Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 10 сарбози фаронсавӣ дар Афғонистон


Вазири дифоъи Фаронса Эрве Морэн ҳалокати 10 низомии ин кишвар дар Афғонистонро таъйид кард.

Вай гуфт, сарбозони фаронсавӣ аз ҳайати нерӯҳои байнулмилалии таҳти фармони НАТО дар як минтақаи воқеъ дар 50 километрии шарқи Кобул ба доми тақрибан сад тан аз толибони дар камин нишаста уфтоданд. Ӯ афзуд, ки “даргирии шадид чандин соат идома кард ва фақат шомгоҳ поён ёфт”.

Ба иттилоъи хабаргузориҳо, дар ин ҳодиса тақрибан 20 низомии дигар маҷрӯҳ шуданд. Николя Саркозӣ, раисиҷумҳури Фаронса, тасмим гирифт, ки ба зудӣ озими Афғонистон шавад. Гуфта мешавад, ки ин бузургтарин талафоти нерӯҳои байнулмилалии таҳти фармони НАТО дар Афғонистон дар тули як даргирист. Хабаргузории «France Press» менависад, ки ин гуна ҳодиса фақат як бор ва 25 сол пеш рух дода буд – он вақт дар як даргирӣ дар Бейрут 58 сарбози нерӯҳои зудамали Фаронса кушта шуданд.

Ба иттилоъи вазорати дифоъи Фаронса, шурӯъ аз соли 2002-юм дар Афғонистон 24 сарбози кишвар ба ҳалокат расидаанд. Таҳлигарон ҳадс мезананд, ки хабари ҳалокати даҳ низомӣ дар Афғонистон боиси хашму ғазаби сокинони Фаронса хоҳад шуд, ки аз се ду ҳиссаи онҳо ба ширкати низомиёни кишвар дар амалиёт дар Афғонистон мухолифанд. Бо вуҷуди ин Николя Саркозӣ исрор меварзад, ки нерӯҳои Фаронса бояд дар Афғонистон боқӣ монанд.

Бегаҳи дирӯз вазорати дифоъи Афғонистон низ дар бораи ҳамла ба низомиёни фаронсавӣ хабар дод ва афзуд, ки дар ин задухурд 13 тан аз мухолифини ҳукумат, аз ҷумла, як шаҳрванди Покистон кушта шуданд. Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки бо вуҷуди кор гирифтан аз чораҳои шадиди амниятӣ, шаби сешанбе Кобул мавриди мушакборон қарор гирифт. Ду мушак дар наздикиҳои ситоди Эътилофи нерӯҳои байнулмилалии таҳти фармони НАТО инфиҷор шуд. Ҳамчунин, ба иттилоъи намояндагони эътилоф дар вилояти Хуст, дар як ҳамла ба пойгоҳи НАТО шаш маргталаб кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG