Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дик Чейнӣ: “Амалиёти Русия бе посух намемонад”


Д. Чейнӣ, муовини раисҷумҳури ИМА, изҳор кард, ки “амалиёти низомии Русия дар Гурҷистон набояд бидуни посух бимонад”.

Ин изҳороти Чейнӣ рӯзи якшанбе ба дунболи суҳбати телефонии ӯ бо Михаил Саакашвилӣ, раисиҷумҳури Гурҷистон, пахш гардид.
Ба иттилоъи Кохи Сафед, Дик Чейнӣ, тавре дар изҳорот гуфта шудааст, ин ҳамлаи низомии Русияро “таҳдид ба истиқлол ва якпорчагии Гурҷистон” баён кардаст. Аз ин пеш сафири ИМА дар Созмони Милали Муттаҳид Залмай Халилзод зимни суханронӣ дар Шӯрои Амнияти СММ ҳушдор дод, ки дар сурати идомаи ҳамлаҳо ба Гурҷистон ва сарпечӣ аз ҷустуҷӯи роҳи мусолиматомези ҳалли буҳрон Русия дар робитаҳояш бо ИМА ва ҷомиъаи байнулмилалӣ ба мушкил мувоҷеҳ хоҳад шуд.
Вале дар ҳамин ҳол, Маскав худро дар ин қазия гунаҳкор намедонад. Владимир Путин, сарвазири Русия, эълом дошт, ки низомиёни кишвар, тибқи созиши 16 сол қабл дар Дагомис имзошуда, ба кумаки ҷонибе расиданд, ки аз сӯи ҷониби дигари вориди низоъ мавриди ҳамла қарор гирифтааст.
Гурезаҳо аз Осетияи Ҷанубӣ дар канораи шаҳри Тифлис, 10-уми августи соли 2008
Ба иттилоъи хабаргузориҳо, нерӯҳои Русия рӯзи якшанбе ҳамла ба бархе муассисаҳои низомӣ дар қаламрави Гурҷистонро идома доданд. Аз ҷумла, ба иттилоъи низомиёни воломақоми флоти баҳрии Русия, онҳо як киштии гурҷиро, ки мехост ба киштиҳои русӣ ҳамла оварад, нобуд сохтаанд. Ба гуфтаи шоҳидон, бегаҳи дирӯз ҳавопаймоҳои русӣ ба фурудгоҳи байнулмилалии Тифлис ва фурудгоҳи низомии канори пойтахти Гурҷистон чанд бумб партоб кардаанд. Қаблан мақомоти Гурҷистон гуфтанд, ки ҳавопаймоҳои низомии Русия ҳамчунин шаҳри Зугдидиро ҳадафи ҳамла қарор доданд. Аммо ин иттилоъ аз сӯи дигар манбаъҳо таъйид нашудааст.
Қаблан мақомоти Гурҷистон дар бораи оташбас ва хурӯҷи нерӯҳояшон аз қаламрави Осетияи Ҷанубӣ хабар дода буданд. Гуфта мешавад, ки дар айни ҳол низомиёни Русия ба назорати комил аз болои Схинволӣ, маркази Осетияи ҷанубӣ, муваффақ шудаанд. Ба иттилоъи радиои “Эхо Москвы”, бар асари задухӯрдҳо дар Схинволӣ дастикам ду хабарнигор, аз ҷумла аккоси хабаргузории ИТАР-ТАСС, ба ҳалокат расидаанд. Ду нафари дигар – як хабарнигори амрикоӣ ва тарҷумони ӯ – ҷароҳат бардоштаанд.
Тонкҳои Русия дар назди Сухумӣ, 11.8.2008
Дар ҳамин ҳол вазъ дар Абхазистон – яке дигар ҷумҳурии ҷудоихоҳи Гурҷистон – низ торафт муташанниҷ мешавад. Сергей Багапш, раҳбари ин ҷумҳурӣ, гуфт, ки ӯ барои пок кардани дараи Кодорӣ аз низомиёни гурҷӣ амр додааст.
Дирӯз Эдмонд Муллет, ёвари Дабири Кулли СММ, дар нишасти Шӯрои амният хабар дод, ки нозирони байнулмилалӣ ҳаракати нерӯҳо ва техникаи низомии Абхазистон дар дараи Кодориро таҳти назорат доранд: “Ввазъ дар Абхазистон пуризтироб аст – ҷойгиршавии нерӯҳои низомӣ аз ҷониби Абхозистон ва бумбборони қисмати болоии дараи Кодорӣ идома дорад”.
Тифлис Маскавро дар он айбдор мекунад, ки тавассути баҳри Сиёҳ ба ин минтақа ба таври иловагӣ 4 000 сарбозашро интиқол додааст.
XS
SM
MD
LG