Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи ҷумъа низ нерӯҳои вижаи Ҳиндустон, ки бо номи «коммандос» машҳуранд, барои зери назорат даровардани шаҳри Мумбай амалиётро идома доданд.

Мумбай ба унвони маркази молии Ҳиндустон шӯҳрат дорад. Ду рӯзи пеш тундравҳои машкуки исломӣ ба даҳҳо маҳалли пуродам дар ин шаҳр ҳамла бурданд. Меҳмонсароҳои муҷаллали "Тоҷмаҳал", "Оберой", истгоҳи роҳи оҳан ва маркази яҳудиён дар Мумбай аз ҷумлаи чунин ҷойҳо ба шумор меравад. Субҳи рӯзи ҷумъа дар ҷараёни як амалиёт даҳҳо нафар гаравгонон аз меҳмонсарои "Трайдент Оберой" озод шуданд ва мақомот мегӯянд, ки ҳоло ин меҳмонсаро зери контроли нерӯҳои интизомӣ даромадааст.

Инфиҷорҳои шадид ва тирандозиҳо барои чанд соат дар меҳмонсарои "Тоҷмаҳал" идома дошт. Фармондеҳи гурӯҳи коммандос дар ин меҳмонсаро, ки дар чашм айнаки сиёҳ дошт ва ниқоб бар рӯ кашида буд, бо суханони чидаву қотеъ ва лаҳни ҷиддӣ дар бораи ҳамлаварон сӯҳбат мекард. Вай ҳуввияти худро ба рӯзноманигорон ошкор накард, вале гуфт, ки дар дохили меҳмонсаро ҷасадҳои зиёдеро дидааст, ки дар гушаҳои мухталиф мехобидаанд.

Сафорати Исроил мегӯяд, дар маркази яҳудиён то 20 нафар яҳудиён боздошт шудаанд ва ё ба гаравгонӣ даромадаанд. Коммандос гуфтааст, амалиёт дар ин марказ ба поён расидааст. Хабаргузории Ассошиейтед Пресс навиштааст, ки дар натиҷаи ҳамлаи тундравҳо дар Мумбай 143 нафар кушта шудаанд. Ҳудуди 300 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Тундравҳо ҳамлаҳои ҳамоҳангшудаи худро шаби чаҳоршанбе оғоз карданд ва дар роҳи худ ба маҳаллоти ишғолшуда куштаҳову харобиҳо бар ҷой гузоштанд. Сайёҳони зиёд ва хориҷиён бо тарсу ҳарос аз маҳалли ҳодисаҳо фирор кардаанд.

Фаронса мегӯяд, барои ба ватан бозгардонидани аврупоиҳое, ки зери ҳамла мондаанд, ба Мумбай як ҳавопаймо фиристодааст. Вазорати хориҷаи Испониё ва Олмон низ дархост кардаанд, ки бо ин ҳавопаймо шаҳрвандони онҳоро низ баргардонанд. Дар гузашта як гурӯҳи номаълуми тундрави исломӣ бо номи «Деккан Муҷоҳиддин» аз кӯҳистони Деккан иддао карда буд, ки масъулияти хунрезиҳо дар саросари Ҳиндустонро бар ӯҳда гирифтааст.

Як тундрави исломӣ аз меҳмонсарои Трайдент Оберой рӯзи панҷшанбе ҳангоми гуфтугӯи телефонӣ бо телвизиёни Ҳиндустон тақозо кард, ки ҳамаи тундравҳои исломӣ аз зиндонҳои Ҳиндустон озод карда шаванд. Баъд аз ин иддао мақомоти расмии Ҳиндустон билофосила ангушти ишора ба сӯи Покистон бардоштанд. Манмуҳон Сингҳ, нахуствазири Ҳиндустон, гуфтааст, ин тундравҳо аз хориҷ омадаанд. Маъмулан бо чунин суханон мақомоти Ҳиндустон ситезаҷӯёни Покистони ҳамсояро дар назар доранд.

Пранаб Мукҳерҷӣ, вазири хориҷаи Ҳинд, ба хабарнигорон гуфтааст, ки баъзе унсурҳо дар Покистон масъули ҳамлаҳои террористии Мумбай мебошанд. Аммо Аҳмад Мухтор, вазири дифоъи Покистон, даст доштани кишвараш дар ин ҳамлаҳоро комилан рад кард.

XS
SM
MD
LG