Пайвандҳои дастрасӣ

Ду созмон дар Қирғизистон террористӣ эълон шуд


Додгоҳи шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон созмонҳои «Конгресси миллии Курдистон» ва «Гурӯҳи ҷиҳод»-ро террористӣ эълон кард.

Қирғизистон созмони «Конгресси миллии Курдистон» ва созмони «Гурӯҳи ҷиҳод»-ро созмонҳои террористӣ эълон кард. Додгоҳи шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон дар ин маврид қарор содир кард ва ин созмонҳоро террористӣ номид.

Оросбек Биқин-уғлӣ, сухангӯи Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон ба бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» гуфт, додгоҳи шаҳри Бишкек дар заминаи маълумоти гирдовардаи Кумитаи амният ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор додааст.

Сухангӯи Кумитаи амният афзуд, ахиран ин додгоҳ ба чунин натиҷа расид, ки «Конгресси миллии Курдистон» ва «Гурӯҳи ҷиҳод» ба феҳрасти созмонҳои террористӣ шомиланд, ки фаъолияти онҳоро дар қаламрави Қирғизистон бояд мамнӯъ эълон кард.

Дафтари матбуоти Кумитаи амнияти Қирғизистон дар тавзеъи фаъолияти созмони «Конгресси миллии Курдистон» гуфтааст, ки ин созмон бо номҳои «Ҳизби коргарии Курдистон» ва «Контра-Гел» низ маъруф аст, ки мехоҳад, дар қаламрави Ироқ ва Туркия давлати мустақили худро таъсис диҳад.

Ба иттилоъи ин манбаъ, «Гурӯҳи ҷиҳод» қаблан ба номҳои «Ҷамоъат ал-ҷиҳод», «Ҷамоъати муҷоҳидони Осиёи Марказӣ» ва «Ҷиҳоди исломӣ-ҷамоъати муҷоҳидон» ном баровардааст, ки аз тарафи фаъолони «Ҷунбиши исломии Ӯзбекистон» созмон дода шудаанд.

Бар асоси иттилоъи дафтари матбуоти Кумитаи амнияти Қирғизистон созмони «Гурӯҳи ҷиҳод» як шохаи созмони террористии «Алқоида» мебошад.

Ба таъкиди ин манбаъ солҳои 2003 ва 2006 чанд созмони дигар, чун «Созмони озодибахши Турк истон», «Ҳизби исломии Туркистони шарқӣ», ки бештар ба номи «Ҷунбиши исломии Ӯзбекистон» машҳур аст, ба дунболи он созмони «Алқоида» ва «Ҷунбиши Толибон» дар Қирғизистон созмонҳои террористӣ эътироф шудаанд. Гуфта мешавад, вале «Ҳизби таҳрир»-ро дар Қирғизистон ҳамчун созмони тундрав мешиносанд.

Тобистони солҳои 1999 ва 2000-ум гурӯҳҳои мусаллаҳи «Ҷунбиши исломии Ӯзбекистон» як бор марзи Қирғизистон ва ду бор марзи Ӯзбекистонро вайрон карданд. Бори аввал онҳо дар вилояти Ботканд як генерали қирғиз ва чанд шаҳрванди Ҷопонро ба гарав гирифтанд ва дар ивази дусаду панҷоҳ ҳазор доллари амрикоӣ онҳоро раҳо карданд. Бори дуввум марзи вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистонро шикастанд ва дар кӯҳистони ноҳияи Сариосиёи ин кишвар саркӯб шуданд. Аммо бори севум гурӯҳи 15 нафарии силоҳбадастон аз тариқи ноҳияи Ашти Тоҷикистон вориди марзи вилояти Тошканд шуданд ва дар ноҳияи Бӯстонлиқ аз тарафи нерӯҳои низомии Ӯзбекистон ҳадафи тир қарор гирифтанд. Дар ин муқовимат ҳамаи 15 силоҳбадаст кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG