Пайвандҳои дастрасӣ

Сӯҳбати Озодӣ бо ёвари Ҳилларӣ Клинтон


Филип Гордон, ёвари вазири корҳои хориҷии ИМА

Филип Гордон, ёвари вазири корҳои хориҷии ИМА

Ахиран Филип Гордон, ёвари вазири корҳои хориҷии ИМА дар умури Аврупо ва Авроосиё, бо хабарнигори Радиои Озодӣ дар Вашингтон мусоҳиб шуда, дар бораи мавқеи ИМА дар масъалаҳои мухталиф, аз ҷумла равобит бо Русияву собиқ ҷамоҳири шӯравӣ ва ҳузури нерӯҳои НАТО дар Афғонистон табодули назар кард.

Ибтидо хабарнигори Радиои Озодӣ Ҳезер Маҳер аз қазияҳои куштори ҳомиёни ҳуқуқ ва хабарнигорон Анна Политковская, Пол Хлебников, Сергей Магнитский ва дигар ёдовар шуд ва аз ёвари котиби давлатӣ Филип Гордон пурсид, ки оё аснои дидору гуфтугӯ бо мансабдорони баландпояи Русия таҳқиқи ин ҳодисаҳо низ арзёбӣ мешавад?

Филип Гордон гуфт: «Вақте президенти ИМА барои мулоқот бо ҳамтои русиаш аз Маскав зиёрат кард, тахминан нисфи сафарро гуфтугӯ бо пешвоёни ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, раҳбарони ҳизбҳои мухолиф, ва донишҷӯён ташкил дод. Мо ба раҳбарони Русия нишон додем, дар баробари ҳамкорӣ бо ҳукумати ин кишвар, ки хеле пешрафт дорад, барои мо вазъи ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳокимияти қонун ва демократия хеле муҳим аст».

Дар идомаи сӯҳбат хабарнигори Радиои Озодӣ ба амалиёт дар Афғонистон руҷӯъ намуд. Моҳи равон дар шаҳри Лиссабон дар нишасти раҳбарони кишварҳои узви паймони НАТО амалиёти эътилофи байналмилалии зери раҳбарии ИМА дар Афғонистон баҳс мешавад.

Хабарнигори Радиои Озодӣ аз ёвари котиби давлатии ИМА пурсид: "Оё ИМА интизор дорад, ки кишварҳои аврупоии узви НАТО ширкаташон дар ин амалиётро тавсеа мебахшанд?"

Ҷаноби Гордон гуфт: "Дар амалиёти Афғонистон 49 кишвар ширкат дорад. Дар Афғонистон 40 ҳазор сарбози кишварҳои аврупоӣ ҳузур дорад ва мамолики аврупоӣ кумаки бузурги молӣ низ мерасонанд. Ин амалиёти паймон дар шакли дастаҷамъӣ мебошад ва аз ин рӯ масъала дар нишасти Лиссабон ҳам матраҳ хоҳад шуд, то бори дигар садоқати аъзои НАТО ба амалиёт дар Афғонистон таъкид шавад. Тавре медонед, маъмурияти ИМА ба тамрини нерӯҳои амниятӣ таваҷҷӯҳ дорад, то бо мурури замон масъулият ба дасти мақомоти афғон гузарад. Президенти Афғонистон хоҳиш кардааст, ки ин амал дар соли 2014 ба вуқӯъ пайвандад."

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар ин сӯҳбат бо ишора ба сафари ахири дабири кулли паймони НАТО Андерс Фог Расмуссен ба Маскав хотирнишон кард, рӯзномаҳои Русия менависанд, ки гӯё ба ҳамин зудиҳо аҳдномаи ҳамкории НАТО ва Русия дар умури Афғонистон ба имзо мерасад ва эҳтимол Маскав аз НАТО дархост кунад, ки ҳузураш дар Аврупои шарқиро маҳдуд намуда, масъалаи бунёди сипари зиддимушакиро аз байн барад.

Дар ин бора ёвари котиби давлатии ИМА Филип Гордон мегӯяд: "Ман дар бораи гузориш пиромуни хабарҳое, ки худам надидаам, чизе намегӯям. Дар ҳақиқат кумаки Русия дар амалиёти Афғонистон рӯ ба афзоиш аст. Соли гузашта вақте президен Обама дар Русия буд, ду кишвар дар масъалаи транзити молу коло ба Афғонистон мувофиқат карданд ва воқеан Русия дар гуногун сохтани роҳҳои интиқоли бор ба Амрико ёрӣ расонд. То ҷое медонам, интиқоли борҳоро созиши Русияву НАТО мадди назар дорад ва ҳоло баҳс дарм асъалаи тавсеаи он меравад. Ман дақиқ намедонам, ки рӯзномаҳои русӣ дар бораи кадом санад ҳарф мезананд ва аз ин рӯ шарҳе нирз дар ин бора надорам. Бахши дуюм суоли шумо ба иртибот миёни ҳамкориҳои НАТО-ву Русия ба муомилаи паймон бо аъзои наваш марбут аст. Ба таври возеҳ мегӯям, ки НАТО бо тақозои касе аъзои ин паймонро гурӯҳбандӣ намекунад. Хуллас, ин масъала вуҷуд надорад."

Дар поёни сӯҳбат Филип Гордон ба эътирози Сербия дар мавриди эътирофи истиқлоли Косово ишора карда гуфтааст, агар ҳар ду кишвар ба узвияти иттиҳодияи Аврупо пазируфта шаванд, ин мушкил ҳам аз байн меравад. Сарфи назар аз он, даҳҳо кишвари олам Косоворо ҳамчун кишвари соҳибистиқлол эътироф кардаанд, Сербия онро вилояти ҷудоихоҳ мешуморад.

XS
SM
MD
LG