Пайвандҳои дастрасӣ

М. Волф: Низоми молии ҷаҳон тағйир меёбад


Мартин Волф, шореҳи рӯзномаи бритониёии "Financial Times’" дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ бӯҳрони молии ҳозира ва таъсири он ба ИМА ва ҷаҳонро баҳс намуд.

Ба ақидаи Мартин Волф, тарзи рушди низомҳои моливу иқтисодии кишварҳои гуногуни олам, ки дар тӯли тақрибан 30 соли ахир ИМА-ро намуна гирифта, ба он пайравӣ мекарданд, зоҳиран ба анҷом мерасад. Вай меафзояд, сабаби рушди низоми молии ИМА ва эътимод ба он рушди тадриҷии низом буд.

Мартин Волф мегуяд, муҳимтарин бахши низоми молии ИМА тавсеаи равобит аз қарзи оддӣ ба фаъолиятҳои омехта буд. Дар ин низоми молӣ бонкҳо қарз медоданд, хазина барои қарзгирандагон таҳия мекарданд, сипас ин хазинаҳоро ба ҷониби сеюм ҳамчун сармоягузории дарозмуддат ба бунёдҳои нафақа, ширкатҳои бима ва ниҳодҳои шабеҳи он тақдим менамуданд.

Мартин Волф эътироф мекунад, ки бӯҳрони кунунӣ ба қадри кофӣ печидаву нав аст. Аз ин рӯ наметавон бо итминон гуфт, ки ин оғози бӯҳрон аст ва ё интиҳои он. Волф меафзояд, зоҳиран, идомаи поинравии нархи хона дар ИМА қарзгирандагонро дар ҳоли ногувортаре қарор медиҳад, зеро қарзи онҳо ба бонкҳо аз қимати хонаҳояшон бештар хоҳад шуд. Ин амал бешак таъсири даҳшатнок хоҳад дошт.

Суол: Бархе аз ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ, ки дорои захираи бузурги маводи сӯхт мебошанд, аз болоравии нархи нафту газ мафоди зиёде ба даст меоранд. Оё амиқрафти бӯҳрон ба ин кишварҳо таъсире нахоҳад дошт ва боз шоҳиди аз байнравии ҳубобҳои нав намешавем?

Мартин Волф: Ин суоли бузург аст. Бо назардошти болоравии нархи ашё дар моҳҳои ахир шояд аносири шабеҳи ҳубоб дар ин ҷо ҳам ба мушоҳида расад. Аммо зоҳиран ин фақат инъикоси поинравии қурби доллар аст. Чунки дар муқобили евро нархҳо зиёд тағйир наёфтаанд. Ҳамчунон дар давоми чор-панҷ соли ахир пай бурдаам, ки болоравии нархи ашё бештар ба тағйири сохторӣ иртибот мегирад. Тақозо ба ашёи хом дар кишварҳои рӯ ба рушди монанди Чин афзоиш меёбад.

Суол: Даҳҳо кишвари олам дорои худро дар шакли доллари ИМА нигаҳ медоранд. Ҳар гоҳе, ки бонки марказии ИМА фоизи бонкиро поин мебарад, қурби доллар ҳам поин шуда, дороии ин кишварҳоро барбод медиҳад. Оё хавфе вуҷуд дорад, ки ин кишварҳо аз доллар рӯ гардонанд?

Мартин Волф: Ҳеҷ кас намедонад, ки дар бонкҳои хориҷӣ чӣ миқдори доллар ҳифз шудааст. То ҷое мо тахмин мекунем, ки тақрибан 4 триллион доллар ва ё маблағи наздик ба чоряки тавлиди нохолиси миллии ИМА ба хориҷиён марбут аст. Агар ин кишварҳо роҳи халосӣ аз долларро пеш гиранд, дар ҳақиқат вазъ ногувор мешавад. Эътимод аз байн меравад ва сектори хусусӣ дарк мекунад, ки чӣ раванде ҷараён дорад. То кунун фақат шумори хеле хурде ин роҳро ихтиёр кардааст. Барои Чину Ҷопон барин кишварҳои абарқудрат, ки 40% дорои худро дар шакли доллар нигаҳ медоранд, халосшавӣ аз доллар хеле гарон хоҳад буд.

Шореҳи рӯзномаи британиявӣ бо ишора ба бӯҳрони солҳои сиюми қарни гузашта таъкид мекунад, ки эҳтимол баъди берунрафт аз вазъи феълӣ ҳукуматҳо низоми молиро зери назорати шадид қарор медиҳанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG