Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангҳо дар Гурҷистон


Хонаҳои истиқоматии шаҳри Горӣ пас аз бомбаборони ҳавопаймоҳои Русия, 11 августи соли 2008.
Хонаҳои истиқоматии шаҳри Горӣ пас аз бомбаборони ҳавопаймоҳои Русия, 11 августи соли 2008.

Ду навори видоеӣ дар бораи даргириҳо дар Осетияи Ҷанубӣ ва ҳамлаи ҳавопаймоҳои Русия ба манотиқи дигари Гурҷистон.

Вазорати умури хориҷаи Гурҷистон мегӯяд, беш аз 50 ҳавопаймои ҷангии Русия, ҳамлаҳои тозае дар қаламрави Гурҷистон анҷом додаанд. Нерӯҳои Русия аз аввалин рӯзи даргириҳо нуқоти муҳимеро дар Гурҷистон бомбаборон карданд. Чанд бомба ба хонаҳои истиқоматӣ афтода, даҳҳо танро кушта ва захмӣ кард.


Ба гуфтаи вазорат, пойтахт шаҳри Тифлис ва ҳамчунин рустои Кодорӣ дар кӯҳи Махата бомборон шудааст.

Ба иттилоъи хабаргузории русии “Интерфакс», субҳи рӯзи душанбеи 11-уми август сарбозони Гурҷистон бо ҳамла ба пойтахти Осетияи Ҷанубӣ шаҳри Схинвалӣ, се сарбози посдори сулҳи Русияро кушта ва 18 тани дигари онҳоро захмӣ кардаанд.

Аммо ин гузоришҳоро ҳеҷ аз яке аз тарафҳо таъйид накардаанд. Ҳамзамон аз гулӯлаборонҳо ин навори видео нашр шудааст.


XS
SM
MD
LG