Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи устони Суғд 10 узви як гурӯҳи 14 -нафарии мансуб ба Ҳаракати исломии Узбакистонро ба муҳлатҳои аз 5 то 29 сол ба зиндон маҳкум кард.

Аммо се зани шомили ин гурӯҳ – Муҳайё Қаюмова, Мухтасархон Мадаминова, Валияхон Ҳасанова, ки аз сӯи додгоҳ бо ҷурмҳои кӯмак ба роҳандозии фаъолияти террористӣ, убури ғайриқонунии марз ва таълими мазҳабии атфол бо аҳдофи тундгароёна гунаҳкор ва нисбаташон даҳ ва ёздаҳ соли ҳабс муайян шуда буд, бо татбиқи Қонуни афви Тоҷикистон аз толори муҳокима озод шуданд. Даҳ тани маҳкумшударо додгоҳ ба содир кардани як идда ҷиноятҳои вазнин, фаъолият дар гурӯҳи аҳдофи террористидошта, таъсиси иттиҳоди ҷиноӣ, нигаҳдошт ва истифодаи ғайриқонунии силоҳ, амдан расонидани зарар ва амволи давлатӣ ва мансабдорони давлатӣ айбдор ҳисобид. Амирхон Исҳоқов – додраси парвандаи ин гурӯҳи 14 – нафарӣ зимни эълони ҳукм гуфт, ки нафарони маҳкумшуда дар таҳия ва роҳандозии ҳамлаҳои мусаллаҳона ба боздоштгоҳи муваққати Қайроқум ва қароргоҳи марзбонони тоҷик дар Исфара даст доштаанд, ҳарчанд ба тариқи мустақим дар он ҳамлаҳо иштирок надоштанд. Ба гуфтаи додгоҳ, ин афрод бо гурӯҳи ҲИУ дар Исфара дар барномарезӣ ва роҳандозии ҳамлаҳои мусаллаҳона ҳамдастӣ ва мушорикат доштаанд.

Танҳо як узви ин гурӯҳ – Юсуф Раҳматов ба сифати ронанда ҳамлаваронро то наздики қароргоҳи марзбонон интиқол додааст ва додгоҳ ӯро барои 29 сол ба зиндон фиристод. Аммо маҳкумшудагон ва наздикони онҳо ин даъвӣ ва ҳукми додгоҳро нисбати маҳкумшудагон бепоя ва номунсифона хонданд. Пайванди Худоёр Саидмуродзода - як нафари маҳкумшуда ба 19 соли зиндон ва мусодираи амвол баъди анҷоими мурофиа дар суҳбат бо Радиои Озодӣ чунин гуфт, ки мақомоти интизомӣ зимни тафтиши аввалия нисбати боздоштшудаҳо ба гумони фаъолият дар ҲИУ аз усулҳои ғайриқонунӣ кор гирифтаанд ва айбдоршавандаҳо зери варақи иттиҳомот таҳти фишори равониву ҷисмонӣ имзо гузоштаанд.

Додгоҳи Суғд аз байни 11 тан танҳо Баҳодур Бобоев, сокини 24 солаи шаҳри Исфараро бо гуноҳи нисбатан сабук гунаҳкор донист ва низ аз рӯи Қонуни авф аз толор озод кард. Зимнан, аъзои ин гурӯҳи 14 – нафарӣ ҳама сокини ноҳияи Исфараи Суғд мебошанд. Боздошти онҳо дар тирамоҳи соли гузаштаи милодӣ ба думболи сӯиқасди бебарори мусаллаҳона ба як соҳибкори маъруфи Исфара – Низомхон Ҷӯраев, соҳиби корхонаҳои кимиё ва алкул (спирт) – и ин маҳал сурат гирифта буд.

XS
SM
MD
LG