкат дар тазоҳуроти зиддидавлатӣ баъд аз интихоботи зиддунақизи раёсати ҷумҳурӣ ба зиндон афканда шуда буданд.

Дар натиҷаҳои расидагии як кумиссиюни парлумонӣ, ки рӯзи якшанбе мунташир шуд, гуфта мешавад, ки додситон Сайид Муртазавӣ дастур додааст, ки бо вуҷуди набуди ҷой дар зиндони Каҳрезак 145 боздоштшударо ба ин зиндон фиристанд. Бино ба хабарҳо, ин се нафар дар натиҷаи латукӯб, набуди ғазои зарурӣ ва хадамоти тиббӣ ҷон додаанд.

Дар ин гузориш (гузориши комиссиюни парлумони Эрон) гуфта мешавад, ки зиндониён дар зиндони Каҳрезак дар утоқе, ки системаи тасфияи ҳаво надошт, чаҳор рӯз бидуни ғизо ва хадамоти тиббӣ нигаҳдорӣ шудаанд ...
Парлумони Эрон ба таври расмӣ барои марги 3 нафар эътирозкунандагони зидди натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ додситони собиқи Теҳронро гунаҳгор донист. Ин афрод баъд аз интихоботи раёсати ҷумҳурии моҳи июли соли 2009 боздошт шуда буданд.

Натиҷаҳои расидагии кумиссиюни парлумон 10-уми январ чоп шудааст. Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки зиндониён дар зиндони Каҳрезак дар утоқе, ки системаи тасфияи ҳаво надошт, чаҳор рӯз бидуни ғизо ва хадамоти тиббӣ нигаҳдорӣ шудаанд.

Дар гузориши парлумон иддаои Муртазавӣ дар бораи ин, ки гӯё Мӯҳсин Руҳуламинӣ, Амир Ҷаводифар ва Муҳаммад Комронӣ аз бемории сармохӯрдагии сар ё менингит даргузаштаанд, инкор карда мешавад. Ин афрод 9-уми июл зиндонӣ шуда буданд.

Муртазавӣ, ки дар бозпурсиҳо, мурофиаи ислоҳотталабон ва мурофиаи тазоҳуркунандагони зиддиинтихоботӣ нақши калидӣ бозӣ кардааст, аз мақоми додситони шаҳри Теҳрон барканор ва раиси ожонсии мубориза бо қочоқи маводи мухаддир таъин шуда буд.

Дар гузориши намояндагони Маҷлис омадааст, бо вуҷуди ин ки дар зиндони Евини Теҳрон ҷои кофӣ вуҷуд дошт, Муртазавӣ зиндониёнро ба ҷануби Теҳрон ба зиндони Каҳрезак фиристодааст. Зиндонбонони Каҳрезак аз қабули зиндониён саркашӣ кардаанд ва гуфтаанд, ки барои зиндониён ҷой ба андозаи кофӣ вуҷуд надорад, вале Муртазавӣ пофишорӣ кардааст, ки зиндониён пазируфта шаванд.

Зиндони Каҳрезак дар охири моҳи июл ба дастури Оятуллоҳ Хоманеӣ, раҳбари рӯҳонии Эрон, ба сабаби мавридҳои марги зиндониён, иддао дар бораи таҷовуз ба номус ва шиканҷаи зиндониён баста шуд.

Хонум Насрин Сутуда, мудофеи ҳуқуқ, ки аз зиндониён намояндагӣ мекунад, ба радиои Озодӣ гуфт, бояд ба ин иддао дубора расидагӣ сурат бигирад. Вай афзуд, «кумиссиюни марбут ба Маҷлис наметавонад ба чунин иддаое расидагӣ кунад, чун ин иддао муҳтоҷи анҷоми таҳқиқоти қаззоӣ ҳаст. Ба ҳамин далел ҳам оқои Каррубӣ ҳушмандона гуфтанд, ки фақат ҳозиранд мадорики худашонро дар ихтиёри раиси қувваи қаззоия бигзоранд. Бояд додгоҳе ташкил шавад, то ин мадорик дар ихтиёри қозии расидагикунанда қарор бигирад".

Кумиссиюни расидагии Маҷлиси Эрон аз ҳисоби 6 нафар аъзои маҷлис, аз ҷумла аз ҳисоби аъзои муҳофизакор ва ислоҳталаби он, ташкил шуда буд. Мухолифони давлати Эрон иддао мекунанд, ки ҳангоми саркӯбии эътирозгарон, дастикам 80 нафар кушта шудаанд ва тазоҳуроти эътирозӣ ба нооромиҳои сиёсӣ табдил ёфтааст. Аммо мақомоти давлатӣ гузориш медиҳанд, ки шумораи кушташудагон ба 40 нафар мерасад.

Моҳи августи соли гузашта фармондеҳи пулиси Эрон эътироф кард, ки баъзе аз зиндониёни Каҳрезак мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд ва он вақт вай раиси ин зиндонро аз мақомаш барканор кард. Вале мақомот танҳо дар моҳи декабр эътироф карданд, ки 3 нафар дар натиҷаи азияту озор дар ин зиндон даргузаштаанд.
XS
SM
MD
LG