Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳинд: Фалокати маргбор ҳини маросими мазҳабӣ


Шикастани девораи оҳанин дар роҳ сӯи ибодатгоҳ ва бесомонӣ миёни зойирин дар Химичал-Прадеши Ҳиндустон боиси ҳалокати 145 нафар гардид.

Ба иттилоъи хабаргузориҳо, бештари қурбониёни ин ҳодиса занону кӯдаконанд. Гуфта мешавад, ки зойирин ба ин ибодатгоҳ барои таҷлили ҷашни Шраван Навратрас мерафтанд.

Ибодатгоҳи Найна Девӣ, ки фоҷеъа он ҷо рух додааст, дар қуллаи кӯҳ ва дар 160-километрии шимоли шаҳраки Шимла воқеъ аст. Тақрибан 4 километри роҳ то ибодатгоҳ - пайраҳаи танги кӯҳист ва гуфта мешавад, ки замони рух додани ҳодиса дар он аз 20 то 25 ҳазор зойирин ҷамъ омада буданд.

Бархе аз хабаргузориҳо навиштаанд, ки барои адои маросими мазҳабӣ дар ибодатгоҳи Найна Девӣ тақрибан 50 ҳазор нафар зойирин вориди ин мавзеъ шудаанд.

Раиси полиси маҳаллӣ ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки айни ҳол мақомоти ҳифзи тартибот фақат ба наҷоти зойирин машғуланд. Тафтиши ҳодиса баъдан шурӯъ хоҳад шуд. Гуфта мешавад, ки соли равон бори саввум аст, ки дар Ҳиндустон ин гуна ҳодиса рух медиҳад ва аммо барои нахустин бор теъдоди қурбониён ин қадар зиёд аст.

XS
SM
MD
LG