Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи иҷрои тарҳҳои Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон


Рамзи Бонки Ҷаҳонӣ
Рамзи Бонки Ҷаҳонӣ

Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Рушди Осиё то нашри натиҷаҳои тафтиши асноди Тоҷикистон дар Сандуқи Байнулмилалии Пул иҷрои тарҳҳоро дар ин кишвар қатъ кардаанд.

Дар пайи қарори Сандуқи Байналмилалии Пул, ки аз ҳукумати Тоҷикистон хост, қарзҳои ин созмони молиро пеш аз мӯҳлат баргардонад, Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии Рушд ихтисоси маблағ барои лоиҳаҳои сармогузории худ дар Тоҷикистонро ҳадди аққал то тобистон боздоштаанд. Авоили ҳамин моҳ сандуқи Байналмилалии Пул эълом кард, ки ҳукумати Тоҷикистон бар асоси иттилоъоти нодуруст, баъзе аз қарзҳоро ба даст овардааст ва аз ин сабаб бояд бештар аз 47 миллион доллари қарзи онро баргардонад. Ба гуфтаи ин созмони бонуфузи молӣ, ҳукумат захираҳои арзиву тиллоии кишварро зиёд нишон додааст. Дар як нишасти кории муассисаҳои кӯмакрасон дар Тоҷикистон дар рӯзи ҳафтуми март, ки натиҷаҳои он дар сомонаи интернетии Созмони Милал дар Тоҷикистон нашр шудааст, намояндаҳои Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Рушди Осиё гуфтаанд, то замони эъломи натиҷаҳои тафтиши дурустии ҳисоботи молии Бонки Миллии Тоҷикистон ихтисоси маблағ барои барномаҳои ҳарду бонк муттавақиф хоҳад шуд. Бонкҳои мазкур дар Тоҷикистон тарҳҳои чандмиллиондолларӣ иҷро мекунанд.
XS
SM
MD
LG