Пайвандҳои дастрасӣ

Русия Гурҷистонро бо истифодаи аз ҳад зиёди нерӯ дар минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ муттаҳам намуда, ҳушдор додааст, ки бӯҳронро амиқтар накунад.

Ин ҳушдори Русия рӯзи якшанбе зимни сӯҳбати телефонии муъовини вазири корҳои хориҷии Русия Григорий Карасин бо ҳамтои гурҷиаш Григол Вашадзе садо додааст. Сӯҳбати мансабдорони Русияву Гурҷистон дар пайи бархӯрдҳои нав дар Осетияи Ҷанубӣ доир шуд. Акнун бисёриҳо ҷангҳои хунини солҳои навадуми қарни гузашта дар ин минтақаи кӯҳии ҳаммарз бо Русияро ба ёд овардаанд.

Бархӯрдҳои ахир дар Осетияи Ҷанубӣ, ки баъди оташборони маркази ин минтақаи ҷудоихоҳ - шаҳри Тсхинвалӣ ва деҳоти атрофи он оғоз ёфт, ҳаёти камаш 8 нафарро аз байн бурда, беш аз 15 каси дигарро марӯҳ намудаанд. Ҷудоихоҳон мегӯянд, ки нерӯҳои Гурҷистон ҳадафмандона сокинони осоиштаи Осетияро мавриди ҳамла қарор медиҳанд. Онҳо занону кӯдаконро ба Русияи ҳамсоя интиқол медиҳанд.

Вале Гурҷистон мегӯяд, ки ҳеҷ нерӯи иловагӣ ба минтақа нафиристодааст ва сарбозони ин кишвар фақат ба оташи ҷудоихоҳон посух додаанду бас. Ҳукумати рӯ ба Ғарби Гурҷистон мехоҳад вобастагии анъанавиаш ба Русияро хотима бахшида, бо мамолики ғарбӣ наздик шавад. Барои мақомоти ин кишвар эҳёи назорати Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон ҳадафи дорои авалавияти миллӣ ба шумор меравад.

Дар ин бора шореҳи Радиои Озодӣ Лиз Фуллер мегӯяд: "Дар тӯли чор ҳафтаи ахир: замоне, ки миёнаравҳои байнулмилалӣ кӯшиши ҳалли низоъ дар Ахозистонро бештар кардаанд, дар натиҷаи табодули оташи артилерӣ дар минтақаи Осетияи Ҷанубии Гурҷистон камаш ҳашт нафар ба ҳалокат арсиданд. Мақомоти Гурҷистон ду дафъа даъват ба музокироти рафъи ташаннуҷ ва афзоиши сарбозони ҳомии сулҳи Русияву Осетия дар минтақаи низоъро, ки мебоист дар Маскав баргузор гардад, рад намуданд. Мақомоти Гурҷистон маҳз ҳамин сарбозонро дар доштани нақш дар кушторҳои ахир муттаҳам мекунанд."

Ба гуфти ҳукумати Гурҷистон, низомиёни Русия, ки солҳои навадуми қарни гузашта ба ҳайси нерӯи ҳомии сулҳ дар ҳар ду минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон мустақар шудаанд, аз нерӯҳои ҷудоихоҳон пуштибонӣ мекунанд. Гурҷистон меафзояд, ки Русия саъй дорад, Осетияи Ҷанубиву Абхозистонро аз худ намояд.

Русия иттиҳоми Гурҷистонро қабул надорад. Маскав таъкид мекунад, ки ҳақ дорад, дар қаламрави ду минтақаи ёдшуда аз шаҳрвандонаш дифоъ намояд. Ба қавли Маскав аксари сокинони Осетияи Ҷанубиву Абхозистон шиносмаи русӣ доранд.

Рӯзи якшанбе беш аз 500 зану кӯдаки Осетияи Ҷанубӣ ба минтақаи Осетияи Шимолии Русия интиқол ёфтанд. Сухангӯи ҷудоихоҳон Ирина Гаглоева мегӯяд, ки интиқоли мардуми осоиштаи ин минтақа ба ҷойҳои амн идома меёбад.

Моҳи гузашта раҳбарони Осетияи Ҷанубӣ чанд сабаб пеш оварда, аз ширкат дар музокироти рафъи ташаннуҷ, ки мебоист бо ширкати Осетияи Ҷанубӣ, Гурҷистон ва Русия дар Брусел зери сарпарастии Иттиҳодияи Аврупо барпо мешуд, худдорӣ намуданд.

Дар ин байн президенти Абхозистон Сергей Багапш бо ишора ба вазъи ногувор дар Осетияи Ҷанубӣ иброз дошт, ки Абхозистон аз ширкат дар музокирот бо Гурҷистон, ки бояд 15 август таҳти сарпарастии СММ дар Берлин ифтитоҳ меёфт, худдорӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG