Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як кило гӯшт барои 12 нафар дар 5 рӯз


Дар рӯзҳои таҷлили Иди фитр сокини шаҳри Душанбе хонум Сурайёи 32-сола ба аёдати модараш омадааст ва дар сари дастархон шикоят дорад, ки сӣ ва ҳатто чил дар сад болоравии нархи орду дигар анвои ғизо дастархони рӯзмарраи ин оилаи бо ченакҳои Тоҷикистон миёнаҳолро ба қадри кофӣ қашшоқ намудааст. Ӯ гуфт:

"Орд, ки арзон буд, аз он ҳар чиз омода мекардем: ордбирён, қурутоб, отала, самбӯса мепухтем. Ҳоло як килограмм орди ду сомониву даҳ дирам ва орди оддӣ ба ду сомонӣ баробар шудааст."

Ба сӯҳбати мо модари Сурайё ҳамроҳ мешавад:

" Мо дувоздаҳ нафар ҳастем. Як кило гӯштро сарфа карда, панҷ рӯз истеъмол мекунем. Ҳамин қадаре, ки намурем. Албатта ҳар кас мехоҳад, ки ҳар чиз хӯрад. Масалан, ман бемор ҳастам. Бояд ғизои сервитамин истеъмол намоям. Лекин пул, ки нест, тоқат мекунем. Масалан, манту пазем, моҳӣ бирён кунем, ба ҳама намерасад. Мо шаст-ҳафтод сомонӣ надорем, ки барои як рӯз серӣ моҳӣ харем. Бо ин роҳ якрӯза маошамонро дар як рӯз барои хариди моҳӣ масраф мекунем."

Созмони ҷаҳонии ғизову кишоварзии СММ (FAO) бо такя ба пажӯҳишҳои созмонҳои байналмилалӣ менависад, даромади рӯзонаи тақрибан аз 3/2 ҳиссаи аҳолии Тоҷикистон ба 2,15 доллари ИМА мусовӣ мебошад. Аз 4/3 ҳиссаи аҳолии ин ҷумҳурӣ дар деҳот ба сар мебарад. Мардуми камбизоати Тоҷикистон наздик ба ҳаштод дар сади даромадашонро барои таъмини ғизо масраф мекунанд.

Созмони ғизову кишоварзии СММ менависад, бар пояи таҳқиқоти соли 2004 даҳ дар сади аҳолии деҳоти Тоҷикистон ба таври доимӣ аз камбуди ғизо танқисӣ мекашанд. Амнияти ғизоии ҳабдаҳ дар сади аҳолӣ мавриди нигаронӣ мебошад.

Дар як сӯҳбати телефонӣ бо шаҳри Рим аз Азиз Ориё - мутахассиси Осиёи Марказӣ дар Созмони ғизо ва кишоварзии СММ хоҳиш кардам, ки дурнамои вазъи ғизои Тоҷикистонро арзёбӣ кунад. Ӯ гуфт:

"Бадбахтона, то ҳанӯз Тоҷикистон маҷбур аст, ниёзмандиҳои ғизоиашро то як андоза аз ҳисоби воридот такмил намояд. Дар ин ҳол, Тоҷикистон бояд аз соҳаҳои дигар даромаде ба даст орад, ки хароҷоти воридотро бароварда созад."

Аз ҷаноби Ориё суол кардам, ки имсол дар Тоҷикистон нархи орду гандум фавқулода баланд шудааст. Оё вазъият дар дигар ҷамоҳири Осиёи Марказӣ ва умуман, дар ҷаҳон чӣ гуна аст? Ӯ посух дод:

"Қимати гандум ҷуворӣ ва ҷаву биринҷ дар тамоми ҷаҳон тақрибан бист-бисту панҷ дар сад баланд шудааст. Мутаассифона, дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ ба монанди Тоҷикистон таъсири ин болоравии нарх баръало эҳсос мешавад."

Дар таърихи 16 октябр аҳли олам 27-умин солгарди "Рӯзи ҷаҳонии ғизо" ва 62-умин солгарди поягузории Созмони ғизо ва кишоварзии (FAO) СММ-ро ҷашн гирифт.

Бахшида ба ин рӯйдод дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк, дар қароргоҳи Созмони ғизову кишоварзӣ дар шаҳри Рим ва 150 кишвари олам чорабиниҳои хос барпо шуд. Шиори имсолаи Рӯзи ҷаҳонии ғизо ба нишони эътирофи ҳар чӣ бештари нақши ҳуқуқи башар дар решакансозии камбағалӣ "ҳаққи ғизо" будааст.

Соли 1948 вақте Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ба тасвиб расид, дар он озуқа ҳамчун ҳаққи башарии инсон тавсиф шуда буд. Сипас дар соли 1966 озуқа ва ё ғизо дар моддаи 11 ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ зикр гардид.

Тоҷикистон, ки ин санадро дар соли 1999 имзо кардааст, кишвари камдаромад ва мувоҷеҳ бо камбуди ғизо арзёбӣ мешавад. Ба қавли Созмони ғизову кишоварзӣ, дар давоми се соли гузашта вазъияти Тоҷикистон зиёд тағйир наёфтааст.

Ҳамроҳ бо ҳукумати Тоҷикистон Созмони ғизову кишвоварзии СММ ба маблағи 13 миллион доллар ва барномаи озуқаи СММ (WFP) ба маблағи 23 миллион доллар барномаҳои таъмини ғизо, эҳёи чорвопарварӣ, беҳдошти ҳайвоноти хонагӣ, ҷилавгирӣ аз зукоми мурғ, ислоҳоти замин, таъмини об ва ғайраро мавриди иҷро қарор додаанд.

XS
SM
MD
LG