Пайвандҳои дастрасӣ

Нигарониҳо аз "ҷанги иттилоотӣ"-и Толибон


Толибон солҳои ахир аз ҳама васоили дастраси мухобирот фаровон истифода мекунанд

Толибон солҳои ахир аз ҳама васоили дастраси мухобирот фаровон истифода мекунанд

Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳронҳо (ICG) мегӯяд, барои шикасти додани Толибон бояд шеваи таблиғоти Афғонистон ва ҳомиёни он тағйир дода шавад.

Ин ниҳоди байнулмилалӣ дар гузорише мавсум ба “Тарғиботи Толибон – пирӯзӣ дар ҷанги лафзӣ?” ҳушдор додааст, ки таблиғоти мухолифин аз тариқи расонаҳои гуногун миёни ҳукумати Кобул ва мардуми афғон тафриқаи жарфу хатарборе эҷод кардааст. Муаллифон ба он нукта ишора кардаанд, ки Толибон дар таблиғоти худ бештар ба ҳузури низомиёни нерӯҳои байнулмилалӣ ё, ба истилоҳи Толибон “нерӯҳои ишғолгар”-у “таҷовузгар” дар Афғонистон тамаркуз мекунанд ва ба ин васила талоши боло бурдани рӯҳи миллатгароӣ миёни афғонҳоро доранд.

Гуфта мешавад, Толибон, ки замони қудраташон дар Афғонистон садҳо дуконҳои фитафурӯшӣ, студиёҳои аксу наворбардорӣ ва толорҳои синаморо ба оташ кашида буданд, солҳои ахир аз ҳама васоили дастраси мухобирот - радиоёву телевизион, интернет, шабномаҳо, сидиҳо ва телефони мобайл истифода мекунанд. Бештари ин матолиб бо забони паштӯ нашру пахш мешавад ва ҷомеъаи байнулмилалӣ, ки ба ин забон ошноӣ надорад, аз аксари мавзӯъҳои онҳо бехабар мемонад.

Гурӯҳи байнулмилали бӯҳронҳо ба ҳукумати Ҳомиди Карзай тавсия додааст, ки аз пахши иттилоъи Толибон ҷилавгирӣ накунад ва аммо ҳамзамон талош кунад, ки мардум воқеиятро худ дарк намояд. ICG ба Кобул машварат додааст, ки ба иттилоъ дар бораи талафоти мардуми осоишта дар набардҳо ба таври оҷил посух бигӯяд, аз афви онҳое, ки қонунро поймол кардаанд, худдорӣ намояд ва мақомоти баланпояи ҳукуматро низ мутобиқи ҷурмашон ба додгоҳ бикашад.

Гурӯҳи байнулмилали бӯҳронҳо ба нерӯҳои байнулмилалии мустақар дар Афғонистон низ чанд тавсия додааст, аз ҷумла, хостори он шудааст, ки низомиён на фақат бо хабарнигорони хориҷӣ, балки бо кормандони расонаҳои маҳаллӣ низ иртибот ба роҳ монанд, забонҳои маҳаллиро биомӯзанд, ҳар як ҳодисаи ҳалокати мардуми осоиштаро дақиқ бозрасӣ кунанд ва афғонҳоро мутмаин созанд, ки афроди гунаҳкор ҳатман муҷозот хоҳанд шуд.

Ба итминони Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳронҳо, ҳукумати Афғонистон ва ҳомиёнаш барои тавассути сухану амал хунсо кардани таъсири таблиғоти Толибон бояд талоши зиёд ба харҷ диҳанд – фақат бо таъмини рӯзгори беҳтари мардум ҳукумат метавонад соҳиби эътимоди ҳама афғонҳо бигардад.

Гурӯҳи байнулмилалли бӯҳронҳо – созмони мустақилу ғайритиҷорӣ ва ғайриҳукуматист, ки ба бозрасии вазъ дар тақрибан 60 кишвари бӯҳронзадаи чаҳор қора ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли низоъҳову ҷилавгирӣ аз низоъҳои нав машғул аст.

XS
SM
MD
LG