Пайвандҳои дастрасӣ

Мушкили ғизо дар Тоҷикистон


Шакароб аз маъмултарин таоми махсусан донишҷӯён будааст

Шакароб аз маъмултарин таоми махсусан донишҷӯён будааст

Мақомоти Тоҷикистон дар Рӯзи ҷаҳонии озуқа ё ғизо ҳеҷ барномаи хосе доир накарданд , дар ҳоле ки 52 %-и атфоли аз 6-моҳа то 5-солаи кишвар аз камбуди ғизо ранҷ мебаранд.

Тоҷикистон аз шумори камтарин кишварҳое будааст, ки то ҳанӯз сабади ҳадди ақалли истеъмоли ғизоро таъин накардааст. Ва аммо сабади истеъмолӣ дар Тоҷикистон, тибқи арзёбиҳои муқаддамотӣ, баробар ба чизе бештар аз 120 сомонӣ будааст. Ин дар ҳолест, ки маоши ҳадди ақалл 20 сомонӣ ва ҳақмузди миёна дар ин кишвар наздики 30 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Ҳотамбек Хайров, раиси Маркази марбут ба масоили ғизои Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, бар асоси як таҳқиқоти ин марказ, дар таркиби хӯроке, ки сокинони кишвар ҳамарӯза бояд тановул кунанд, миқдори зиёди витамину ғизоҳо намерасад ва ин боиси афзоиши бемориҳо шудааст:

«Натиҷаи ҳамин таҳқиқоти илмӣ нишон дод, ки як қатор камбудиҳо дар хӯроки аҳолии Тоҷикистон мушоҳида мешавад, ба монанди кам истеъмол намудани сафедаи манбааш ҳайвонот, нисбат ба меъёрҳои тавсияшуда кам тановул кардани витамину моддаҳои минералӣ, мисли витаминҳои А, В2, кислотаи болат, оҳан, йод ва ғайра. Албатта, сохтори хӯрок ки вайрон шуд, бемориҳои вобаста ба ғизо мисли ҷоғар, камхунӣ, норасонии витаминҳо ва ҳоказо хуруҷ мекунанд».

Аз сокинони Душанбе суол кардем, ки оё дар воқеъ камбуди ғизоро дар таркиби хӯроки ҳаррӯзаашон эҳсос мекунанд?

«…Барои инсон ҳамарӯза хӯрдани гӯшту сабзиҷот, равған, ширинӣ, масолеҳи ширӣ бас муҳим аст. Аммо ҳоло ки мардум аз камбуди молӣ азият мекашанд, ба худ харидории ҳамаи ин ғизоро раво намебинанд. Танҳо орд мехаранд, ки қимати он ҳам ахиран ба таври бесобиқа боло рафтааст. Масалан, барои хонаводаи мо, агар аслан гӯшт нахарем, барои як рӯз ба маблағи 25-30 сомонӣ хӯрока харидан лозим. Аммо маоши манн танҳо 180 сомониро ташҳкил медиҳад…»

«…Шароит вазнин аст, барои оилаи мо, ки аз 6 нафар иборат аст, агар хеле сарфакорӣ кунем, ҳудудан 100 сомонӣ барои як ҳафта лозим аст, то муҳимтарин ғизоҳоро харидорӣ кунем…»

Ин ҳама дар ҳолест, ки афзоиши қимати орд дар соли равон ба сабади истеъмолии мардум таъсири манфӣ расонидааст. Сокинони кишвар барои харидории орд бахши аъзами маблағашонро масраф намуда, барои хариди дигар анвоъи хӯрока пул намеёбанд, зеро тақрибан нисфи аҳолии Тоҷикистон дар ҳоли фақру нодории шадид ба сар мебаранд. Ва ин ҳама дар ҳолест, ки дар баробари афзоиши қимати орду гандум, ҳақмузди сокинон ба ҳадди як дар сад ҳам афзун нашудааст.

Гузашта аз ин, бо сипарӣ шудани беш аз 16 сол аз касби истиқлоли давлатӣ, дар Тоҷикистон қонуни сабади истеъмолӣ, қонуни маоши ҳадди ақал ва қонуни ҳадди ақалли зиндагӣ ба тасвиб нарасидааст. Мақомот мегӯянд, ахиран лоиҳаи қонун дар бораи сабади истеъмолиро таҳия кардаанд, аммо барои қабул ва тадбиқи он дар ҳоли ҳозир имконоти молии давлат андаке маҳдуд будааст.

XS
SM
MD
LG