Пайвандҳои дастрасӣ

Эъломи рӯзи интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон


Роза Отунбоева, раисиҷумҳури Қирғизистон

Роза Отунбоева, раисиҷумҳури Қирғизистон

Раисиҷумҳури Қирғизистон Роза Отунбоева эълон кард, ки давлати ӯ интихоботи парлумони ин кишвари Осиёи Марказиро рӯзи 10 октябр баргузор хоҳад кард. Давлати Қирғизистон хеле муддат мунтазири беҳбуди авзоъ дар ҷануби кишвар буд, то рӯзи интихоботро таъйин кунад.

Ҷануби Қирғизистон, бавижа вилоятҳои Ӯшу Ҷалолобод дар моҳи июн шоҳиди хушунатҳои хунини қавмӣ байни қирғизҳову узбакҳо шуда буд. Бар асари ин хушунатҳо беш аз 300 нафар куштаву садҳо ҳазори дигар беҷо шуданд ва давлат маҷбур шуд, вазъи изтирорӣ ҷорӣ кунад.

Акнун ба муҷарради беҳтар шудани авзоъ вазъи изтирорӣ лағв ва шароит барои баргузории интихобот муҳайё шудааст. Хабарнигори Радиои Озодӣ Брюс Паннер, ки дар ин чанд моҳи охир чандин бор ба Қирғизистон сафар кардааст, як силсила арқоми марбут ба интихоботи қарибулвуқӯъи Қирғизистонро ба шакли суолуҷавоб пушти ҳам чидааст.

Суол: -Қирғизистон дар моҳи декабри соли 2007 интихоботи парлумонӣ дошт. Зарурати дар ҳамагӣ камтар аз 3 соли гузашта аз он раъйгирӣ барпо кардани интихоботи ҷадид чист?

Брюс Панниер, коршиноси Озодӣ, мегӯяд, эҳтимол дорад аҳзоби ноком дар интихоботи парлумонии Қирғизистон ба сафи мухолифини давлати нав бипайванданд
Брюс Паннер:
-Интихоботи моҳи октябр дар ҳоле доир мешавад, ки Қирғизистон дар ҳамагӣ камтар аз 3 соли пеш, дар моҳи декабри соли 2007 интихоботи парлумонӣ барпо карда буд. Дар он раъйгирӣ барои бори аввал дар таърихи кӯтоҳи кишвар ҳизби ҳокими Оқжол, ки аз ҷониби раисиҷумҳури вақт Қурмонбек Боқиев пуштибонӣ мешуд, ба қудрат расид. Боқиев бо кӯмаки Оқжол ба Қонуни асосӣ тағйироте ворид кард, ки ба дасти раисиҷумҳур салоҳиятҳои хеле зиёдтаре медод.

Аммо Боқиев дар натиҷаи ошӯбҳои моҳи апрели соли равон барканор шуд ва ҳукумати муваққате, ки омад, парлумонро мунҳал кард. Ҳукумати муваққат дар моҳи июн дар як раъйпурсии саросарӣ тарҳи навии Қонуни асосии Қирғизистонро тасвиб кард, ки нахустин низоми парлумонӣ дар Осиёи Марказиро ҷорӣ мекунад. Низоми парлумонӣ дар Тоҷикистон низ аз поёни соли 1992 то соли 1994 ҳоким буд, вале баъдан барҳам хӯрд ва дар ивазаш низоми президентӣ ҷорӣ шуд. Аммо дар Қирғизистон бо тасвиби Қонуни асосӣ ва мунҳал шудани парлумони қадим зарурати интихоботи ҷадиди парлумонӣ пеш омад.

Суол: -Оё сохтори парлумони ҷадид низ тағйир хоҳад кард?

Брюс Паннер: -Парлумонии қаблии Қирғизистон якмаҷлисӣ ва иборат аз 90 вакил буд. Ҳайъати нави маҷлис иборат аз 120 вакил аст, вале ягон ҳизб ҳаққи бурдани беш аз 65 курсии вакилиро надорад. Ҳадаф аз ин иқдом ҷилавгирӣ аз мутамарказ шудани қудрат дар дасти як ҳизб аст, ки ҳизби ғолибро ба ташкили эътилоф бо аҳзоби дигар ташвиқ хоҳад кард.

Нуктаи дигари муҳим барои бори аввал дар таърихи Қирғизистон маҳз дар парлумон интихоб шудани сарвазир аст, ки раҳбарии давлатро бар ӯҳда хоҳад гирифт. Раисиҷумҳур дар ин низоми ҷадид, назири ҳамтоёни кунуниаш дар Олмон ва ё Ҷумҳурии Чех маҳдуди умури сиёсӣ хоҳад шуд.

Суол: -Чанд ҳизбу ҷунбиши сиёсӣ метавонанд дар интихоботи ҷадид ширкат кунанд?

Брюс Паннер: -Феълан дар Қирғизистони ҷамъияташ иборат аз наздики 5 миллиону 400 нафар 148 ҳизбу ҷунбиши сиёсӣ сабтином шудаанд, вале ғолибан танҳо камтар аз нисфи ин аҳзоб дар интихоботи 10 октябр ширкат хоҳанд варзид ва ба бовари аксари таҳлилгарон, аз ин шумор ҳам танҳо 5 ило 6 ҳизб метавонанд ба парлумони оянда роҳ биёбанд.

Суол: -Аҳзоби сиёсии Қирғизистон оё чӣ миқдор тарафдор доранд? Хатти машши онҳо то куҷо аз ҳам фарқ мекунад?

Брюс Паннер: -Теъдоди ангуштшумори аҳзоб дар Қирғизистон беш аз 10 000 узви сабтиномшуда доранд. Вале суол ин ҷост, ки аҳзоби сиёсии Қирғизистон аз нигоҳи хатти машш ва барномаҳои сиёсии худ бо чӣ фарқ мекунанд? Фарҳанги сиёсии ҳоким бар Қирғизистон асосан рӯи шахсиятҳо ҳисоб мекунад ва аксари мардум аҳзобро бо номи раҳбаронаш мешиносанд. Барои мисол, ҳизби Оруномуси Феликс Қулов, ё Отамакони Омурбек Текебоев ваё сотсиал-демократ, ки раҳбараш Алмос Ҳотамбоев аст. Ва аксар дар Қирғизистон ҳамин гуна бар пояи таваҷҷӯҳ ба шахси раҳбараш ба ин ё он ҳизб раъй медиҳанд.

Аммо барномаҳои сиёсии аҳзоб баъзан чунон нофаҳмост, ки бархе хатти машши ҳизбҳоро аз дохили сӯҳбатҳои раҳбаронаш меҷӯянд, то аз барномаи расмиаш.

Зимнан дар остонаи интихоботҳо бархе аҳзобу ҷунбишҳои Қирғизистон барои боло бурдани имкони пирӯзӣ бо ҳам эътилоф мебанданд. Аз ин рӯ, эҳтимоли ба ҳам омадани бархе аз ин аҳзоб дар пешорӯи интихоботи 10 октябрро низ набояд сарфи назар кард.

Суол: -Ин интихобот ҳамагӣ чанд моҳ баъд аз ошӯбҳои хунини ҷануби Қирғизистон мегузарад. Оё эҳтимоли бурузи ошӯбҳои нави иҷтимоӣ дар ҷараёни корзори пешазинтихоботӣ ва баъд аз раъйгирӣ то куҷо воқеъист?

Брюс Паннер: -Ошӯбҳои қавмӣ байни қирғизҳову узбакҳо дар ҷараёни муборизаҳои пешазинтихоботӣ ва шояд баъд ҳам вазъи ҷанубро дар ҳоли танишолуда нигоҳ хоҳад дошт. Ҷамъияти узбакҳо мехоҳад номзадҳои узбак низ ба парлумон интихоб ва ба мақомҳои давлатӣ интисоб шаванд. Қирғизҳои ҷануб аммо шояд назари комилан мухолиф доранд ва талош биварзанд, то шумори камтари узбакҳо ба парлумон ва мансабҳои давлатӣ роҳ биёбад.

Мушкили дигар сабти номзадҳост. Дар интихоботҳои қаблӣ номзадии шахсиятҳои маъруф ё аслан сабт нашуд ва ё дар ҷараёни корзор бо баҳонаи мухталиф лағв карда шуд. Барои мисол, дар интихоботи парлумонии соли 2005 ҳатто номзадии раисиҷумҳури кунунӣ Роза Отунбоеваро лағв карда буданд.

Дар гузашта мавридҳои талоши афроди марбут ба гурӯҳҳои ҷиноӣ барои роҳ ёфтан ба парлумон низ мушоҳида шудааст, ки як намунаи барҷастааш Ризқбек Аҳмадбоев, як чеҳраи маъруф дар олами ҷиноии Қирғизистон аст, ки баъдан кушта шуд.

Аммо мушкилоти аслии интихоботҳои қаблии Қирғизистон баъди анҷоми раъйгирӣ буруз мекард ва бо муттаҳам шудани масъулини интихобот ба тақаллуби натоиҷ ва бархӯрди муғризона поён меёфт. Давлати Роза Отунбоева давлатест ҷадид ва метавонад ин бор барои чунин иттиҳомот баҳона надиҳад. Вале қарори маълум, на ҳамаи муддаиён ба курсии вакилӣ даст меёбанд ва афроди шикастхӯрда маъмулан интихоботро ғайриодилона хонда, тарафдорони худро барои эътироз ба хиёбонҳо даъват мекунанд. Вале ҳадди ақали интизорот ин аст, ки афроду аҳзоби ноком дар интихоботи 10 октябр баъд аз ин маърака ба сафи мухолифини давлати ҷадид хоҳанд пайваст.
XS
SM
MD
LG