Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Коршиносон ва намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматй ва байналмилалии ҳуқуқи башар дар як ҳамоиш дар Душанбе гуфтанд, агарчи аз замони таҳия ва пешниҳоди тарҳи қонуни «Ҳимояи зан аз хушунати хонаводагй» қариб 5 сол гузаштааст, аммо ҳанӯз он ба порлумони кишвар барои баррасй ва қабул ироа нашудааст.

Дар ин робита ҳуқуқшиноси Лигаи занони ҳуқуқшиноси Тоҷикистон Неля Сафарова мегӯяд, ҳукумат гуфтааст, аксари бандҳои пешнависи қонуни мазкур маблағгузориро тақозо дорад ва бино ба камбуди маблағҳои буҷавӣ феълан имкони қабули ин қонун вуҷуд надоштааст.

Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки танҳо камбуди маблағ монеъаи ягона дар ин роҳ нест. Ба гуфтаи Гулҷаҳон Бобосодиқова, раиси Анҷумани миллии занони маълумоти олидор, яке аз омилҳое, ки дар роҳи қабул ва татбиқи ин қонун монеъа эҷод мекунанд, мeнтлитети мардум ва ҷомеъаи мардсолорӣ дар Тоҷикистон мебошад. Вай афзуд, беш аз 90 дар сади афроде ки ба ҷонибдории ин тарҳи қонун райъ додаанд, занон мебошанд. Назокат Каримова, як сокини шаҳри Душанбе, гуфт, қабули чунин як қонун, ки тавонад аҳли хонавода, хусусан занонро аз хушунат ҳимоя кунад, албатта зарур аст, вале дар сурате, ки расму оин ва суннатҳои мардумиро аз миён набарад.

Бино ба омори созмонҳои ғайриҳукуматӣ, дар тули 7 моҳи соли равон беш аз 5 ҳазор зан ба марказҳои бӯҳронии Душанбе ва Қурғонтеппа муроҷиат кардаанд, ки мавриди хушунати хонаводагӣ қарор гирифтаанд. Тибқи маълумоти беморхонаи марказии бемориҳои сухта, солҳои ахир теъдоди заноне, ки худсузӣ мекунанд, ба маротиб афзудааст ва беш аз 70 дар сади онҳоро занони хушунатдида ташкил медиҳанд. Аммо теъдоди афроде, ки бо иттиҳоми хушунати хонаводагӣ ба муҷозот кашида шудаанд, ангуштшумор аст.

XS
SM
MD
LG