Пайвандҳои дастрасӣ

IMF: Танҳо як иттилоъи бардуруғ аз Бонки миллист


Бинои нави Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе

Бинои нави Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе

IMF мегуяд, аз 6 дафъаи дарёфти кӯмакҳои ин созмон бо маълумоти бардурӯғ танҳо яктои он ба Бонки миллии Тоҷикистон марбут аст.

Люк Моерс, намояндаи доимии Сандуқи байнулмилалии пул дар Тоҷикистон, гуфт, мавридҳои дигари ироаи маълумоти ғайривоқеӣ ба ниҳодҳои дигари молии ин кишвар дахл дорад. Вай гуфт, он мавридҳои ироаи маълумоти дурӯғин аз сӯи ниҳодҳои молии Тоҷикистон дар давраи пеш аз соли 2002 сурат гирифтаанд ва Сандуқи байналмиллалии пул ба хотири имконоти заъифи идоракунии иқтисодӣ доштани ин кишвар он мавридҳоро ошкор накардааст.

Оқои Моерс аз шарҳи бештари 5 мавриди қаблии пешниҳоди итилооти дуруғини мақомоти Тоҷикистон худдорӣ карда, гуфт, ин маълумотро аз сомонаи интернетии Сандуқи байналмиллалии пул метавон дарёфт. Аммо дар хабари сомонаи интернетии ин созмони байналмилалӣ роҷеъ ба мавридҳои пешинаи пешниҳоди маълумоти гайривоқеӣ аз сӯи мақомоти Тоҷикистон ба ин созмони байналмиллалӣ чизе навишта нашудааст.

Ёдовар мешавем, Сандуқи байналмилалии пул мақомоти Тоҷикистонро дар ироаи иттилоъоти ғайривоқеъӣ ва бар асоси он дарёфт намудани беш аз 47 миллион доллари амрикоӣ муттаҳам карда, аз Бонки миллии Тоҷикистон хост, ин маблағро баргардонад. Ин созмони байналмилалӣ таъкид кард, ки барои шашумин бор аст, ки мақомоти Тоҷикистон бо иттилоъи ғайривоқеъӣ кумакҳои ин созмонро гирифтааст. Бонки миллии Тоxикистон ин иддаъои Сандуки байналмилаалии пулро пазируфт.

Дар ҳамин ҳол, ниҳодҳои молии Тоҷикистон - вазорати рушди иқтисод ва вазорати молия, ки онҳо низ ба масоили қарзи берунаи Тоҷикистон сарукор доранд, идаои намояндаи Сандуқи байналмилалии пулро рад карданд. Ғафурҷон Расулӣ, сухангӯи вазорати иқтисоди Тоҷикистон, мегӯяд, масъалаи гирифтани қарзҳои беруна дар доираи барномаҳои Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад ва Вазорати иқтисоди Тоҷикистон ҳеҷ гуна маълумоти бардурӯғ ба созмонҳои байналмилалӣ ироа накардааст.

Ба ҳамин тартиб ба кадом ниҳоди молии Тоҷикистон марбут будани 5 мавриди ироаи маълумоти ғайривоқеӣ аз суи мақомоти Тоҷикистон ба Сандуқи байналмиллалии пул номуайян боқӣ мемонад. Коршиносони маҳалӣ мегӯянд, қазияи ироаи иттилооти бардурӯғ аз сӯи мақомоти Тоҷикистон боис ба коҳиши эътибори ин кишвар дар арсаи байналмилалӣ шуда, мунҷар ба пастрафти мизони сармоягузорӣ дар ин кишвар мешавад. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки сармоягузорони хориҷӣ ба Тоҷикистон таваҷӯҳи кам доранд.

Дар ҳамин ҳол Сандуқи байналмиллалии пул гуфтааст, ки фаъолияташро дар Тоҷикистон идома медиҳад. Аммо коршиносон мегӯянд, зарари ироаи маълумоти нодуруст аз ҷониби Тоҷикистон ба ин созмон алакай ба ин кишвар расидааст. Дар паи пахши хабарҳо дар бораи қазияи мазкур дар расонаҳои иттилоотӣ Бонки Аврупоии Рушд чанд барномаашро дар ин кишвар мутавақиф карда, фаъолияташро маҳдуд кард.

Ба андешаи коршиносон ҳукумати Тоҷикистон барои аз хиҷолатзадагӣ баровардани кишвар дар арсаи байнулмиллалӣ бояд он нафароне, ки иттилооти нодурустро ба Сандуки байналмиллалии пул ироа кардаанд, ба додгоҳ мекашид ва муҷозот мекард. Вале тибқи иттилоъи Бонки миллии Тоҷикистон, касе барои чунин амал то кунун муxозот нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки коршиносон мегуянд, Муродалии Алимардон, раиси пешини Бонки милли Тоҷикистон, ки маҳз дар даврони ӯ маълумоти ғайривоқеӣ аз сӯи ин бонк ба Сандуқи байналмиллалии пул ироа шудааст, ба мансаби баландтар муъовини сарвазири Тоҷикистон таъин шуд. Коршиносон мегӯянд, агар ҳукумати Тоҷикистон масъулини дар ин амал айбдорро муҷозот мекард, эҳтимол ба эътимоди дубораи созмонҳои байналмиллалӣ ва кишварҳои сармоягузор дастёб мешуд.

XS
SM
MD
LG