Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамбастагии 5 кишвари Аврупо бо Гурҷистон


Бо вуҷуди идомаи ҳузури артиши Русия дар Гурҷистон Тифлис ҳаргиз ба пойтахти кишвари мағлубшуда шабоҳат надорад.

Зимни суханрониаш раисҷумҳур Михаил Саакашвилӣ дар тазоҳуроти шаби 12-уми август дар ҳузури даҳҳо ҳазор гурҷиҳо, ки парчамҳои давлатӣ дар даст доштанд, дар баробари қудрати низомии Русия ҷасур ва дар нерӯи худ пуритминон ба назар мерасид.
Бо Саакашвили на танҳо мардуми ӯ буд. Бо нишони ҳамбастагӣ сарварони Лаҳистон, Украина, Литва, Латвия ва Эстония дар саҳна раисҷумҳури Гурҷистонро ҳамроҳӣ мекарданд.

Раисҷмуҳури Эстония Томас Илвис паёми ҳамтоёнашро ин гуна изҳор намуд: “Агар озодии дигар мардум дар хатар аст, агар дар ягон ҷой демократия мавриди ҳамла қарор дорад, ин маънои онро дорад, ки дар ояндаи наздик озодии мо дар хатар мемонад ва демократияи мо зери ҳамла қарор хоҳад гирифт”.
Тазоҳуроти ҳамбастагӣ ва эътироз алайҳи амалкарди Русия намоиш дод, ки чи гуна амалиёти низомии Русия алайҳи ҳамсоякишвараш фазои геополитикиро тағйир дод. Аз замоне ки 8-уми август нерӯҳои низомии Русия вориди Гурҷистон шуданд, Маскав исбот кард, ки ба хотири расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ метавонад алайҳи ҳамсоякишварҳояш аз нерӯи низомӣ истифода барад.
Ҳамзамон ин иқдоми Кремлин бисёр кишварҳои Ғарбро водор намуд робитаҳояшонро бо Маскав бознигарӣ кунанд. Собиқ сафири ИМА дар Украина Стивен Пайфер ва феълан устоди пажӯҳишгоҳи Брукинги Вошингтон мегӯяд, барои он ки Русия ҳамчун бозигари умумиҷаҳонӣ пазируфта шавад, ин кишвар “ба дараҷаи муайяни пазириши кишварҳои Ғарб” ниёз дорад.

Ӯ афзуд, кишварҳое, ки солҳои ахир шомили Иттиҳодияи Аврупо ва NАТО гаштаанд ва дар бораи зулми замони коммунистӣ хотироти тоза доранд, ба Маскав қотеътар мухолифат мекунанд. Аз сӯи дигар, мегӯяд Пайфер, шояд дар нишасти Бухарест ба мақоми номзад ба узвияти NАТО пазируфта нашудани Гурҷистон Маскавро ангезиш додаст: “Ман фикр мекунам, Русия аз нишасти Бухарест хулосаҳои нодуруст баровард. Дар онҷо фишор ва суханрониҳои Русия алайҳи ба узвияти NАТО шомил шудани Гурҷистон ва Украина зиёд ба назар мерасид. Ман шунида будам, ки Русия нишасти Бухарестро ҳамчун комёбӣ арзёбӣ намудааст. Баъд аз Бухарест мо шоҳиди афзоиши фишор шудем. Ҳоло NАТО бояд фикр кунад, ки ба ин чи гуна посухе бигӯяд, то Маскав ба хулосае наояд, ки ин тактикаи комёбро дар оянда низ метавонад истифода барад”.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, ҳузури сарони 5 кишвари аврупоӣ дар тазоҳуроти Тифлис ҳадаф дошт, ки кишварҳои Ғарбро барои пуштибонии қавитар аз Гурҷистон мутмаин созад.
XS
SM
MD
LG