Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назари Қазоқистон ба бӯҳрони Гурҷистон


Нурсултон Назарбоев гуфт, рӯйдодҳои Гурҷистон ваҳдатро дар Иттиҳоди давлатҳои мушатаркулманофеъ бо хатар рӯбарӯ кардаанд.

Нурсултон Назарбоев зимни мулоқоташ бо Қурмонбек Боқиев дар Иссиқкӯл гуфтааст, «аз ин рӯйдод мо басо нохуш ҳастем. Усули тамомияти арзӣ аз ҷониби кулли ҷомиаи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст. Дар асноде, ки дар чаҳорчӯби Иттиҳоди давлатҳои мустақил қабул карда шудааст, таъкид гардида, ки ҳама узви Иттиҳод алайҳи таҷзияталабӣ қарор доранд. Аммо масоили мушкили байни миллатҳо бояд бо роҳи сулҳ ва гуфтушунид ҳаллу фасл гарданд, на бо роҳи истифодаи нерӯҳои низомӣ».

Досим Сатпаев, сиёсатшиноси қазоқ мегӯяд, ки раисҷумҳури Қазоқистон дар сӯҳбаташ басо дипломатӣ рафтор намуда, ба таври мушаххас аз ин ё он кишвар ҷонибдорӣ накардааст. Чунин бархурди Қазоқистонро сиёсатшинос ба муносиботи неки кишвараш ҳам бо Маскав ва ҳам бо Тифлис марбут медонад.

Русия барои Қазоқистон яке аз шарикони стротежӣ аст. Ба Гурҷистон бошад, Қазоқистон бисёр сармоягузорӣ кардааст. Ба андешаи оқои Сатпаев, маҳз ин омилҳо сабаб шудаанд, ки Қазоқистон танҳо атрофи зудтар бо роҳи осоишта ҳал гардидани мушкилоти Гурҷистону Осетияи ҷанубӣ ҳарф занад.

Бархе аз шаҳрвандони оддии кишвар низ чунин мавқеъ доранд ва мехоҳанд, ки барои ҳарчи зудтар ҳал гардидани мушкилот бояд талош кард ва дар ин роҳ набояд аз зӯр истифода бурд.

Вале бархе аз қишри ҷомиаи Қазоқистон дар ин моҷаро ҷониби Русияро муттаҳам мекунанд. Аз ҷумла, Дос Кошим, сарвари созмони ҷамъиятии «Улт тақдири» мегӯяд, ки онон ҳамроҳ бо созмонҳои иҷтимоии «Озод» ва «Желтоқсан ақиқати» атрофи рӯйдодҳои Гурҷистон баёнияе пахш карданд ва дар он ин нуктаро таъкид намудаанд, ки «ин моҷаро аз ҷониби Русия барангехта шудааст, зеро он ҳудуди Гурҷистони соҳибистиқлол аст. Ҳам Осетияи ҷанубӣ ва ҳам Абхозистон минтақаҳои ҷудоихоҳанд, ки худ мустақилияти хешро эълон кардаанд ва онҳоро Русия ҷонибдорӣ мекунад. Ин бархурди имперотурии Русия аст, ки идома дорад. Айнан чунин воқиа дар Приднестровск рух дода буд ва тақрибан анқариб шабеҳи ин воқиа соли 1991 дар қисматҳои шимолӣ ва шарқии Қазоқистон, ки бо Русия наздик аст, рух медод. Аз ин хотир, мо чунин мешуморем, ки дар ин масъала ҳақ бар ҷониби Гурҷистон аст, вале истифодаи нерӯ аз ҷониби ин кишвар низ кори дуруст набуд. Вале он амали Русия, ки ба ҳудуди кишвари Гурҷистон нерӯҳои хешро ворид намуд, ин амали таҷовузкоронаест аз ҷониби Русия ва аз ин ҷиҳат мо дар ин кор аз Гурҷистон ҷонибдорӣ мекунем».

XS
SM
MD
LG