Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саркозӣ дар меҳмонии Путин


Russia -- Russian march. Ultra-nationalist activists rally in central Moscow, Road to the Kremlin blocked by Riot police, 04Nov2008
Russia -- Russian march. Ultra-nationalist activists rally in central Moscow, Road to the Kremlin blocked by Riot police, 04Nov2008

Изҳороти ҳафтаи гузаштаи Николя Саркозӣ роҷеъ ба ин ки Русия ҷаҳонро печидатар мекунад, дар равобити ӯву Владимир Путин таниши бештар эҷод кард.

Аммо дар ҷараёни сафари нахустини худ ба Русия ба унвони раисҷумҳурии Фаронса, чунин ба назар мерасид, ки Саркозӣ дар андешаи эҷоди равобити ҳасана бо ҳамтои русаш буд. Зимни оғози музокироташ дар Маскав, Николя Саркозӣ дар муроҷиат ба Владимир Путин аз мухотаби дӯстонаи "ту" кор бурд ва меҳмонии шоми дирӯзро "дӯстонаву илҳомбахш" арзёбӣ кард. Раҳбари Русия ҳам шоми сешанбе бештар талош дошт бо лаҳни оштиҷӯёна сӯҳбат кунад:

"Фаронса яке аз шарикони авлавиятноки мо дар Аврупову ҷаҳон буд, ҳаст ва умедворам, ки ҳамин тур мемонад. Таъкид мекунам, ки равобити мо муваффақиятомез инкишоф меёбад, тамоси миёни раҳбарияти кишварҳои мо ба таври муттасил идома дорад ва гардиши молу колои миёни кишварҳои мо дар ҳоли афзудан аст".

Саркозӣ боз ба мулоқоти донишҷӯёни донишгоҳи давлатии техникии Маскав рафт ва ба худ иҷоза дод, ки каме аз мавридҳои поймолшавии ҳуқуқи башар дар Русияи аҳди Путин танқид кунад. Вай гуфт, ки агар Русия як ҷомеаи демократиро бунёд кунад, ҷаҳон аз ӯ миннатдор хоҳад шуд.

Аслан миёни раҳбарони Фаронсаву Русия чанд ихтилофи назар мавҷуд аст, ки ба масоили байналмилалӣ робита мегирад, аз ҷумла, таъйини сарнавишти ояндаи вилояти ҷудоихоҳи Косово ва барномаи баҳсбарангези ҳастаии Эрон. Аммо Саркозӣ дар яке аз изҳороташ ишора кард, ки ин ду кишвар ба самти наздикшавӣ ҳаракат доранд.

Русия, тавре маълум, мухолифи шадиди ҷорисозии таҳримҳои шадидтари СММ нисбати барномаҳои ғанисозии ураниуми Эрон аст.Ғарб Ҷумҳурии Исломиро дар кӯшиши пинҳонии тавлиди аслиҳаи ҳастаӣ муттаҳам мекунад, ҳарчанд Эрон ин гуна иттиҳомотро ҳамеша рад карда барномаи атомиашро амну сулҳомез муаррифӣ кардааст.

Инчунин Русия мухолифи барномаҳои СММ аст, ки хоҳони бахшидани истиқлолияти таҳти сарпарастии ҷомеаи байналмилалӣ ба вилояти Косовои Сербистон аст. Ин баҳсҳо муддатҳост идома доранд, ва Аврупову Ғарбро дар ин масъала дуруст дар муқобили Русия қарор додааст.

XS
SM
MD
LG