Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши тарс аз ибрози назари сиёсӣ


Бунёди Геллап мегӯяд, дар кишварҳои Гурҷистон ва Литва шумори афроде, ки аз баёни назарашон ҳарос доранд, якбора афзоиш ёфтааст.

Дар ҳарду кишвар шумори одамоне, ки дар соли 2007 мегуфтанд, мардуми кишварашон аз баёни дидгоҳҳои сиёсиашон метарсанд, нисбат ба соли 2006 тақрибан ду баробар бештар аст. Дар кишварҳои дигаре ҳам ки ин ҳолат аз қабл вуҷуд доштааст, афзоиши шумори ин даста аз афрод чашмгир будааст.

Барои намуна, дар Тоҷикистон ва Арманистон ин рақам аз нисфи ҷамъият ба 70 дарсад расидааст. Яъне бар рӯйи натиҷагирии Геллап, вазъи озодии баёни назарҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон боз ҳам коҳиш ёфта, ангушти ишора ба сӯйи сиёсати «сахтгирона»-и президент Раҳмон дароз мекунад. Зимнан ин 70 дарсад натиҷаи дар ин назарсанҷӣ, ба истилоҳ, “бадастоварда”-и Тоҷикистон ин кишварро аз лиҳози мизони тарс аз баёни озоди андешаҳои сиёсӣ дар байни кишварҳои шӯравии пешин дар мақоми аввал мегузорад.

Бунёди Геллап менависад, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли 1994 ба сари қудрат омад ва ба оҳистагӣ аз мухолифини худ раҳо шуд. Дар соли 2006 вай барои севумин бор ҳамчун раиси ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, ҳарчанд мухолифонаш баргузории интихобот ва интихоб шудани ӯро ба вазифаи президентӣ ғайриқонунӣ медонистанд. Баъд аз интихобот, Эмомалӣ Раҳмон, ба таъкиди Бунёди Геллап, ҳукумати худро аз атрофиён ва ҳаммаҳаллони худ боз ҳам мустаҳкам гардонд ва ҳоло касе ҳақ надорад, ки аз хати кашидаи ӯ берун гом ниҳад.

Коршиносон бар ин боваранд, ки фишор болои нашрияҳои озодбаён ва боздошту зиндонӣ кардани афроди мухолиф боъис ба тарсу ҳароси мардум аз ифшои назарҳои сиёсии онҳо шудааст. Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва ҳам вакили ин ҳизб дар порлумони кишвар, мегӯяд, натиҷагирии Бунёди Геллап дар пайи як назархоҳӣ воқеъият дорад. Зеро Тоҷикистон, ба гуфтаи ӯ, кишварест, ки сокинонаш бояд ҳама мушкилӣ ва сангиниҳоро пурсаброна таҳаммул кунанд ва барои ҳаққи худ талош наварзанд ва ё дар майдонҳо рехта, аз ҳукумат ислоҳи камбудиҳоро тақозо нанамоянд.

Ба қавли оқои Кабирӣ, сокинони Тоҷикистон ҳарчанд дар маҳофили одӣ ва хонаводаӣ аз сиёсати нокофии Эмомалӣ Раҳмон ва командаи ӯ дар ҳукумат ҳарф мезананд, аммо расман аз баёни дидгоҳҳои сиёсии худ ҳарос доранд. Шокирҷони Ҳаким, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва яке дигар аз ташаккулҳои сиёсии мухолифи ҳукумати Раҳмон дар тақвият ба гуфтаҳои оқои Кабирӣ меафзояд: «Воқеъан дар Тоҷикистон дар ибрози ақида, бахусус, ақидаи сиёсӣ маҳдудиятҳо мавчӯд аст. Ин, аввалан, натиҷаи ҷанги шаҳрвандист, баъдан, вақте ақидаи сиёсӣ гуфта мешавад, боъиси фишор овардан аз тарафи маъмурияти корхонаҳо ё мақомоти давлатӣ ва ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегардад».

Шокирҷони Ҳаким сарнавишти норӯшани Ҳасан Асадуллозода, раиси Ориёнбанк ва додарарӯси президент Раҳмонро низ як намунаи чунин тарс доштани мардум аз изҳори ақида медонад. Дар аввали моҳи май дар шабакаи Интернет хабарҳое нашр шуд, ки мегуфт Ҳасан Асадуллозода дар як муноқишаи хонаводагӣ аз суи Рустам Раҳмонов кушта ё захмӣ шудааст. Бо гузашти бештар аз як моҳ аз пайдо шудани ин овозаҳо ин мавзӯъ дар Тоҷикистон ҳамчунон як мавзӯъи он сӯйи «хатти қирмиз» боқӣ мемонад. Оқои Ҳаким мегӯяд, ҳамин тавр мардум аз сӯҳбат дар бораи аъзои хонаводаи раиси ҷумҳур ҳаддилимкон худдорӣ меҷӯянд.

Бар асоси назарсанҷии Бунёди Геллап, Тоҷикистону Арманистону Молдова ва Озарбойҷону Узбакистон, аз ҷумлаи кишварҳое эътироф шудаанд, ки баёни озоди андешаҳои сиёсӣ дар ин кишварҳо пайомади хубе надорад. Ва мардум аз тарс аз баёни дидгоҳҳои сиёсии худ худдорӣ мекунанд. Вазъ дар Белорусу Қазоқистон ва Русия низ ҳамчунон нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Аммо ба навиштаи Геллап, Қирғизистони ҳамсояи Тоҷикистон аз ҷумлаи он кишварҳои пасошӯравист, ки қисмати хеле ками сокинонаш аз баёни дидгоҳҳои сиёсии худ ҳарос доштаанд. Дар соли 2007 танҳо 33 дарсади пурсидашудагон дар Қирғизистон гуфтаанд, ки онҳо аз баёни афкори сиёсии худ ба ҳар ҳол худдорӣ меварзанд. Агарчи ин рақам дар соли 2006 ҳудудан 45 дарсадро ташкил медодааст. Назарсанҷии ахир бар пояи сӯҳбатҳои рӯбарӯ бо сокинони аз понздаҳсола болои кишварҳои пасошӯравӣ дар соли гузаштаи 2007 анҷом шудааст.
XS
SM
MD
LG