Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Газпром нефт» ба Тоҷикистон кумак мекунад


Ин хабарро як намояндаи ширкати «Газпром нафт - Тоҷикистон» ба радиои Озодӣ таъйид кард ва гуфт, ҳадафи аслии ширкати мазкур таъмини бозори Тоҷикистон бо сӯзишвориҳои гуногун ва таъсир гузоштан дар коҳиши қимати маводди нафтӣ дар ин кишвар будааст. Ба гуфтаи ӯ, маводди сӯзишворӣ аз корхонаи коркарди нафту ангишти вилояти Омски Русия вориди Тоҷикистон хоҳад шуд.

Ба ин манзур, чаҳор пойгоҳи нафти кишвар дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб, ки қаблан аз кор бозмонда буданд, аз сӯи ширкати «Газпром нафт - Тоҷикистон» киро шуда ва ба кор андохта мешаванд.

Як манбаъ аз «Газпром нафт - Тоҷикистон» мегӯяд, бо ворид шудани ширкати мазкур ба бозори ин кишвар ва бунёди силсилаи бунгоҳҳои фурӯши сӯзишворӣ нархи бензин ва дигар анвоъи маводди сӯхт ба маротиб поён хоҳад рафт.

Ҳамзамон ширкати «Газпром нафт»-и Русия тасмим дорад, ояндаи наздик дар Афғонистон ва Чин низ намояндагиҳои худро ифтитоҳ кунад.

Ин дар ҳолест, ки давлати Озарбойҷон ҳам ахиран эълом кард, ки омода аст риштаи истихроҷи нафти Тоҷикистонро сармоягузорӣ кунад. Гуфта мешавад, ба гумони ғолиб, то охири имсол қарордодҳои мушаххаси ҳамкорӣ дар риштаи нафт байни Бокуву Душанбе омода хоҳад шуд.

Назмиддин Мирзоев, раиси ширкати «Нафтрасон», мегӯяд, ҳоло ки мушаххас нест, захираҳои нафт дар Тоҷикистон чи миқдор аст, эҳтимол ҷалби сармояи Озарбойҷон кори саҳл нахоҳад буд: «Мо захираҳои нафту газ дорем, аммо барои истихроҷи он маблағҳои худӣ кифоят намекунанд, чун ин захираҳо тибқи арзёбиҳои пешакӣ, дар масофаи то ҳафт ҳазор метр зери замин ниҳонанд. Барои ҳамин мутахассисони озарӣ аввал ба Тоҷикистон омада, ҳаҷми захираҳо ва судмандии ҷалби сармояашонро таҳлил мекунанд ва сипас тасмими ниҳоӣ хоҳанд гирифт».

Дар ҳамин ҳол, Эмомиддин Аслов, раиси ширкати «Тоҷикнафтугаз», мегӯяд, ҷониби Тоҷикистон омода аст якчанд пружа оид ба коркарди мавзеъҳои нафту газро барои Озарбойҷон пешниҳод кунад, аммо: «Ҷиҳати омӯзиши ин мавзеъҳо барои мо маблағ, фанноварӣ ва мутахассис лозим аст. Агар Озарбойҷон ба ҳамин се мушкили мо расидагӣ кунад, ҳарду ҷониб ҳам фоида хоҳанд дид».

Ва аммо коршиносони озарӣ мегӯянд, ширкати давлатии нафти Озарбойҷон имконоти моливу фаннӣ ва кадрӣ барои фаъолият ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро дорад.

Гуфта мешавад, танҳо дар соли гузашта фоидаи софи ин ширкат ҳудуди 2 миллиард долларро ташкил дода будааст.
XS
SM
MD
LG