Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

5 кишвари ҳошияи уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ барои ба СММ вогузоштани ҳаққи қазовати минтақаҳои баҳсии пур аз нафту гази ин уқёнус тавофуқ бастанд.

Ҷонибҳо азми худ барои ҳифзи муҳити зисти минтақаро эълон карда ва ҳам тааҳҳуд супурдаанд, ки масоили баҳсталабро аз роҳи ҳамкорӣ ва бар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ ҳал кунанд. Дар ин нишаст, ки дар шаҳраки Илюлиссати Гренландия, бузургтарин ҷазираи Арктика, баргузор шуд, дипломатҳои баландпоя аз Амрикову Канадаву Русия ва Данияву Норвегия ширкат доштанд. Ҳадаф аз нишасти Илюлиссат оддӣ сохтани танишҳои бархоста байни ин 5 кишвари ҳошияи уқёнуси Артика бар сари минтақаҳои газунафтхези зери бистари ин уқёнус буд.

Бино ба ҳисоби муттахассисон, тақрибан чаҳоряки захираи нафту гази дунё дар зери бистари ҳамин уқёнус нуҳуфтааст ва тағйири ҷаҳонии иқлим, ки мунҷар ба об шудани пиряхҳои қутби шимол шудааст, дастрасӣ ба ин манобеъи бузурги нафту газро осонтар, вале дар айни ҳол, баҳси кишварҳои ҳошия дар ин бораро, ки кадоме аз онҳо ҳаққи баҳрабардории бештар аз ин захоирро дорад, хеле доғ кардааст.

Бозии байни 5 кишвари ҳошияи ин уқёнус бар сари захоири фаровони нафту гази бистараш соли гузашта, ба хусус замоне гарм шуд, ки як экспедитсияи гӯё илмии Русия парчами миллии фулузии ин кишварро дар қаъри уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ ва ё Арктика дуруст дар маҳалли Қутби Шимол насб кард.

Ин иқдом билофосила хашми кишварҳои дигари ҳошияи уқёнуси Арктикаро барангехт. Питер МакКей, вазири вақти умури хориҷии Канада, яке аз 5 кишвари дигари ҳошияи уқёнуси Арктика, дар вокуниш ба ин иқдоми Маскав гуфт, аср асри 21 аст ва даврони мустамликадории қуруни вусто, ки кишварҳо парчами худро бар сарзамине насб карда ва ба дунбол даъвои он қаламрав мекарданд, кайҳо пушти сар шудааст: “Истиқлолияти Канада дар Арктика ҷойи суол ё шубҳа надорад. Мо инро ба таври хеле возеҳ баён кардаем. Мо муддатҳо пеш ба қароре расидаем, ки ин обҳои Канадаанд ва ин ҳама мулки Канада аст”.

Аммо масъала чандон соддае нест, ки дар назари аввал менамояд. Паймони қонунгузории баҳрии СММ, ки соли 1982 қабул шудааст, ба кишварҳо ҳаққи баҳрабардории иқтисодӣ аз қаъри баҳр ё уқёнусро дар фосилаи 200 майли баҳрӣ, мусодифи тақрибан 370 километр, аз марзи ин кишварҳо медиҳад. Вале агар зери бистари баҳр марбут ба шелфи континенталӣ ё худ фалоти қораӣ бошад, на уқёнусӣ. Аммо Амрико то кунун ин паймонро тасвиб накардааст. Муовини вазири хориҷаи Амрико Ҷон Негропонте, ки дар нишасти Гренландия аз Вошингтон намояндагӣ мекард, аз Конгресс даъват кардааст, ин паймони баҳриро ҳарчӣ зудтар ба тасвиб бирасонанд.

Сергей Иванов, вазири берунаи Русия ва Андерс Расмуссен, нахуствазири Дания, хини дидор ва гуфтугу

Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров рӯзи 26 май, дар арафаи нишасти Илюлиссат гуфт, насби парчами миллии кишвараш дар қаъри уқёнуси яхбастаи шимолӣ ба маънои даъвои Русия бар он қаламрави Қутби Шимол набуд. Аммо оқои Лавров ҳамзамон парда аз рӯи асрори ин саёҳати нимаилмиву ниматаблиғотии соли гузашта як каме бардошт ва гуфт, ҳадафи Маскав собит кардани ин буд, ки фалоти қораии Русия то ба Қутби Шимол доман густурдааст: “Ҳадафи ин экпедитсия истиқрори сутуни марзии Русия набуд, балки он бояд собит мекард, ки фалоти қораии мо то ба Қутби Шимол тӯл мекашад. Барои собит кардани ин усули мушаххаси илмӣ мавҷуд аст. Ва фикр мекунам, ки ин экспедитсия, аз ҷумла дар маҳалли Қутби Шимол ба қаъри уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ фиристодани бастискаф, имкон медиҳад, ки мо ба хотири собит кардани ҳаққи худ далоили бештари илмӣ ба даст биорем”.

Аммо танҳо нархҳои ҳангуфти нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ нест, ки зарурати оҷилан пайдо кардани роҳҳалҳои баҳсҳои мавҷудаи қаламравӣ байни кишварҳои ҳошияи уқёнуси Арктикаро пеш овардааст. Об шудани бистари дар тӯли асрҳо яхпӯши Қутби Шимол дар асари тағйири ҷаҳонии иқлим низ роҳандозии корҳои иктишофӣ дар ин минтақаи дар гузашта тақрибан дастнорасро хеле осонтар кардааст.

Фаъолони зистмуҳитӣ ба нишасти Илюлиссат даъват нашуданд. Онҳо набарди нави даргирифта барои манобеъи саршори нафту гази Арктикаро ба боди шадиди интиқод кашида мегӯянд, сабқат ва рақобати кишварҳо дар ниҳоят олами нотакрори вуҳушро дар Қутби Шимол нобуд хоҳад кард. Гурӯҳҳои дифоъ аз муҳити зист, аз ҷумла “Гринпис”, дар қиболи Арктика низ хостори таҳия ва қабули як паймони ҳамсон бо паймони Антарктика шудаанд. Он паймон бархӯрди кишварҳои ҷаҳон ба манобеъи Қутби Ҷанубро ҳамоҳанг сохта, аз ҷумла ҳар навъ фаъолияти низомӣ ва ҳамин тавр, талоши истихроҷи маъодинро дар қаламрави яхбастаи Антарктика манъ мекунад.

5 кишвари ҳошияи Арктика дар Илюлиссат дар мавриди ҳифзи муҳити зисти Қутби Шимол низ тааҳҳуд супурдаанд, вале ба эътиқоди фаъолони муҳити зист, нархҳои ба осмон даккахӯрда, аммо ҳамчунон дар ҳоли афзоиши нафту газ, масоили муҳити зистро дар чунин як минтақаи саршор аз манобеъи энержӣ одатан ба мадди дуввуму севвум мебарад.

XS
SM
MD
LG