Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гармиҳо ва сардиҳои муносиботи ИМА ва Русия


Вақте, ки Барак Обама баъд аз пирӯзӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико ба Кохи Сафед омад, қавл дод, ки равобит бо Русияро дигаргун месозад.

Ин суханони вай дар Аврупои Шарқӣ нигарониҳои ҷиддиро ба бор овард, ки Вошингтон ҳимояти худ аз онҳоро заифтар мекунад, то муносиботаш бо Маскавро беҳбуд бахшад. Ин суханон ҳамчунин шакку шубҳаҳоеро барангехт, ки чунин сиёсати Обама дар Аврупои Ғарбӣ аз ҳимояти зарурӣ бархурдор хоҳад шуд ё хайр, зеро дар Аврупои Ғарбӣ ақидаҳо дар бораи Русия яксон нест.

"Таҷдиди назар"-и расмӣ дар муносиботи миёни Амрикову Русия моҳи июл матраҳ шуд. Он вақт Барак Обама бори аввал барои боздид вориди Маскав шуд, то ҷузъиёти сиёсатеро, ки қаблан Ҷо Байден - муовини раисиҷумҳур ва Ҳилларӣ Клинтон - вазири умури хориҷаи Амрико таъкид карда буданд, тавзеҳ диҳад.

Дар як суханронӣ, ки чанд қадам дуртар аз Кохи Кремл Барак Обама анҷом дод, Маскавро барои "пиндорҳои кӯҳнааш" интиқод кард. Вай аз ҷумла гуфт, Русия мехоҳад барои густариши соҳаи нуфузи худ бо Амрико мусобиқа кунад. Барак Обама гуфт, "ин пиндорҳо дуруст нест. Дар соли 2009 кишвари абарқудрат бо султа бар кишварҳои дигар қудрати худро намоиш намедиҳад. Рӯзҳое, ки кишварҳои бузург бо сарнавишти кишварҳои мустақил мисли шатранҷ бозӣ мекарданд, гузашт".

Обама ба Гурҷистон, кишвари муттаҳиди Амрико, ишора намуд, ки соли гузашта Русия ба хоки он таҷовуз кард. Чунин рафтор муносиботи Русияро бо кишварҳои ғарбӣ ба даврони ҷанги сард баргардонд. Ин гардише буд баъд аз солҳо сардӣ дар муносибот ва дар чунин асно Вошингтон ба Маскав омад, то бархӯрд ба сиёсати хориҷиро ламс кунад, зеро то кунун сиёсате, ки барои як кишвар гуворо буд, барои кишвари дигар ногувор ба назар мерасид.

Майкл МакФол, мудири аршади Шӯрои Амнияти Миллии Амрико барои Русия ва АвруОсиё, дар ин бора мегӯяд, "дар симои Амрико душманро мебинанд. Ман бовар дорам, бисёриҳо вақте, ки байни худашон сӯҳбат мекунанд, калимаҳои бадтарро дар ҳақи мо ба забон меоранд. Ва онҳо фикр мекунанд, ки вазифаи рақами яки мо дар ҷаҳон заиф сохтани Русия аст, муҳосираи Русия аст ва анҷом додани корҳоест, ки моро қавитар ва Русияро заифтар кунад".

МакФол гуфт, дар миёни ихтилофи назарҳо метавон аз мавзеъгирии Русия дар қиболи омодагиҳои Украина ва Гурҷистон барои даромадан ба узвияти НАТО намуна овард. Вай афзуд, "мо намехоҳем дар бораи тавсеаи НАТО касеро бовар кунонем ё чизеро бо Русия тиҷорат кунем. Мо ҳеҷ гоҳ барои таҷдиди назар дар сиёсати худ муносиботи наздики худро бо Украинаву Гурҷистон- ин ду кишвари демократӣ аз даст намегузорем".

Сиёсати Обама дар қиболи Русия бахше аз сиёсати густарда аст, ки аз кишварҳои Амрикои Лотин то кишварҳои Ховари Миёнаро дар бар мегирад. Ва чунин сиёсат бар пояи он пайрезӣ мешавад, ки ҳар кишвар аз чунин ҳамкорӣ суд бибарад.

Маршал Голдман аз донишгоҳи Ҳарвард мегӯяд, чунин таҷдиди назар аз ҳоло танишҳои миёни Вошингтону Маскавро камтар кардааст. Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, дар мулоқоти моҳи июл аз чунин сиёсати Обама истиқбол кард. Вай гуфт, "давлати нав ба раҳбарии президент Обама омодагӣ нишон медиҳад, ки вазъро тағир диҳад ва муносиботи самарбахш, муассир, мутмаин ва албатта, муосир барқарор кунад. Мо омодаем ба ин бозӣ ҳамроҳ шавем".

Аммо баъзеҳо дар Маскав аҳамияти Украинаро ночиз нишон медиҳанд ва мегӯянд, Кохи Кремл ба ин кишвар мухолифат дорад ва таҳдид мекунад, ки ин кишвар мумкин аст сабаби тавсеаи НАТО шавад. Чунин равиши Русия беҳбуди муносиботи Амрикову Русияро зери суол мебарад ва таҳлилгарон мегӯянд, ки таҷдиди назар дар муносиботи ин ду кишвар ба натиҷаҳои мусбати музокироти охири сол дар бораи паймони аслиҳаи ҳастаӣ бастагӣ дорад.
XS
SM
MD
LG