Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гордон Браун - дар Ховари Миёна


Нахуствазири Бритониё Гордон Браун зимни боздидаш аз Фаластин ва Исроил даъват кард, то дар канори ҳам амну осоиш ба сар баранд.

Ҳангоми нишасти муштараки матбуъотиаш бо нахуствазири Фаластин Маҳмуд Аббос Гордон Браун таъкид кард, ки пешрафт дар истиқрори субот ба қатъи хушунатҳо ва бартарафи ихтилофот дар робита ба шаҳрчаҳои яҳудинишин дар Каронаи бохтарии руди Урдун вобастагӣ дорад.

Вай афзуд: “Ҳама на танҳо дар минтақа, балки дар тамоми ҷаҳон манфиатдоранд, созишномаи сулҳ, ки ба фаластиниҳо адолат ва ба Исроил амнияти дарозмуддат меорад, ба имзо расад. Ман бовар дорам, ки ин пешрафт ҳосил мешавад ва ман ба пуштибонӣ аз талошҳои Маҳмуд Аббос, ҳукумати Фаластин ва мардуми он барои расидан ба сулҳу адолат барои ҳама идома медиҳам.”

Браун гуфт, бунёди девори бехатарӣ дар Каронаи бохтари рӯди Урдун аз ҷониби Исроил аз он шаҳодат медиҳад, ки бояд ба кӯшишҳои пайдо кардани роҳҳали низоъи фаластиниҳо ва Исроил такони тоза бахшида шавад:

“Дар айёми кудакӣ ман дар бораи шаҳри Байтлаҳм дар Инҷил хонда будам, ки ин шаҳр рамзи сулҳ ва умед мебошад. Аммо имруз деворе, ки бунёд мешавад, шаҳодат медиҳад, ки мардуми Фаластин ба истиқрори адолати фаврӣ ва кишвари воқеъии фаластинӣ ниёз дорад”.

Гуфта мешавад, ки ҳазрати Исо дар калисои шаҳри Байтлаҳм ба дунё омадааст. Нахуствазири Британиё гуфт, муваффақияти иқтисодӣ аз омилҳои калидии сулҳ мебошад ва дар ин робита аз Исроил даъват намуд монеъаҳои мавҷуда дар рафту омади фаластиниҳо ба Каронаи бохтарӣ, ки ба тиҷорат латма мезананд, осон карда шаванд. Браун эълом дошт, ки барои фаластиниҳо соли ҷорӣ 60 миллион доллари амрикоӣ ихтисос медиҳад.

Ӯ ваъда дод, ки Бритониё дар бунёди иншоотҳои саноъатӣ, корхонаҳои хурд ва додани вомҳо барои хариди манзил ба фаластиниён кӯмак мекунад. Интизор меравад ин вомҳо барои сохтмони беш аз 30 ҳазор манзили нав барои фаластиниҳо ва бунёди 50 ҳазор ҷойҳои кории нав мусоидат кунанд.

Ҳангоми расиданаш ба фурудгоҳи Байтулмуқаддас Гордон Браун бо раисҷумҳури Исроил Шимон Перес гуфтушунид анҷом дод. Перес бори дигар такрор намуд, ки кишвараш хоҳони истиқрори сулҳ мебошад: “Мо мисли Аврупо, Бритониё, Урдун ва мисли фаластиниҳо сидқан хоҳони сулҳем ва мо омодаем барои расидан ба ин ҳадаф ҳар баҳое, ки лозим бошад, пардохт кунем. Бо шарте ки ин вуҷудамонро дар хатар нагузорад”.

Интизор меравад, ки имрӯз нахуствазири Бритониё дар порлумони Исроил суханронӣ кунад. Пештар Гордон Браун дар Ироқ бо нахуствазир Нурӣ Ал Моликӣ вохӯрд ва аз қароргоҳҳои нерӯҳои Британиё дар он Ироқ боздид кард. Вай гуфт, ки мехоҳад шумораи нерӯҳои Британиёро дар Ироқ коҳиш диҳад, аммо аз эълони ҷадвали замонии хуруҷи нерӯҳо худдорӣ варзид.

XS
SM
MD
LG