Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангҳои атомӣ ва пайомадҳои онҳо


Донишмандони Амрико мегӯянд, агар Ҳинду Покистон бомбҳои атомии худро дар ҷанг истифода кунанд, 5 миллион тонн дуд атмосфераро фаро хоҳад гирифт.

Сипас гармии офтоб, зарраҳои олуда ва сиёҳро гарм карда ва то ба стратосфера - қабати болоии атмосфера мебарад, ки дар ин сатҳ дуд радиатсияи офтобро ҷабида, газҳои атрофи худро гарм мекунад ва бо барангехтани реаксияи кимиёвӣ қабати озонро медарад. Қабати озон он гуна ки медонем, мисли сипар ва ё чатри курраи замин аст ва ин хонаи ягонаи инсониятро аз нурҳои ултрабунафш ва зиёновари офтоб ҳифз мекунад.

Майкл Милз аз Озмоишгоҳи таҳқиқи атмосфера ва астрофизика мегӯяд, зимни таҳқиқ ошкор шудааст, ки дар сурати ба он ҳадд сӯхтани шаҳрҳо, пардаи озон дар тамоми курраи замин то 20 дар сад маҳв мешавад. Дар сатҳи болотар имкони то 70 дар сад нобуд шудани пардаи озон вуҷуд дошта ва ин ҷараён метавонистааст, то панҷ соли дигар идома кунад.

Ба гуфтаи олимон, худо накунад, ки чунин шавад, зеро бо хароб шудани чатри муҳими замин, нурҳои ултрабунафши офтоб ба осонӣ ба поён мегузарад ва сабаби бемориҳои саратон мешавад, ба чашму пӯст зиён мерасонад, ҳайвонотро маҷрӯҳ мекунад ва рустаниҳо низ аз таъсири манфии он бенасиб намемонанд.

Пештар ҳам олимон доир ба сӯхторҳои эҳтимолии ҷангҳои эҳтимолии минтақавӣ пажӯҳиш анҷом додаанд ва Майкл Миллзу ҳамкоронаш бо такя ба ин таҳқиқот ва модели комютерӣ ба чунин натиҷа расидаанд. Ҳоло ҳашт кишвари ҷаҳон дорои бомби атомӣ мебошанд ва мегӯянд, ки Ҳинду Покистон ҳарду 50 мушакӣ доранд ва ҳар яке баробари бомби атомие қудрат доранд, ки Амрико соли 1945 ба шаҳри Хиросимаи Ҷопон андохт.

Майкл Миллз мегӯяд, таҳқиқи онҳо имкон фароҳам мекунад, ки ангезаҳои нави харобкунандаи пардаи озон ва оқибатҳои як ҷанги хурди атомӣ дарк шавад. Ба гуфтаи вай, дуде, ки пас аз партоби бомби атомӣ, аз шаҳрҳои сӯхта бармехезад, бисёр хатарнок аст, чаро ки шаҳрҳои азими ҳозира аз ашёву ҷинсҳои гуногун сохта шудаанд.

Майкл Миллз мегӯяд, ягон навъи фалокатҳои табиӣ чунин дуди ғализро ихроҷ намекунанд, хокистари вулқонҳо, гарду чанг хосияти дигар доранд ва сӯхтори ҷангалзорҳо низ ба ҳадде зиёду сузон нест. Брайан Тим, муҳаққиқи дигар аз Колорадо, мегӯяд, тассавуроти пешин, ки ҷанги минтақавии хурди ҳастаӣ сабаби фалокатҳои азим намешавад, дуруст набудааст. Вай мегӯяд, пажӯҳиши онҳо собит мекунад, ки як ҷанги хурди минтақавии атомӣ бо даридани пардаи озон, мисли як ҷанги саросарии атомӣ фалокатҳои азимеро ба сари инсоният меорад.

XS
SM
MD
LG