Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешгӯӣ: Бӯҳрон ба дарозо хоҳад кашид


Дар як гузориши худ Сандуқи байнулмилалии пул навиштааст, ки рукуди саросарии феълӣ тулонитарин давраи рукуд аз замони ҷанги дуюми ҷаҳонӣ буда, эҳтимол беруншавӣ аз он муддати бештареро дар бар гирад.

Дар як пажӯҳиши рушди ҷаҳонӣ, ки миёнаҳои моҳи апрел ба табъ расид, Сандуқи байнулмилалии пул таъкид кардааст, кишварҳои Аврупои Шарқӣ беш аз дигар гӯшаҳои олам азият хоҳанд каршид, зеро дар ин кишварҳо гузариш аз сохтори зери назорати коммунистон такмил наёфта, ин кишварҳо аксаран вобастаи бонкҳои ғарбӣ мебошанд.

Дар гузориши Сандуқи байнулмилалии пул таъкид шудааст, ки шояд кишварҳои Аврупои Шарқӣ беш аз ҳама таъсири манфии рукудро эҳсос намоянд, зеро бӯҳрони саросарии бонкӣ вуруди сармояи бонкҳои ғарбӣ ба ин мамоликро коҳиш додааст.

Стивен Данигер иқтисодшиноси баландпояи Сандуқи байнулмилалии пул аснои муаррифии гузориши ин муассисаи байналмилалии молӣ дар Вашингтон гуфт, "ба назар мерасад, ки дар бӯҳрони кунунӣ пайвастагии қарздиҳии бонкҳо мояи фишор буда, сарчашмаи асосии он Аврупои Ғарбӣ мебошад. Ин омил тааҷҷубовар нест. Аз миёнаҳои солҳои навадуми қарни гузашта бонкҳои Аврупои ғарбӣ сарчашмаи асосии вуруди пул ба иқтисодҳои пайдошавандаи Аврупои шарқӣ будааст. Шояд ҳамин сабаб бошад, ки бӯҳрони саросарии молӣ ба Аврупои зуҳуркунанда тасири амиқ гузоштааст."

Сандуқи байнулмилалии пул бо чандин кишвари Аврупои Шарқӣ ҳамкорӣ дорад, то касри буҷаашонро коҳиш дода, зербинои аз давраи ҳукми коммунистон мерос мондаро ислоҳ намояд. Ба қавли Данигер беҳтарин роҳи ислоҳот ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя аст.

Шореҳи дигари амрикоӣ Террӣ Миллер, раиси Маркази тиҷорати ҷаҳонӣ ва иқтисод дар Хазинаи "HARITAGE", аз натиҷагирии пажӯҳиши Сандуқи байнулмилалии пул пуштибонӣ намуда, мегӯяд, дар ҳақиқат дар давраи бӯҳрони саросарии молӣ кишварҳои Аврупои шарқӣ беш аз ҳама осебпазир мебошанд:

"Дар давоми 15 соли ахир иқтисодҳои Аврупои шарқӣ ба таври назаррас аз ҳамкорӣ бо Ғарб нафъ бардоштаанд: сармоягузориҳои ғарбӣ боиси рушди босуръати иқтисодҳои ин кишварҳо гардида, некӯаҳволии мардум ба қадри назаррас беҳбуд ёфт. Вале агар дар Ғарб вазъ ногувор шавад, сокинони аврупои шарқӣ таъсири онро назар ба 20 сол пеш айётар эҳсос хоҳанд кард, зеро он вақт мизони равобити мо хеле хурдтар буд."


Миллер меафзояд, ки бонкҳои ғарбӣ ба Аврупои Шарқӣ сармояи зиёд ворид намудаанд, вале ҳозир ин бонкҳо худашон таҳти фишор қарор дорандю Ба гуфти ӯ мушкилиҳои тамоми мамолики ин минтақа шабеҳи ҳам ҳастанд: хоҳ он Сербия бошад, хоҳ Украина.

Дар мавриди таъсири бӯҳрон ба вазъи Тоҷикистон Сандуқи байналмилалии пул сандуқ аз нигарониҳои Тоҷикистон огаҳ аст ва ба ҳамин зудиҳо имкони тақдими 120 миллион доллар қарз барои татбиқи барномаи коҳиши камбизоатӣ дар Тоҷикистонро арзёбӣ хоҳад кард. Дар ин бора аснои сӯҳбат бо радиои Озодӣ Алекс Шиммелфенинг, раҳбари намояндагии Сандуқи байналмилалии пул дар шаҳри Душанбе, иттилоъ дод.

Шиммелфенинг нашри натиҷаи аудити бонки миллии Тоҷикистон дар сомонаи интернетиии ин муассисаро амали қобили таваҷҷӯҳ унвон дод. Ҷои ёдоварист, ки Сандуқи байналмилалии пул ин бонкро бо тақдими иттилои нодуруст муттаҳам карда, талаб карда буд, ки 47 миллион доллар қарзи барномаи коҳиши камбағалӣ пеш аз мӯҳлат баргардонида шаванд.
XS
SM
MD
LG