Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тазоҳуроти интернетӣ барои озодии баён


Тазоҳуроти интернетӣ барои озодии баён 24 соат идома мекунад

Тазоҳуроти интернетӣ барои озодии баён 24 соат идома мекунад

Чоршанбе, 12 март бо ташаббуси Созмони фаронсавии "Гузоришгарони бидуни марз" чун рӯзи озодии баён дар Интернет таҷлил шуд.

Ва дар робита ба ин сана дар саҳифаи интернетии ин созмон як намоиши эътирозии виртуалӣ ташкил шуд. Эътирози интернетӣ, ки 24 соат идома меёбад, ҳадаф дорад, назару ақидаҳои мардуми саросари ҷаҳонро роҷеъ ба озодии баён дар кишварҳояшон ҷамъоварӣ ва инъикос кунад. Дар соатҳои аввали тазоҳуроти виртуалӣ ман бо яке аз масъулини "Гузоришгарони бидуни марз" дар Париж тамос гирифтам ва дар бораи ҷараёни ин эътирози виртуалӣ пурсидам.

Хонум Клотил Лекоз гуфт, кори ин намоиш хуб пеш меравад ва аллакай чандин нафар аз Чин, Ветнам, Бирма ва дигар кишварҳо иштирок карданд. Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки ба ҳамин тарз дар давоми 24 соат мардум дар ин тазоҳуроти виртуалӣ иштирок хоҳанд кард.

Созмони "Гузоришгарони бидуни марз" бо нашри гузорише мегӯяд, дар ҷаҳон баъзе давлатҳои автократӣ ё худкома талош доранд дастрасӣ ба Интернет, озодии баён дар ин шабакаи ҷаҳониро маҳдуд кунанд. Дар миёни 15 кишвари поймолкунандаи озодии баён дар Интернет ва ё душманони Интернет исми се ҷумҳурии собиқи шӯравӣ - Беларус, Ӯзбакистон ва Туркманистон зикр мешавад.

Клотил Лекоз, ки як масъули умури Осиёи Марказӣ дар Созмони "Гузоришгарони бидуни марз" мебошад, гуфт, фаъолияти Интернет дар Осиёи Марказӣ маҳдуд аст ва хабарнигорон на ҳама маълумоти ҳақиқиро, ки дар даст доранд, метавонанд рӯи об биёранд.

Вай афзуд, дастрасӣ ба маълумоти интернетӣ дар минтақа шадидан таҳти контрол мебошад. Масалан дар Тоҷикистон, ба хотири котроли Интернет раиси ҷумҳурӣ тасмим гирифт, ки августи соли гузашта дар Қонуни ҷиноии кишвар як иловае ворид карда, муҷозотро барои каҷравиҳои интернетӣ ҷорӣ кунад. Ба гуфтаи Клотил Лекоз, ин маънои онро дорад, ки дар чашми мақомот ва ҷомеаи ин кишвар, Интернет дар баробари матбуоти даврӣ аз лиҳози ирсоли паёму иттилоот муҳим арзёбӣ мешавад.

Таҳқиқоти созмони "Гузоришгарони бидуни марз" ҳокӣ аз он аст, ки дар аксар манотиқи ҷаҳон, ба шумули Тоҷикистон ҷавонҳо муҳимтарин бахши корбарони интернетиро ташкил медиҳанд. Онҳо фаъоланду дар табодули маълумот миёни ҳам босуръат амал мекунанд ва аксар муаллифони саҳифаҳои интернетиву блогҳои хусусӣ маҳз ҷавонҳо мебошанд, ки дар кишварҳои худкома таҳти фишор қарор дошта бо маҳдудияти шадид рӯбарӯ ҳастанд.

Аз ин хотир, ҳадафи асосии ташкили тазоҳуроти эътирозии интернетӣ дар Рӯзи таҷлили озодии баён дар Интернет ҷалби бештари таваҷҷӯҳи ҷавонон мебошад. Клотил Лекоз афзуд, ки онҳо интизор доранд, корбарони ҷавони интернетӣ дарк мекунанд, ки нерӯи қавиеро ташкил медиҳанд, ки метавонад хостҳои худро бишнавонанд ва роҷеъ ба ноадолатиҳои сиёсву поймолашвии ҳуқуқ ва озодии баён ошкоро ва бемаҳдудият сӯҳбат кунанд.

XS
SM
MD
LG